Туркманистон ба гузаштани вагонҳои Тоҷикистон иҷоза дод, аммо роҳи мошинҳоро пурра накушод

Туркманистон. Акс аз бойгонӣ

Туркманистон баъди чаҳор соли мамониат дар оғози моҳи сентябр ба гузаштани вагонҳои борбари Тоҷикистон аз қаламрави ин кишвар иҷоза дода, аммо роҳро ба рӯйи мошинҳо пурра накушодааст.

Чанде аз тоҷирони тоҷик гуфтанд, ки маҳсулоти харидаи онҳо аз Эрон аз хоки Туркманистон гузашта, дар роҳ ба Тоҷикистон аст.

Фаррух Неъматзода, намояндаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи даҳуми сентябр боз шудани роҳи вагонҳоро тасдиқ кард.

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва тенологияҳои нави Тоҷикистон, гуфт, "ба ҳама навъ бору колое, ки аз Тоҷикистон тавассути Туркманистон ба берун бурда мешавад ё аз хориҷ оварда мешавад, чиҳил дарсад сабукӣ дода шудааст."

Ишқобод (Ашхобод) аз соли 2017 ба ин тараф бе ҳеч шарҳ монеи гузаштани мошинҳои борбар ва вагонҳои Тоҷикистон аз қаламраваш мешуд. Дар ин муддат сабаби сардии рафтори ҷониби Ишқобод ошкор нагашт.

Ҳаракати вагонҳои боркаши Тоҷикистон дар чаҳор соли гузашта аз роҳи Озарбойҷон ва, ба гуфтаи тоҷирони тоҷик, "бо сарфу харҷи зиёд" анҷом меёфт.

Муборакшо Холинов, раиси ширкати "Суперпласт Плюс", рӯзи 10-уми сентябр гуфт, беш аз 60 тонна маводи пластикӣ (политэтиленӣ)-и харидаи ӯ дар вагонҳо дар роҳ ба Тоҷикистон аст. "Кашондани бор тариқи Туркманистон то 2000 доллар камтар мешавад ва ҳатман ба нарх дар бозорҳои дохилӣ таъсир мегузорад", -- бовар дорад ӯ.

Вале чаро роҳ ба мошинҳои борбар боз нашудааст? Як мансабдори тоҷик бе зикри ном гуфт, "ин тасмим ба пандемияи коронавирус вобаста аст. Натанҳо ба Тоҷикистон, балки ба кишварҳои дигар низ дахл дорад."

Тоҷикистону Туркманистон, ду кишвари Осиёи Марказӣ, дар моҳи октябри соли 2017 шарики стратегӣ шуданд, аммо чанд моҳ нагузашта дар равобиташон сардӣ эҳсос шуд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Туркманбошӣ", роҳ ва нафт. Тоҷикистону Туркманистон ба "ҷанги ниҳонӣ" хотима доданд?

Мақомоти Тоҷикистон чанд дафъа гуфтанд, ки барои фаҳмидани асли қазия ба Ишқобод нома фиристоданд, вале ҷавобе нагирифтанд. Ин мушкил пас аз мулоқоти раҳбарони ду кишвар дар моҳи августи имсол дар Туркманистон “ҳал шуд”, вале маълум нашуд, ки мушкил чӣ буд ва чӣ гуна ҳалли худро ёфт.

Вале равобити Тоҷикистону Туркманистон на ҳамеша дучори мушкил будааст. Туркманистон дар солҳои 90-ум аз аввалин кишварҳое будааст, ки барои садҳо ҳазор фирории ҷанги шаҳрвандӣ паноҳгоҳ ва шароити кору зиндагӣ фароҳам овардааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Туркманбошӣ", роҳ ва нафт. Тоҷикистону Туркманистон ба "ҷанги ниҳонӣ" хотима доданд?Тоҷикистону Туркманистон 19 санади нави ҳамкорӣ имзо кардандТуркманистон 10 ронандаи тоҷикро ҷарима баст ва ихроҷ кардБеш аз 100 вагон бори Тоҷикистон дар Туркманистон дармондааст