Тасдиқи фавти ду каси дигар аз коронавирус дар Тоҷикистон

Акс аз бойгонӣ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон марги боз ду каси дигарро аз коронавирус тасдиқ кард, вале ному насаб ва синни онҳоро нагуфт.

Дар умум, ба иттилои расмӣ, аз оғози эътирофи мавҷудияти коронавируси нав дар Тоҷикистон 95 кас ҷони худро аз даст додаанд. Манобеи ғайрирасмӣ шумори фавтидагонро бештар аз ин медонанд.

Намояндагони Вазорати тандрустӣ мегӯянд, рӯзи 5-уми июл дар ҷумҳурӣ гирифтории 26 кас ба коронавируси нав тасдиқ шуда, 17 нафар аз чанги беморӣ "раҳо шуданд".

"Дар маҷмӯъ, дар кишвар 13623 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 сабт шуда, аз ин шумора 13382 нафар (98,2%) шифо ёфтаанд", -- гуфтанд дар вазорат.

Мақомоти Тоҷикистон охири моҳи апрели соли гузашта ва дар пайи фишори дохиливу берунӣ вуҷуди коронавирусро эътироф карданд. Аз моҳи январи имсол то охири моҳи июн пойфишорӣ доштанд, ки дар кишвар гирифторӣ ба COVID-19 сабт нашудааст ва кишвар орӣ аз бемории ҳамагир аст.

Ситоди муқобила бо коронавирус танҳо 21-уми июн тасдиқ кард, ки дар кишвар сокинон ба бемории ҳамагир мубтало шудаанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо хабарҳо аз фавти сокинон аз бемории COVID-19 нашр мешавад. Дар як моҳи охир номи даҳҳо нафар, ки дар миёнашон чеҳраҳои шинохта низ ҳастанд, нашр шуд, ки пас аз гирифторӣ ба бемории ҳамагир фавтидаанд. Мақомот ин мавридҳоро тасдиқ ё рад намекунанд.

Ин хабарҳоро хондед?

Модари ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон даргузаштМуовини пешини вазири дифои Тоҷикистон даргузаштДар Русия марг аз коронавирус афзоиш ёфтаастВаксинаи COVID-19 барои афроди аз 18 сола боло дар Тоҷикистон ҳатмӣ шудВаксинзании муҳоҷирон дар Русия. Аз ҳисоби кӣ ва чӣ тавр ваксина мегиранд? Фарида Мансурова, пизишки шинохтаи тоҷик даргузашт. ВИДЕОМаъруфтарин ҳаҷвнигори тоҷикро ба хок супурданд. ВИДЕОЯк корманди Фурудгоҳи Душанбе бо нишонаҳои КОВИД-19 фавтидааст