Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Онҳо наметавонанд, дар як рӯз ба давлати мутамаддин табдил ёбанд"


Ҷангҷӯйи "Толибон" дар назди имоми масҷиде дар Кобул. 20-уми августи 2021
Ҷангҷӯйи "Толибон" дар назди имоми масҷиде дар Кобул. 20-уми августи 2021

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ он чиро, ки ҳафтаҳои охир дар Афғонистон мегузарад, бодиққат назорат доранд ва аз пайомаду таъсири эҳтимолии он дар оянда нигаронанд.

Мақомоти баъзе аз ин кишварҳо, ба монанди Узбекистон, дар бораи вазъи ҳозираи Афғонистон мавқеи худро гуфтанд. Раҳбарияти Тоҷикистон ба таври расмӣ нуқтаи назари худро ошкор накарда, танҳо дар суҳбатҳои ҷудогона бо ҳамкорони хориҷӣ вазъи кишвари ҳамсояро баррасӣ кардааст.

Гуруҳи "Толибон", ки фаъолияташ дар аксар кишварҳо мамнуъст, як ҳафта пеш назорат бар Афғонистонро (ба ҷуз аз вилояти Панҷшер) ба даст гирифт. Дигаргунӣ дар Афғонистон то куҷо метавонад, ба вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ таъсир расонад ва чӣ гуна?

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

ПАРВИЗ МУЛЛОҶОНОВ, сиёсатшиноси тоҷик: "Бо вуҷуди он ки байни мо сарҳад вуҷуд дорад, он чи дар Афғонистон рух медиҳад, дар умум ба вазъи минтақа бетаъсир намемонад. Гузашта аз ин, дар Афғонистон рӯйдодҳои ҷиддӣ ва миқёсан калон иттифоқ меуфтанд. Аз ҷумла, ба сари қудрат омадани бунёдгароён. Аммо, фикр мекунам, як муддат таъсири миёна хоҳад дошт. Яъне, дар бораи ягон зуҳуроти густарда дар сарҳад ва талошҳои баъзе воҳидҳои бузург барои гузаштан аз марз сухан намегӯем. Имрӯз чунин хатар вуҷуд надорад. Далели он ки чанд ҳазор намояндаи мусаллаҳи созмонҳои ифротӣ ва "муҳоҷирон" аз Осиёи Марказӣ дар Афғонистон ҳастанд, аллакай барои тамоми минтақа, аз ҷумла барои кишвари мо, як далели манфӣ аст."

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ: Яъне таҳдид вуҷуд дорад, ки онҳо метавонанд ба кишварҳояшон баргарданд?

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик: "Бовар дорам, ки таҳдиди эҷоди платформа (барномаи кор) ва пойгоҳҳои омӯзишӣ вуҷуд дорад. Дар маҷмуъ, онҳо метавонанд ҳузури худро дар Афғонистон, бахусус дар шимоли он кишвар, нишон диҳанд. Аз он ҷо метавонанд, ҷанги гибридӣ пеш баранд. Масалан, таблиғоти онлайн, омода кардани ҳама гуна гурӯҳҳо, лагерҳои омӯзишӣ, ҷалб кардан тавассути Интернет, пешрафти эҳтимолии баъзе аз гурӯҳҳои хурд дар сарҳад. Ин маҷмӯи амалҳои вайронгарона аст, ки метавонанд, дар дарозмуддат анҷом шаванд. Албатта, аз ин нуқтаи назар барои Осиёи Марказӣ бехатар нест."

Эмил Ҷӯраев
Эмил Ҷӯраев

ЭМИЛ ҶӮРАЕВ, сиёсатшинос аз Қирғизистон: "Тасаввур кардан хеле душвор аст, ки он чи дар Афғонистон рӯй медиҳад, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ягон пайомад ё таъсире надошта бошад. Дар хатти аввали таъсир Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон ҳастанд, ки бо ин кишвар сарҳад доранд. Мушкил бо сарҳад маҳдуд намешавад. Дар ин ҷо як дилемма вуҷуд дорад. “Толибон” ин кишварро зери назорат гирифтанд ва усулҳову ваъдаҳои худро дар як нишасти матбуотии сенсатсионӣ эълон карданд. Инро ҳама шунид. Дар он ваъдаҳои муайяне буданд, ки касеро таъқиб намекунанд ва бо гурӯҳҳои гуногун корро пеш мебаранд. Аммо зоҳиран барои он аст, ки ҳарчи зуд эътирофи ҷомеаи ҷаҳониро ба даст биоранд. Дар айни замон, дар худи Афғонистон шахсони зиёде ҳастанд, ки ба ин гуна изҳорот кам бовар доранд. Онҳо хуб медонанд, ки “Толибон” дар 20 сол тарконданд ва куштанд. Яъне, наметавонанд дар як рӯз ба як давлати мутамаддин табдил ёбанд.

Қисме аз ҷомеа дар Афғонистон зиддият хоҳад кард, мубориза хоҳанд бурд. Ин тасмими ҷомеаи ҷаҳониро барои эътирофи ҳокимияти “Толибон” душвортар мегардонад. Дар он сурат ин хиёнат ба шахсоне дар Афғонистон хоҳад буд, ки майл ба демократия доранд ва мехоҳанд, дар кишваре бо қонунҳои муосир зиндагӣ кунанд. Агар ин кор кашол ёбад, барои “Толибон” ба даст овардани эътирофи байналмилалӣ ва барқарор кардани қудрат душвор мешавад. Агар муборизаҳои хурд идома ёбанд, ба гурӯҳу нерӯҳои дигар барои пеш бурдани фаъолият имкони бештаре фароҳам хоҳад шуд."

XS
SM
MD
LG