Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваксинаи COVID-19 барои афроди аз 18 сола боло дар Тоҷикистон ҳатмӣ шуд


Ситоди мубориза бо бемории СOVID-19 қарор кард, ки шаҳрвандони синашон аз 18 сола боло дар Тоҷикистон бояд, ҳатман ваксина зидди бемории COVID-19-ро бигиранд. Хабаргузории давлати «Ховар» рӯзи 3-уюми июл дар такя ба ситоди ҷумҳуриявӣ дар ин бора хабар дод.

Ситод ҳамчунон ба шаҳрвандоне, ки аз хориҷи кишвар меоянд тавсия додааст, ки новобаста аз ташхиси мусбат ва ё манфии беморӣ «давоми даҳ шабонарӯз худро бе иртибот бо наздикону пайвандон дар ҳуҷараи алоҳида» нигоҳ доранд.

Мақомот гуфтаанд, ки хатари паҳшавии COVID-19 дар Тоҷикистон зиёд шудааст ва аз сокинон даъват кардаанд, ки ҷамъомадҳои оммавӣ аз ҷумла тӯй ва ё дигар маъракаҳоро бо шумораи ками одамон баргузор кунанд. Аммо ситод дар бораи шумораи мушахаси одамон, ки метавонанд дар ҷамъомадҳои оммавӣ ширкат варзанд чизе нагуфтааст. Қарори эмгузаронии ҳатмӣ барои афроди аз 18 сола боло ва даъват ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар ҳолест, ки аз хуруҷи якбора ва бо суръат паҳн шудани беморӣ дар Тоҷикистон гузориш мерасад. Бо ин вуҷуд омори расмии гирифторӣ ба коронавиурс дар кишвар чандон баланд нест. Бинобар иттилои Вазорати тандурустӣ дар шабонарӯзи то 2-уми июл 25 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба коронавирус сабт шудааст. Дар ин муддат 2 нафар аз бемори COVID-19 фавтиданд.

Аз оғози пандемия бино бар омори расмӣ 13548 нафар дар Тоҷикистон ба бемории ҳамагири COVID-19 гирифтор шуда, 92 нафар фавтиданд. Коршиносони мустақил ба омори расмӣ бо чашми шубҳа менигаранд ва мегӯянд, шумори гирифторӣ ва маргу мир аз ин беморӣ эҳтимол бештар аз омори расмӣ аст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG