Ин посухи Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико, ба пурсиши хабарнигорон буд. Аммо артиши Афғонистон дар чанд соат, бидуни ҷанг, ба Толибон таслим шуд. Кишвар дар чанд ҳафта ба дасти ин гурӯҳ гузашт. Маълум шуд, ки бидуни пуштибонии низомиёни НАТО, алорағми интизориҳои президент Байден, артиши миллии Афғонистон ҳозир нест, дар ҷанг бо Толибон истодагарӣ кунад.
Харҷи 88 миллиард доллар ва сарбозоне, ки дар асл набуданд
Нашрияи “Guardian” менависад, генералҳои амрикоӣ доим омодагии ҷангии артиши Афғонистонро аз будаш боло нишон медоданд. Амрико дар 20 соли гузашта барои ислоҳот ва рушди ниҳодҳои низомии Афғонистон 88 миллиард доллар харҷ кардааст.
Ниҳодҳои назоратии Амрико моҳи гузашта изҳор доштанд, ки гузоришҳои низомиёни Иёлоти Муттаҳида дар бораи омодагии артиши Афғонистон хеле хушбинона аст, ки ба воқеият рост намеояд. Аз ин рӯ, эҳтимол Ҷо Байден ҳангоми тасмимгирӣ ҷиҳати берун кашидани нерӯҳо аз Афғонистон ба иттилооте такя кардааст, ки дурӯғ буд. Кохи Сафед аз баланд будани сатҳи ришвахорӣ дар Афғонистон огоҳ набуд.
Наворро дар "Ахбори Озодӣ" ва дар Ютюб бинед:
Никита Мендкович, коршиноси Маркази омӯзиши Афғонистон, мегӯяд, “роҳбарияти собиқи Афғонистон қариб сеяки молҳо, аз ҷумла силоҳ ва муҳиммотро, ки барои артиши Афғонистон дода мешуд, ғорат мекард. Тақрибан 20 дарсади сарбозон, ки дар қисмҳои ҳарбӣ сабт шудаанд, дар асл ҷонҳои мурда ҳастанд, вуҷуд надоштанд. Вале барои онҳо маош ва хӯрокворӣ ҷудо мешуд."
Ниҳодҳои назоратии Амрико дар ин бора ба Конгресс гузориш медиҳанд. Акнун бояд муайян шавад, ки 88 миллиард доллар ба куҷо харҷ шуд?
Ришвахории аз хурд то бузург
Аммо аз ҳоло дар матбуоти ғарбӣ дар бораи ришватхӯрии роиҷ дар Кобул зиёд менависанд. Иля Куса, коршиноси Маркази “Украинаи оянда” мегӯяд, “роҳбарони баландпояи Афғонистон, мансабдорони сатҳи миёнаву поин, вазирон ва муовинонашон дар ришватхорӣ даст доштанд. Ҳатто маълумоте вуҷуд дошт, ки дар доду ситадҳои ришвахорӣ намояндагони низомии кишварҳои хориҷӣ ҳам ҳамроҳ буданд”.
Дар омӯзиши аъзои артиши Афғонистон ва тамрини истифода аз силоҳи низомӣ 17 ширкати паймонкори амрикоӣ ширкат доштанд. Ин ширкатҳои логистикӣ, сохтмонӣ ва муҳандисӣ буданд, ки дар умум 18 ҳазор корманд доштанд. Сеяки онҳо шаҳрвандони Амрико буданд.
Масалан, ширкати “Текстром системз”, ки бо Вазорати дифои Амрико созишномаи панҷсола ба маблағи 50 миллион доллар дошт, бояд ҳимоят аз фурудгоҳи Багромро тақвият медод. Беш аз ҳама дар замони раёсати Доналд Трамп бо ширкатҳои паймонкор қарордод баста шудааст. Дар умум ба маблағи 821 миллион доллар. Бо ин пулҳо Амрико ният дошт, дар Афғонистон артиши коромади ҷангиро созад, аммо ин вазифа иҷро нашуд.
Дуздии сӯзишворӣ ба маблағи миллонҳо доллар
Яке аз роҳҳои маъмулии ғоратгариро хабарнигорон дар артиши Афғонистон дуздии сӯзишворӣ мегӯянд. Дар тӯли ҳамкории нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон дар умум ба малағи 155 миллион доллар сӯзишворӣ дуздида шудааст. Ин рақамро ниҳодҳои назоратии Амрико гуфтанд.
Ба нақли Ҷ. П. Лоуренс, хабарнигори “Stars and Stripes”, “як афсари ИМА дар Ҷалолобод гуфт, ӯ доим мушоҳида мекард, сӯзишворие, ки барои артиши Афғонистон оварда мешуд, гум мешавад. Дар натиҷа артиш амалиёти низомӣ гузаронда наметавонист. Ин як ҳолат не, балки як таҷрибаи маъмул будааст. Нозирон мегӯянд, дар солҳои кори низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон ба садҳо миллион доллар сӯзишворӣ дуздида шуда, дар бозори сиёҳ фурӯхта мешуд”.
Марк Миллер, корманди бахши муҳандисии артиши Амрико, соли 2017 эътироф кард, ки ӯ аз як паймонкори афғонӣ 320 ҳазор долар тамаъ карда буд. Миллер менеҷери сохтмони пойгоҳи ҳарбии Кемпк Кларк буд. Дар ивази ин ришва ӯ ба ширкатҳои паймонкори афғон ваъда медод, ки созишномаҳо қатъ карда намешавад.
"Омӯзиш медиданд, вале аз артиш фирор мекарданд"
Аз соли 2017 бо талаби раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ низомиҳои Амрико нашри маълумотро дар бораи талафоти артиш ва фирори сарбозон қатъ карданд. Бо ин вуҷуд, пас аз чаҳор сол баъзе аз омор фош шуд.
Нозирони амрикоӣ мегӯянд, ҳамасола сеяки сарбозони Афғонистон, ки бо пули Амрико нигоҳубин шудаву омӯзиш диданд, аз артиш фирор мекардаанд. Ҳар сол сеяки артиши Афғонистон кам мешуд. Аз ин рӯ, зарур мешуд, сарбозони нав қабул карда, онҳоро аз нав омӯзиш диҳанд. Бар илова, ба гуфтаи коршиносон, сеяки сарбозон танҳо дар рӯи коғаз буданд.
Ба қавли Иля Куса, коршиноси Маркази “Украинаи оянда”, “пули зиёде дуздида мешуд. Сатҳи коррупсия сол аз сол меафзуд. Дар мубориза бо фасод пешрафте дида намешуд”.
Афғонистон яке аз кишварҳои фасодзади ҷаҳон аст. Солҳое, ки кишварҳои ғарбӣ миллиардҳо доллар ба Афғонистон сармоягузорӣ карданд, чизе тағйир наёфт. Дар шохиси созмони Transparency International ё Шаффофияти Байнулмилал Афғонистон дар ҷойи 165-ум аст.