Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба ширкати чинии ТВЕА барои коркарди тило иҷозатнома додааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон барои коркарди тило ба ширкати чинии ТВЕА иҷозатнома додааст. Дар ин бора охири ҳафта Маркази таҳқиқоти иқтисодии Чин "Тонгҳуашун" хабар дод.

Марказ дар сомонаи расмии худ навишт, ширкати ТВЕА ба коркарди тилои Кумарғи Боло ва Дуобаи Шарқӣ иҷозатнома (сертификат) гирифт.

“Қарор буд ширкат сохтмони лоиҳаро аз баҳори соли 2020 шуруъ кунад, вале пандемияи коронавирус ҷараёни иҷрои лоиҳаро суст кардааст. Сохтмони лоиҳа аз рӯи нақша якуним солро дар бар мегирад. Агар густариши вирус ба кори ҳамлу нақли таҷҳизот халал нарасонад, то нимаи соли 2021 ва ё ҳадди ақал то охири соли оянда сохтмони лоиҳа ба анҷом мерасад”, -- омадааст дар хабари "Тонгҳуашун".

Ишораи пойгоҳ аз лоиҳа сохтмони корхонаи коркард ва холиссозии тило дар ноҳияи Айнӣ аст.

Ширкати ТВЕА-и Чин бо харҷи 349 миллион доллар дар соли 2016 сохтмони Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2"-ро ба анҷом расонд. Аз ин миқдор 17 миллион доллар саҳми Тоҷикистон буд. Маблағи боқӣ қарзи “Эксимбонк”-и Чин аст, ки ТВЕА барои сохтмони Маркази барқу гармидиҳӣ гирифтааст

Тоҷикистон бар ивази сохтмони ин нерӯгоҳ ба ин ширкати чинӣ ду кони тило -- Дуобаи шарқӣ ва Кумарғи болоро дод. Бар изофаи ин ду кони тилло, Тоҷикистон ба ин ширкат муҷаввизи ихтихроҷи ангишт дар қисмати шарқии кони Зиддеро низ дод. Аммо мақомот гуфтанд, "ширкати ТВЕА аз кони ангишти Зидде даст кашид, чун кор дар ин кони ангишт ба ҷои фоидаи молӣ зарар овардааст".

Бинобар пешбинии геологҳои тоҷик конҳои "Дуобаи Шарқӣ" ва "Кумарғи Боло" 117 тонна тило дорад.

Мақомоти Тоҷикистон умед доранд, ТВЕА хароҷоти худро аз конҳои "Дуобаи Шарқӣ" ва "Кумарғи Боло" мебарорад ва тилои боқимонда ба нафъи кишвар истихроҷ мешавад. Аммо Чжан Син, роҳбари ТВЕА ба торнамои stcn.com дар Чин гуфтааст, "агар ширкат аз ин ду кони тило хароҷоташро бароварда насозад, ҳукумати Тоҷикистон розӣ аст, ба ширкат иҷозати конҳои дигарро ҳам бидиҳад."

"Кумарғи Боло" ва "Дуобаи Шарқӣ" танҳо конҳое нестанд, ки ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон дар ихтиёр доранд. Ширкати муштараки Тоҷикистону Чин -- "Зарафшон" ва "Покруд" дар Ромит низ дар истифодаи сармоягузорони чинӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG