Мақомоти Тоҷикистону Туркманистон 19 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла дар мавриди интиқоли маҳсулоти нафтӣ ва гази моеи карбогидридӣ, имзо карданд.
Маросим 4-уми август дар маркази Туркманистон, пас аз мулоқоти раҳбарони ду кишвар сурат гирифт. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сафари расмӣ дар Ишқобод аст.
Тоҷикистону Туркманистон дар бораи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар солҳои 2021-2023; дар бахши нақлиёти роҳи оҳан; ҳамлу нақл, интиқоли мол ва мусофирон низ созишнома қабул карданд.
Ҷузъиёти санадҳо дастрас нест, аммо мавзӯи интиқоли маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ дар ин шабу рӯз барои Тоҷикистон муҳим дониста мешавад. Туркманистон кишвари саршор аз нафту газ аст. Тоҷикистон ин маҳсулотро аз хориҷа меорад ва моҳҳои охир нархи он дар дохил башиддат боло рафта, боис ба норозигии сокинон шудааст.
Санадҳои дигар аз ёддошту ҳамкории байни ниҳодҳо ва минтақаҳои ду кишвар иборат аст.
Тоҷикистону Туркманистон ба камияш се сол боз муносибати хуб надоранд. Равобити ду кишвар пас аз он ба мушкил печид, ки мақомоти Туркманистон соли 2018 ба мошинҳои Тоҷикистон иҷоза надоданд, аз қаламрави Эрон вориди ин кишвар шаванд. Мошинҳо аз Туркияву Эрон молу маҳсулот меоварданд.
Баъди баста шудани роҳи Туркманистон, мақомоти Тоҷикистон аз ронандагон хостанд, тавассути Озарбойҷон ба самти Тоҷикистон ҳаракат кунанд. Вале ронандаҳо мегӯянд, ҳангоми убур аз Озарбойҷон роҳи онҳо дароз ва харҷашон бештар мешавад.
Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯйи президент, рӯзи 4-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи кушодани роҳи Туркманистон барои мошинҳои Тоҷикистон баррасӣ шуд. "Инчунин, президентҳои ду кишвар истифода аз бандари байналмилалии "Туркманбошӣ"-ро ба манфиати ҷонибҳо донистанд", -- афзуд ӯ.
Равобити Тоҷикистону Туркманистон на ҳамеша чунин сарду то ҷое дучори мушкил будааст. Солҳои 90-ум Туркманистон аз аввалин кишварҳое будааст, ки барои садҳо ҳазор фирории ҷанги шаҳрвандӣ паноҳгоҳ ва шароити кору зиндагӣ фароҳам овардааст.