"Орзу доштем, ки дар ватани худ зиндагӣ ва ба кишвари худ хидмат кунем, аммо ба тарки он маҷбур шудем..." Ин суханони Фаришта Ҳусейнӣ, варзишгари афғонистонӣ ва фаъоли ҳуқуқи занон, аст, ки пеш аз он ки пойи "Толибон" ба Кобул бирасад, аз тарси таъқибу саркӯб худро ба Тоҷикистон расонд.
Ӯ танҳо нест. Аз моҳи июл ба ин сӯ, дар пайи фаъолшавӣ ва ишғолгариҳои ҷангҷӯёни “Толибон”, садҳо шаҳрванди Афғонистон ба кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, рӯй оварданд. Душанбеи расмӣ шумори умумии паноҳҷӯёни афғонро дар кишвар ошкор намекунад, аммо мақомоти вилояти Бадахшон 7-уми июл гуфта буданд, ки беш аз ҳазор афғонистонӣ дар он минтақа паноҳанда шудаанд. Дар бораи ақибнишинии низомиён низ гузориш шуда буд, вале мақомот гуфтанд, онҳоро ба Кобул пас фиристоданд.
Дар бораи он ки баъд аз ишғоли Кобул аз тарафи “Толибон” чӣ қадар паноҳҷӯи афғон ба Тоҷикистон омадаанд, иттилои кофӣ дар даст нест. Пештар манобеи Радиои Озодӣ фақат дар бораи омадани 143 нафар (шаби 15-уми август) хабар дода буданд.
“Ба Толибон фаҳмонанд, ки...”
Фаришта Ҳусейнии 27-сола қаҳрамони Афғонистон дар риштаи таэквандо аст. Ба гуфти худаш, пас аз таҳдид ва сӯиқасд маҷбур шуд, ҳамроҳ бо модараш ба Тоҷикистон фирор кунад.
“Падарам дар давраи “Толибон” шаҳид шуданд. Як бародарамро ҳам куштанд. Ҳоло ҳам, ки бо дӯстон суҳбат мекунем, вазъият дар Афғонистон хароб аст. Он тарсе, ки 20 сол пеш аз Толибон буд, ҳоло ҳам ҳаст”, -- нақл кард ӯ рӯзи 24-уми август дар Душанбе.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Фаришта мегӯяд, замоне аз Кобул баромаданд, ки ҷангҷӯёни “Толибон” минтақаҳои гуногуни Афғонистонро тасарруф карда, босуръат ба пойтахт наздик мешуданд.
Ӯ афзуд: "Муборизаи мо давоми ин солҳо барои он буд, ки дар як ҷомеаи мардсолор ҳуқуқи занонро чӣ хел ҳимоя кунем. Аз онҳое, ки дар дохили Афғонистон ҳастанд, хоҳиш дорам, ба “Толибон” фаҳмонанд, ки хонумҳо бештар аз ними пайкари ҷомеаро ташкил медиҳанд ва онҳо ҳам дастовардҳо доранд.”
Ин варзишгар ягона шаҳрванди Афғонистон нест, ки дар моҳҳои охир дар Тоҷикистон паноҳанда шудааст. Савсан Азизӣ, хатмкардаи риштаи ҳуқуқи донишгоҳи Кобул, низ якуним моҳ пеш Афғонистонро тарк кард. Мегӯяд, аз ӯ талаб кардаанд, маҷбуран ҳамсарии як нафарро қабул кунад, аммо напазируфту “дардисар” харид.
“Бароям мушкилӣ пеш оварданд. Маҷбур ҳамроҳ бо хонавода аз Афғонистон баромадем”, -- қисса кард ӯ.
Савсан Азизӣ 30-сола аст ва ҳанӯз издивоҷ накардааст. Аз он таассуф мехӯрад, ки натавонист дониши андӯхтаашро барои ҳифзи ҳуқуқи занон дар Афғонистон истифода барад.
"Чӣ гуна бовар кунем?”
Ояндаи Фаришта ва Савсан ба мисли сарнавишти ҳазорҳо шаҳрванди Афғонистон норӯшан аст. Дар Тоҷикистон шароити мондан надоранд ва рафтан ба кишвари сеюм ҳам осон нест. Роҳи бозгашт ба хона ҳамвор наменамояд.
“Толибон” ваъда додаанд, ки дар чаҳорчӯби шариати Ислом ба занон ҳаққи кору озодӣ медиҳанд, вале Фаришта ва Савсан мегӯянд, бо таҷрибае, ки ин гурӯҳ дар гузашта дошт, ба ваъдаи намояндагонаш бовар надоранд.
“Дар ин 20 сол куштор, таркиш, интиҳор аз тарафи толиб буд, чӣ хел ба онҳо эътимод кунем? Ҳозир “Толибон” ваъда медиҳанд, ки мо бо мардуми мулкӣ ғараз надорем, вале дар баъзе манотиқ афроди мулкиро шиканҷа мекунанд, хусусан дар мавриди занҳо”, -- мегӯяд Савсан Азизӣ.
“Гуфтанд, ки оромӣ аст, бармегардам”
Мақомоти Тоҷикистон нагуфтаанд, ки дар моҳҳои охир дар маҷмуъ чанд нафар аз Афғонистон ба Тоҷикистон гуреза шуданд. Вале ин шабу рӯз Дафтари ҷомеаи паноҳандагони афғон – “Ориёно” – дар шаҳри Душанбе серодам аст. Масъулони ҷамъият гуфтанд, шаҳрвандони Афғонистон барои таҳияи санадҳо ва дарёфти ёрӣ ба онҳо муроҷиат мекунанд.
Бисёре аз мусоҳибони мо дар Дафтари ҷомеаи паноҳандагони афғон гуфтанд, дар шароити ҳозира намехоҳанд, ба ватан баргарданд. Бахусус занону духтарон, ки ба гуфтаашон бозгашт ба ватан метавонад, ояндаи онҳоро барбод диҳад.
Вале ҳастанд шахсоне, ки нияти бозгашт ба Афғонистонро доранд. Яке аз онҳо Абдураҳмон, сокини шаҳри Кобул аст. Ӯ пизишк аст ва ду рӯз пеш аз вуруди “Толибон” ба пойтахти Афғонистон ба Душанбе омадааст. Нахост, видеоӣ бо мо суҳбат кунад, вале аз суханонаш маълум буд, ки ба хотири ҳамсар ва фарзандонаш маҷбур аст, ба Афғонистон баргардад.
“Пештар агар равуо мекардем, мушкилоти роҳ, ноамнӣ ё дуздиҳо буд. Дар ҳоли ҳозир он маълумоте, ки гирифтем он мушкилот пурра бартараф шудааст. Дӯстоне, ки рӯзҳои қабл Афғонистон рафтанд, мегӯянд, кадом мушкил ё монеагузорӣ аз тарафи “Толибон” ё каси дигар дар роҳ вуҷуд надоштааст. Бо амнияти комил тавонистанд, ки бираванд”, -- гуфт ӯ.
Паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон аз роҳбарияти собиқи кишварашон интиқод мекунанд, ки натавонистанд бо силоҳҳои замонавӣ ва артиши касбӣ пеши роҳи “Толибон”-ро бигиранд. Хатое, ки ба гуфтаи Фаришта Ҳусейнӣ “сарнавишти Афғонистон, ӯ ва садҳо духтари афғонро ба норӯшанӣ рӯбарӯ кард.”
Ба иттилои Дафтари ҷомеаи паноҳандагони афғон – “Ориёно” – дар умум дар Тоҷикистон бештар аз 6 ҳазор афғонистонӣ ба сар мебаранд.