Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозони афғон фирорашонро ба Тоҷикистон нақл карданд. ВИДЕО


Моҳи гузашта сарбозони афғонистонӣ аз тариқи Панҷи Поён ба хоки Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд
Моҳи гузашта сарбозони афғонистонӣ аз тариқи Панҷи Поён ба хоки Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд

Сарбозону афсарони афғонистонӣ, ки ба Тоҷикистон паноҳ овардаанд, мегӯянд, агар мақомоти тоҷик онҳоро роҳ намедод, кушта мешуданд.

Дар ду рӯзи охир беш аз ҳазор сарбозу афсари афғонистонӣ ба хоки Тоҷикистон паноҳ оварданд.

Муҳаммадзоҳир валади Сафаралӣ, раҳбари гуруҳи мухобиротии неруҳои марзбонӣ дар Хоҳони Афғонистон аз ҷумлаи беш аз 100 гурезаест, ки рӯзи гузашта ба ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи пешин) ақибнишинӣ карданд.

Онҳо силоҳҳояшонро ба мақомоти тоҷик супурдаанд ва дар назди бозори наздимарзӣ дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин нигаҳдорӣ мешаванд.

Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сабаби ақибнишинии онҳо “пайвастани гуруҳи бузурги силоҳбадастони мардумӣ буд, ки қарор буд, ҳамроҳ бо нерӯҳои давлатӣ ба муқобили Толибон ҷанг мекунанд.”

Ба гуфтаи Муҳаммадзоҳир, ин гурӯҳ, ки аз миёни мардум ҷамъ шуда буданд, силоҳу муҳимоти зиёди ҷангӣ доштанд.

“Хезишҳои мардумӣ, ки дар канори нерӯҳои давлатӣ мусаллаҳ шуда буданд, таҷҳизоти давлатиро гирифтанд, хиёнат карданд ва бо Толибон муомила карданд. Дигар мо нерӯи кофӣ барои муқобилият надоштем ва Тоҷикистон омадем. Ҳоло дар канори пули Хоҳон ҳастем.”,--гуфт ӯ.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Сарбозони афғон гурезашон ба Тоҷикистонро нақл карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00

Ин афсари афғонистонӣ гуфт, ки марзбонони тоҷик онҳоро қабул намуда, бо ҷойи хобу ғизо таъмин кардаанд.

Муҳаммадвалӣ, як сарбози дигари афғонистонӣ, ки ҳоло дар хоки Тоҷикистон қарор дорад, гуфт, бо нерӯи кам муқобилият бо Толибон “худкушӣ” буд, аз ин рӯ онҳо қарор карданд, ки ақибнишинӣ кунанд.

Садоро инҷо шунавед:

Сарбозони афғон фирорашон ба Тоҷикистонро ба Радиои Озодӣ нақл карданд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00
Линки мустақим

Хоҳони Афғонистонро бо ноҳияи Шамсиддини Шоҳин як пули бузург мепайвандад.

Ҳоло маълум нест, ки сарнавишти сарбозони фирорӣ чӣ мешавад.

Муҳаммадзоҳир валади Сафаралӣ мегӯяд, ояндаи онҳо ба тасмими раҳбарони баландпояи Афғонистон вобастагӣ дорад.

“Моро чӣ қадар ин ҷо мегузоранд ва кай ба куҷо мебаранд, намедонем. Ҳукуматдорони мо бо ҳукумати Тоҷикистон бояд гап зананд ва баъдан тасмим гирифта шавад. Мо мутобиқи тасмими онҳо амал хоҳем кард.”,--гуфт ӯ.

Дар як моҳи ахир ҷангҳо дар шимоли Афғонистон афзоиш ёфтааст. Мақомоти тоҷик рӯзи гузашта эълон карданд, ки беш аз 900 километр хатти марзи Афғонистон бо Тоҷикистон дар ихтиёри Толибон қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG