Раиси вулусуволӣ ё ноҳияи Нусайи Афғонистон гуфт, дар байни нерӯҳои Толибон, ки ин ноҳияро забт карданд, шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд. Мақомоти Тоҷикистон дар ин замина чизе нагуфтаанд. Гуруҳи Толибон дар як моҳи охир ноҳияҳои зиёдеро дар сарҳади Афғонистон бо Тоҷикистон тасарруф кардааст, ҳарчанд мақомот бовар доранд, "дар фурсати наздик маҳалҳои аздастрафтаро бозпас мегиранд".
Эшони Зайнулобиддин, раиси ноҳияи Нусай, рӯзи 5-уми июл дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, нерӯҳои амниятӣ дар вулусуволии зери роҳбариаш ба Дарвози Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд. Ӯ хабарҳоро дар бораи бе муқовимат бо Толибон ақибнишинӣ кардани сарбозони афғонро рад кард.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Беш аз 1000 низомии дигари афғон ба Тоҷикистон ақибнишинӣ кардандЭшони Зайнулобиддин мегӯяд, дар миёни нерӯҳои Толибон хориҷиҳо, аз ҷумла тоҷикон, низ ҳастанд. Пештар низ мақомоти Афғонистон гуфта буданд, ки “покистониҳо, чеченҳо, тоҷикон ва узбекҳо дар миёни Толибон ҳастанд”.
Гуруҳи Толибон дар моҳҳои охир дар шимоли Афғонистон фаъол шуда, ба гуфтаи намояндагонаш, 143 вулусуволиро тасарруф кардаанд. Вазорати корҳои дохилии Афғонистон инро рад мекунад.
Раиси вулусуволӣ ё ноҳияи Нусай ҳайрон аст, ки чӣ гуна Толибон ба ин зудӣ ноҳияро забт мекунанд. “Вазъият барои ҳама беҳад нигаронкунанда аст. Ин чӣ вазъият аст, суқути пай дар пай? Ин дигар дасти бегонаҳо, дасти хориҷиҳост”, -- тахмин зад ӯ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар пайи тасарруфи ноҳияҳои наздимарзӣ, беш аз 1500 сарбози афғонистонӣ ба Тоҷикистон паноҳ овардаанд. Ин сарбозон силоҳҳои худро ба неруҳои Тоҷикистон супорида, мунтазиранд, ки барояшон чӣ тасмим гирифта мешаванд. Баъзе аз сокинони ноҳияи Дарвоз гуфтанд, барои сарбозони фирории афғонистонӣ аз мардуми маҳаллӣ хӯрок ҷамъ кардаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Сарбозони афғон фирорашонро ба Тоҷикистон нақл карданд. ВИДЕОМақомоти маҳаллӣ дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон мегӯянд, вазъият дар марз феълан ором аст. Масрур Ғайратшоҳзода, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ванҷ, ба Радиои Озодӣ гуфт, сарбозони афғонистонӣ тавассути пул (купрӯк) ба Тоҷикистон гузаштаанд.
“Ҷамоатҳои Язғулом ва Водхуди ноҳияи Ванҷ бо Афғонистон ҳамсарҳад ҳастанд. Дар ҳудуди ду ҷамоати мо ягон проблема нест. Аз он тараф ягон садои тир нашунидаанд. Марз маҳкам аст, як ду сол шуд, ки рафтуомад нест”, -- гуфт раиси дастгоҳи ҳукумати Ванҷ.
Мақомоти Тоҷикистон бори охир субҳи 5-уми июл дар бораи вазъият дар марз бо Афғонистон хабар доданд. Ҳамлаҳои Толибон дар минтақаҳои марзӣ давом дорад ва маълум нест, ки аз субҳ то ин дам касе аз Афғонистон ба Тоҷикистон гузаштааст ё не.
Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи назораташ душвор дорад. Сарҳади ду кишварро асосан дарёи Панҷ муайян мекунад ва барои равуо миёни ду кишвар 7 пул сохтаанд. Сарбозони афғонистонӣ асосан аз тариқи ҳамин пулҳо ба Тоҷикистон ақибнишинӣ мекунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Ноамнӣ дар марз бо Тоҷикистон. Раҳмон бо Путин, Мирзиёев ва Тоқаев суҳбат кардПрезидент дастур дод, ки 20 ҳазор афсар ба марзи Афғонистон равандБеш аз 1000 низомии дигари афғон ба Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд Толибон Хоҳонро гирифтанд. 94 сарбози афғон дар Тоҷикистон паноҳ ҷустандРаҳмон бо Ғанӣ дар бораи фирори сарбозон ва вазъ дар марз суҳбат кардандТолибон гуфтанд, бештари ноҳияҳои ҳаммарз бо Тоҷикистонро гирифтаанд. Ҳукумат рад кардЗиёда аз 300 низомии Афғонистон аз ҳамлаи "Толибон" ба Тоҷикистон фирор кардаанд Байден ба раҳбарони Афғонистон гуфт, сарнавишти кишварашонро ба даст гиранд