Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарида Мансурова, пизишки шинохтаи тоҷик даргузашт. ВИДЕО


Фарида Мансурова, доктори илмҳои тиб шоми 1-уми июл даргузашт.
Фарида Мансурова, доктори илмҳои тиб шоми 1-уми июл даргузашт.

Фарида Мансурова, доктори илмҳои тиб ва духтари Ҳомид Мансуров – раҳбари пешини Пажӯҳишгоҳи гастроэнтология дар синни 69-солагӣ даргузашт.

Эраҷ Айнӣ, набераи Садриддин Айнӣ, ки аз дӯстони хонаводагии ин пизишки собиқадор аст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ӯ аз чанд рӯз ба ин тараф гирифтори КОВИД-19 шуда буд.”

Пизишкон расман сабаби марги ӯро шарҳ надодаанд.

Маркази шифобахшии “София” дар саҳифаи Фейсбукиаш марги ӯро “талафоти бесобиқа” барои тиби тоҷик хондааст.

Фарида Мансурова солҳои тӯлонӣ дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтология кор мекард.

Ҳомид Мансуров, падари ӯ соли 1959 нахустин пажӯҳишгоҳи бемориҳои дарунӣ дар Иттиҳоди Шӯравиро дар Душанбе таъсис дод, ки то ҳол бо номи “клиникаи Мансуров” шӯҳрат дорад.

Фарида Мансурова касби падарашро интихоб кард ва то поёни умр дар ин ришта кор кардааст. Ӯ узви Академияи миллии улуми Тоҷикистон буда, дар Институти илмиву тадқиқотии Гастроэнтерологияи Тоҷикистон ва лабораторияҳои Маркази биология ва тибби амалӣ низ кор мекард.

Фарида Мансурова, аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохтаест, ки сабаби маргашро гирифторӣ ба COVID-19 медонанд. Рӯзи 1-уми июл Убайдулло Раҷабов, ҳаҷвнигори шинохта низ бо чунин нишонаҳо даргузашт. Дар як моҳи ахир номи ҳаддиақал даҳ нафар ба расонаҳо роҳ ёфт, ки гуфта мешавад аз сироят ба коронавирус фавтидаанд. Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, баъди хуруҷи дубораи коронавирус дар Тоҷикистон касе аз COVID-19 вафот накардааст.

Видеои суҳбати Радиои Озодӣ бо Фарида Мансуроваро дар соли 2017 инҷо тамошо кунед:

Фарида Мансурова: Насли мо бознишаста шавад, ба ҷояш кӣ меояд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:31 0:00

XS
SM
MD
LG