Идораи марзбонии Тоҷикистон гуфт, шоми имрӯз 300 нафар низомиёни нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон ба ҳамлаи силоҳбадастони “Толибон” тоб новарда ба Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд.
Маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ рӯзи 3-уми июл дар ин бора хабар дод. Ба гуфтаи ин ниҳод, соати 18:30 деҳаи Овези вулусволии Хоҳон, вулусволии Шаҳрибузург ва деҳаи Зиркаии вулусволии Роғистон аз ҷониби ҳаракати “Толибон” тасарруф шуд. Гуфта мешавад, маркази нуқтаи фармондеҳӣ ва ё комендатураи марзбонии “Овоз”-и вулусволии Хоҳонро “Толибон” ишғол карданд.
Дар натиҷа беш аз 300 низомии Афғонистон барои наҷоти хеш тавассути дидбонгоҳҳои 5-уми “Истиқлол” ва 6-уми “Сариғор”-и қисми сарҳадии ноҳияи “Шамсиддин Шоҳин” ба қаламрави Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд.
Ба гуфтаи дафтари матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ марзбонони тоҷик “бо назардошти принсипи инсондустӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ” иҷоза доданд низомиён ба қаламрави Тоҷикистон ворид шаванд. Идораи марзбонӣ вазъият дар наздикии марзро “мураккаб” гуфта, таъкид кардааст, сарҳадбонони тоҷик марзи кишварро пурра зери назорат қарор дорад.
Тайи ду ҳафтаи охир ин бори севвум аст, ки низомиёни афғон ба ҳамлаҳои “Толибон” тоб наоварда ба қаламрави Тоҷикистон ақибнишинӣ мекунанд. Рӯзи 27-уми июн дар пайи ҳамлаи Толибон ба гузаргоҳи марзии Чукчуки вулусволии Калдори вилояти Балх 17 нафар марзбонони афғон ба ноҳияи Шаҳритуси Тоҷикистон ақибнишинӣ кардаанд. Аз ин пеш, рӯзи 22-уми июн 134 сарбози афғон пас аз ишғоли Шерхон-Бандар ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ворид шуда буданд.
Дар як моҳи ахир, пас аз онки ИМА эълон кард, ки аз рӯзи 1-уми май сарбозонашро аз Афғонистон берун мекунад, Толибон ҳамлаҳоро бештар карданд ва идораи даҳҳо ноҳияро дар ин кишвар аз дасти ҳукумат гирифтанд. Рӯзи 26-уми июн мақомоти тоҷик вазъиятро мурракаб арзёбӣ карда, хабар доданд, ки нерӯҳо дар марз дар ҳолати омодабош қарор доранд.
Тоҷикистон, ки бо Афғонистон сарҳади бештар аз 1300 километрӣ дорад, бори дуюм аст, ки дар як моҳи ахир шоҳиди ақибнишинии сарбозони афғон ба қаламрави кишвар мешавад. Мақомоти расмӣ ду ҳафта пеш аз эҳтимоли вуруди паноҳандагони афғон ҳам ҳушдор дода буданд.