Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шавкат Мирзиёев аз гуфтугӯ бо Толибон ҳимоят кард


Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон
Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон дар ҷаласаи роҳбарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой бори дигар аз гуфтугӯ бо гуруҳи Толибон ҳимоят кард ва хостори дидори роҳбарони созмон бо соҳибони нави қудрат дар Афғонистон шуд.

Гуруҳи Толибон як моҳ аст, ки ба ҷуз Панҷшер дигар хоки Афғонистонро зери даст доранд.

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон аз “воқеияти ҷадид” ва омадани қудрати нав дар Афғонистон суҳбат кард. Ӯ гуфт, миёни кишварҳои узви СҲШ дар масъалаи гуфтугӯ бо роҳбарони ҷадиди кишварҳо бояд тавофуқе эҷод шавад.

Мирзиёев ба он таъкид кард, ки бояд ҳаққи бонувон ва ақаллиятҳои миллӣ дар Афғонистон риоя шуда, дар масъалаи коҳиши муҳоҷират “бо онҳо ҳамкорӣ кунем.”

Раиси ҷумҳури Узбекистон дар бораи пулҳои блокшудаи Афғонистон дар кишварҳои дигар ёдоварӣ кард. Шавкат Мирзиёев гуфт, кишвараш омода аст, ки дидори сатҳи баланд дар сатҳи Шонгҳой-Афғонистонро дар шаҳри Тошканд мизбонӣ кунад.

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки бархе аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой аз ҷумла Тоҷикистон мухолифи сарсахти Толибон ҳастанд.

Узбекистон аз ҷумлаи аввалин кишварҳое аст, ки аз ҳукумати "Толибон" истиқбол кардааст. Пештар Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон аз ташкили ҳукумати муваққати "Толибон" дар Афғонистон истиқбол карда буд. Ҳукумате, ки гуруҳи "Толибон" онро ҳамашумул, аммо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ғайриқонунӣ медонад.

XS
SM
MD
LG