Коргарони тоҷики ширкати чинӣ дар кони тилои Айнӣ корпартоӣ карданд. ВИДЕО

Коргарони кони тиллои "Кумарғи боло", ки ба ширкати Чин тааллуқ дорад, деги марҷумаки обҷӯшро ба замин рехтанд

Ҳудуди 200 коргари маҳаллии кони тилои “Кумарғи боло”-и ноҳияи Айнӣ, ки ба ширкати ТВЕА-и Чин тааалуқ дорад аз хӯрокҳои камғизои ин ширкат ба ҷон омада, корпартоӣ карданд.

Масъулони ошхонаи ин ширкат рӯзи 25-уми июн барои коргарони маҳаллӣ, ки аксаран тоҷикҳо ҳастанд ғизои нимарӯзӣ, иборат аз биринҷу марҷумаки обҷӯшро оварданд, аммо коргарон ба нишони эътироз ва бо назардошти камғизо будани он дегро ба замин андохтанд. Онҳо мегӯянд, "Кумарғи боло" дар баландкӯҳ қарор дорад, кор вазнину пурмашаққат аст ва онҳо ба хӯрокҳои пурғизо ниёз доранд.

Дар навори видеоие, ки коргарони маҳалии ширкати ТВЕА рӯзи 25-уми июн ба Радиои Озодӣ фиристониданд дида мешавад, ки даҳҳо коргарон бо либоси корӣ гирдиҳам омада эътироз доранд. Масъулони ширкати ТВЕА ва ҳам ҳукумати ноҳияи Айнӣ дар ин робита суҳбат накарданд. Чанд тан аз коргарони ширкат дар "Кумарғи боло", ки аз хавфи ронда шудан аз ҷои кор нахостанд номашон бурда шавад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки масъулони ширкат ба маҳалли эътирози онҳо омаданд ва диданд ғизои овардаи онҳоро ба замин рехтаем ҳарфе назаданд ваъда доданд, ки дар нимрузӣ хӯроки беҳтар меоранд.

“Барои мо аслан ғизоҳои обҷӯш меоранд, гӯшт надорад ба серӣ намехурем дар баландкӯҳ ҳаво намерасад. Имрӯз баъди эътирози мо ваъдааашонро иҷро накарданд, соат аз яки рӯз гузашту хӯрок наоварданд ва фақат соати 17:00 ғизо орварданд, ки он ҳам картошкабирён буд. Мо ҳам хӯроки нисфирӯзӣ ва ҳам шомро бо як картошкабирён ҷамъбаст кардем.”-, гуфтанд ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ.

Гузориши видеоиро инҷо бубинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Эътирози коргарони маҳаллии ширкати ТВЕА-и Чин дар “Кумарғи боло”и ноҳияи Айнӣ

Аммо ба эътирофи коргарон барои кор дар шароити баландкӯҳ ширкат ҳар моҳ ба маоши онҳо 1200 сомонӣ изофа мекунад. Аксари коргарон гуфтанд, ки моҳонаи онҳо то 2000 сомонӣ аст ва бо иловапулӣ беш аз 3 ҳазор сомонӣ мешавад, вале дар шароити гаронии нархҳо наметавонанд хонаводаи худро ҳамаҷониба таъмин кунанд. “Бинобар нархи гарони парвозҳо ба Русия ба муҳоҷират рафта наметавонем. Дар дохил ҷои кори муносиб ёфта наметавонем ва маҷбур мешавем ба ҳар шароит тоқат кунем”-, иброз доштанд коргарон.

1500 сомонӣ ҷаримаи кони тиллои "Покрӯд"

Эътироз ва коршикании коргарони маҳалии ширкатҳои Чинӣ дар Тоҷикистон ҳодисаи нахустин нест. Дар моҳи апрел дар ширкати истихроҷи тиллои “Покрӯд”-воқеъ дар Ромит корфармои чинӣ худсарона ва бе дастури Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубораза бо COVID-19- и Тоҷикистон реҷаи сахти карантин ҷорӣ карда, се моҳ ва гоҳе зиёда аз он нагузоштааст, коргарони маҳаллӣ аз ҳудуди корхона берун раванд. Пас аз эътирози коргарон мақомоти ҳифзи меҳнат дар Тоҷикистон ширкати истихроҷи тиллои “Покрӯд”-воқеъ дар Ромитро, ки ба сармоягузорони Чин тааллуқ дорад, барои поймол кардани ҳуқуқи коргарони тоҷик 1500 сомонӣ ҷарима бастанд.

Ба ин монанд соли гузашта моҳи май ҳудуди 60 коргари чинии "Ширкати саноати куҳии Тоҷикистону Чин" дар ҷамоати Зарнисор (Олтин Топкан) вилояти Суғд даст ба коршиканӣ заданд ва ба нишони эътироз гирдиҳамоӣ карданд. Онҳоро ба хотири ҳамагири COVID-19 се моҳ иҷозаи сафар ба Чин рафтанро надоданд ва ҳамчунин музди корашон пардохта нашуда буд. Эътирози коргарон пас аз омадани нерӯҳои интизомӣ ва ба ҳаво тир андохтани низомиён хомӯш шуд. Дар гузашта борҳо коргарони маҳалии корхонаи муштараки ихтироҷи тилои Зарафшон аз камбуди маош изҳори норизоӣ карда ва борҳо ба матбуот муроҷиат карда буданд.

Истихроҷи тилло барои иқтисоди Тоҷикистон бисёр муҳим аст ва қисми зиёди тиллои ҳосилшударо барои зиёд кардани захираи тиллову асъори кишвар мехаранд. Бино ба гуфтаи мутахассисон, дар Тоҷикистон 15 майдони мушаххасшудаи тилло вуҷуд дорад ва дар онҳо ҳудуди 400 тонна тилло нуҳуфтааст. Солҳои охир ширкатҳои Чин ба захираҳои қаъри замин дар Тоҷикистон, аз ҷумла конҳои тилло таваҷҷӯҳи хос зоҳир мекунанд. То кунун кони тиллои "Покрӯд" дар Ваҳдат, конҳои "Дуобаи шарқӣ" ва "Кумарғи боло" дар ноҳияи Айнӣ ва конҳои марбут ба корхонаи тиллои “Зарафшон” дар Панҷакент ба дасти ширкатҳои чинӣ гузаштаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Кор дар Тоҷикистон, қоидаҳо - чинӣ"? Шикояти "кулоҳзардон" аз "кулоҳсурхон" дар Душанбе. ВИДЕО
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Корфармои чиниро барои нақзи ҳуқуқи коргарони тоҷик ҷарима бастанд
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Кони Покрӯд. "Ин ҷо қонунҳои Тоҷикистон нестанд." Мақомот: "Бояд бошанд!"
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тоҷикистон ба ширкати чинии ТВЕА барои коркарди тило иҷозатнома додааст