Афви Байнулмилал (Amnesty International) гуфт, дар ҳодисаҳои моҳе пеш ҷангҷӯёни "Толибон" даст ба "қатли ом" ва шиканҷаи аксар аъзои ҷомеаи ҳазораҳои Афғонистон (аксараш пайравони мазҳаби шиа) задаанд. Ин амал, ба бовари масъулони созмон, "нишонаи даҳшатбор"-и тарзи ҳукмронии ин гурӯҳи ҷангии суннимазҳаб мебошад.
Гузориши Афви Байнулмилал рӯзи 19-уми август нашр шуд. Дар он гуфта мешавад, рӯзҳои 4-6-уми июли имсол дар ноҳияи Молистони вилояти Ғазнӣ нӯҳ марди ҳазора ба қатл расонда шуданд.
Ин созмон, ки қароргоҳаш дар Лондон аст, ба нақл аз сокинон навиштааст: "Дар пайи задухӯрди нирӯҳои ҳукуматӣ ва "Толибон" бошандагони деҳаи Мундарахт маҷбур шуданд, ба кӯҳҳо паноҳ баранд. Вақте баъзе аз онҳо барои гирифтани захираҳои хӯрок ба деҳа баргаштанд, "Толибон" хонаҳои онҳоро ғорат карда, мунтазири баргашташон буданд. Гурӯҳи ҷудогонаи мардон, ки аз деҳаи Мундарахт гузашта, ба маҳаллаи дигари ҳамсоя мерафтанд, ҳамчунин мавриди ҳамлаи Толибон қарор гирифтанд."
Сокинони Мундарахт гуфтаанд, дар умум шаш мард, бархе ба сарашон тир хӯрда, кушта шуданд. Се нафари дигарро то мурдан шиканҷа кардаанд. "Яке аз онҳоро бо банди гарданаш буғӣ карда, мушакҳои дасташро буриданд", -- омадааст дар гузориш.
Amnesty International менависад, акси куштори сокинони русторо ҳамчун далели ин гуфтаҳо дар ихтиёр дорад.
"Толибон" аз замони ишғоли шаҳри Кобул дар таърихи 15-уми август вонамуд мекунанд, ки оромиву суботро риоя мекунанд, аммо Агнес Калламард, дабири кулли созмони Афви Байнулмилал мегӯяд, "кушторҳои бераҳмонаву хунсардонаи мазкур аз гузаштаҳои "Толибон" ёдоварӣ мекунад ва нишонаи ваҳшониятҳои ҳукумати онҳо аст, ки дар пеш аст."
Ӯ афзуд, "кушторҳои ҳадафмандонаи мазкур далели ин аст, ки ақаллиятҳои қавмиву динӣ дар аҳди "Толибон" дар Афғонистон зери хатари фавқулода қарор хоҳанд дошт."
Ҳазораҳои Афғонистон сеюмин ҷамъияти калонтарини қавмӣ ба шумор мераванд. Ҳазораҳо аксар шиамазҳабанд ва дар Афғонистоне, ки бисёре аз сокинонаш суннӣ ҳастанд, давоми муддати зиёд бо табъйизу таъқиб рӯбарӯ шудаанд.
Amnesty International мегӯяд, бо эҳтимоли зиёд ин куштор танҳо як бахши хурди бераҳмиҳост, ки дар борааш огаҳӣ ёфтаанд, чун, ба навиштаи ҳомиёни ҳуқуқ, "Толибон" дар манотиқе, ки ишғол кардаанд, Интернет ва шабакаҳои телефони мобилро қатъ мекунанд ва имкони фиристодани аксу видеоҳо аз маҳалҳои зери назари онҳо вуҷуд надорад.
Калламард аз Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал хост, ки "барои таҳқиқи ин санад як механизми коромаде ба роҳ монанд, далелҳои ҷиноятҳои ҷориву нақзи ҳуқуқи инсон дар Афғонистонро ҷамъоварӣ кунанд."
Толибон бори аввал соли 1996 дар Афғонистон сари қудрат омада, то соли 2001, замони сарнагун шудан аз ҷониби нирӯҳои байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико, даст ба ваҳшонияту бераҳмиҳои зиёд, аз ҷумла, беҳуқуқ кардани занону ақаллиятҳои милливу динӣ задаанд.
Онҳо пас аз ишғоли Кобул рӯзи 15-уми август ваъда доданд, ки нисбат ба шахсоне, ки бо ҳукумати пешини Афғонистон ё нирӯҳои хориҷӣ ҳамкорӣ кардаанд, ҳеч кори баде намекунанд. Ҳамчунин озодии занону расонаҳоро дар чаҳорчӯби шариат ваъда доданд. Вале санадҳои Созмони Милали Муттаҳид баёнгари ҳолати дигар аст. Ба иттилои СММ, ҷангҷӯёни Толибон хона ба хона дар ҷустуҷӯи шахсоне мегарданд, ки бо нирӯҳои Амрико ё НАТО ҳамкорӣ кардаанд. Ҳоло ин афрод ва аъзои оилаи онҳо бо хатари шиканҷаву қатл рӯбарӯ ҳастанд.