Путин гуфт, Маскав барои кумак ба Душанбеву Бишкек омодааст

Владимир Путин ва Содир Ҷабборов. Сочи, 24-уми майи 2021

Президенти Русия гуфт, ки Маскав барои ҳалли баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон маҳз тавассути музокирот ҳар кумаки мумкинро мерасонад.

Владимир Путин дар ин бора рӯзи 24-уми май ва дар суҳбат бо Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳурии Қирғизистон, дар Сочи изҳор дошт. Ҷабборов бо сафари корӣ ба Русия рафтааст.

"Албатта, вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро хеле бодиққат ва бо нигаронии афзоянда пайгирӣ кардем", -- гуфт Путин. Вай ёдовар шуд, ки чанде пеш раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Маскав буд ва мавзӯи сарҳад бо ӯ низ баррасӣ шуд. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 8 ва 9-уми май дар Маскав қарор дошт.

"Роҳи ҳалли дарозмуддати мушкилотро ёфтан зарур аст, то ба манфиатҳои ҳарду ҷониб посухгӯ бошад", -- гуфт Владимир Путин.

Рӯзҳои 28 ва 29-уми апрели имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳона рӯй дод. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар ин ҳодиса 19 нафар кушта ва 87 нафар захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон дар бораи 36 кушта ва 154 маҷрӯҳ хабар дод.

Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба оғози даргирии мусаллаҳона айбдор мекунанд. Додситониҳои ду кишвар ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Аз 970 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон бештар аз 400 километри он муайяну нишонагузорӣ нашудааст. Ҷанҷолҳо асосан дар минтақаҳои баҳснок бар сари замин ва обу чарогоҳ сар мезананд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Тоҷикистону Қирғизистон шаҳрвандони боздоштшударо ба ҳамдигар доданд. ВИДЕОДар Қирғизистон дидори харитасозон ҳаёҳу бапо кард, дар Тоҷикистон чизе намегӯяндДармондани мошинҳои боркаш дар Қирғизистон ва Тоҷикистон. Ҷанг бо қочоқ ё пайомади низоъ? ВИДЕОФилиппо Буранеллӣ: Гуфтугӯ ва эҳтиром. Тоҷикистону Қирғизистон роҳи дигар надоранд. ВИДЕО