Радиои Озодӣ: Шумо дар ин таҳлил чанд роҳи эҳтимолии ҳалли муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро пешниҳод кардед ва онҷо гуфтед, ки баёнияҳои ду кишвар дар бораи таъйину аломатгузории марзи муштараки кишвар беш аз ҳад хушбинона аст. Чаро ба фикри Шумо беш аз ҳад хушбинона аст?
Филиппо Коста Буранеллӣ: “Хушбинии беш аз ҳад, ки дар таҳлилам ишора кардам, даъватҳо барои таъйину аломатгузории қисмату порчаҳои бузурги сарҳад дар чанд ҳафтаи оянда аст. Ба назари ман, инро бо ин ҳадаф гуфтаанд, ки дар марз оромӣ барқарор шаваду танишҳо фурӯ нишинанд. Аммо онгуна ки ҳамаи мо медонем, таъину аломатгузории марз бахусус бо назардошти қонунҳои байналмилалӣ вақти дарозтар мегирад. Аз ин рӯ, вақте гуфтам, ки баёния беш аз ҳад хушбинона аст, манзурам тамоми раванд набуд, балки даъватҳо барои таъину аломатгузории порчаи бузурге аз марз дар муддати кӯтоҳ буд. Ингуна корро пеш аз он ки боварии дутарафа барқарор нашавад, амалӣ кардан номумкин аст.”
Ман метарсам, ки агар ин муноқиша ҳал нашавад, ин як ақибрафт барои минтақа мешавад ва роҳро барои даъвати бозигарони хориҷӣ барои дахолат ба ин муноқишаи маҳаллӣ боз мекунад.
Радиои Озодӣ: Мо шоҳиди он ҳастем, ки ду тараф ҳамдигарро ба оғоз кардани даргириҳои хунин муттаҳам мекунанд. Тарафи Қирғизистон мегӯяд, ки Тоҷикистон қасдан ба зидди мардуми ғайринизомӣ оташ кушод. Тоҷикистон мегӯяд, ки ҷанги хунини дохилиро пушти сар кардааст ва ҳам мардум ва ҳам ҳукумат ҳеч гоҳ тарафдори ҷангу нооромӣ нестанд. Воқеан, чӣ метавонист, ҳукумати Тоҷикистонро маҷбур кунад, ки вориди муноқиша бо ҳамсояаш шавад?
Филиппо Коста Буранеллӣ: "Ба назари ман, тарафи Тоҷикистон, дарвоқеъ дарк кард, ки муноқиша бо ҳамсоя ба нафъи ҳеч касе нест, бахусус барои худи тоҷикон. Ба назари ман, шиддат гирифтани вазъ, ки аз назари миқёс аз муноқишаву задухӯрдҳои пешина фарқи бузург дошт, ба сабаби сатҳи ҷазби низомиён дар марз ва фазои низомии ҳукмфармо дар марз буд, ки тамоми ин вақт бузургтар мешуд. Яъне, аз аввалҳои соли 2010 ва ё ҳатто аз он пештар. Ба бовари ман, иттиҳом задан ба ҳамдигар ва ангушт ба сӯи ҳам кардан, мутаассифона, бахше аз пайомадҳои муноқишаҳо байни ду ё се кишвар аст. Ба назари ман, айни замон раҳбарон ва мардуми маҳаллҳо дарк мекунанд, ки низоъ ба нафъи ҳеч яке аз тарафҳои дахил дар муноқиша нест ва дарвоқеъ, дипломатия, эҳтироми дутарафа, муколама ва машваратҳои сиёсӣ роҳҳои аслии ҳалли мушкил бояд бошад.”
Навори суҳбатро дар ин ҷо бинед:
Радиои Озодӣ: Шумо дар таҳлили худ гуфтаед, ки муноқиша байни Тоҷикистону Қирғизистон фақат як даъвое байни ду кишвари Осиёи Марказӣ нест, балки ҳодисаест, ки барои тамоми минтақа пайомад дорад. Шумо се роҳи ҳал пешниҳод кардед, яке ҳалли мушкил бо иродаи сиёсии фақат ду тараф ва дар заминаи боварӣ ба ҳамдигар, вогузор кардани роҳи ҳал ба дӯши Русия ва ё рафъи мушкил бо кумаки тамоми кишварҳои минтақа. Кадоме аз инҳо беҳтаранд ва ё натиҷа медиҳанд?
Филиппо Коста Буранеллӣ: “Пешбинӣ кардани роҳи беҳтарини ҳал мушкил аст. Агар бо ин фарз оғоз кунем, ки ҳадафи аслии ҳалли муноқиша ва созиши қобили қабул барои ду тараф, мардуме ҳастанд, ки дар марз зиндагӣ мекунанд, пас, роҳи аз ҳама қобили қабул ҳамон аст, ки онҳо меписанданд. Барои ҳамин, бовар дорам ва дар таҳлилам васеътар гуфтаам, ки ду ё се роҳи ҳал истисноӣ нестанд. Яке аз инҳо замоне кор мекунад, ки ҳамкориҳои дуҷониба вуҷуд дорад. Онгуна ки пештар гуфтам, машваратҳои сиёсӣ ва дипломатияи шаффофу боз ва бо эҳтироми ҳамдигар байни Бишкек ва Душанбе ва дар чаҳорчӯби васеи машварату муколама дар Осиёи Марказӣ натиҷа медиҳад. Барои ҳалли ин муноқиша бояд на танҳо тамоми манфиату эҳтиёҷҳои мардуми маҳаллаҳои наздимарзиро ба инобат гирифт, балки аз арзишҳои расмиву ғайрирасмӣ ҳам истифода бурд, ки на танҳо дар ин ду кишвар, балки тамоми минтақа метавон ёфт.
Аксҳо аз хонаҳои сӯхтаву вайроншуда дар Исфара:
Ба назари ман, ин муноқиша, ки фақат дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон рух дод, як навъ гӯшзади муҳиме ба минтақа аст, то як механизми аввалияро барои ҳал ва пешгирии муноқишаҳо таҳия кунад, то минтақа ба самти ба истилоҳ як ҷомеаи амн ҳаракат кунад. Амният дар як кишвар, амният дар тамоми минтақа ба ҳисоб меравад. Фикр мекунам, агар ин муноқиша дар дастури кори нишасти машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор бигирад ва айни замон Тоҷикистону Қирғизистон аз раҳбарони ду кишвар сар карда, то мардуми маҳаллӣ барои ҳалли он кор кунанд, пас ба назари ман ҳамин роҳи беҳтарини ҳалли низоъ ва решакан кардани таниш дар ин минтақаҳо мешавад."
Радиои Озодӣ: Агар ду кишвар натавонанд, роҳи ҳалли муноқишаро пайдо кунанд, барои вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, робитаҳои дуҷониба чӣ оқибатҳое дорад. Ва дар замоне, ки неруҳои Амрико ва ҳампаймонҳояш аз Афғонистон яке аз ҳамсояҳои ноороми минтақа берун мераванд?
Филиппо Коста Буранеллӣ: "Ин як суоли бисёр муҳим аст, ки ҷавоб гуфтан ба он ҳам мушкил аст. Мо мегӯем, як коре, ки сиёсатшиносон набояд кунанд, ҳамин пешбинӣ кардани оянда аст. Мутмаин нестам, ки посухи возеҳе барои ин суол дорам. Он чӣ ки метавонам, бигӯям, яке пайомадҳояш ин аст, ки бетағйир нигаҳ доштани вазъ мардуми маҳаллаҳои наздимарзиро дар шароите қарор медиҳад, ки бо тарсу хатар ва таниш зиндагии рӯзмараашонро пеш мебаранд. На фақат бо тарс барои зиндагии худ, тарс барои хонавода, тарс барои хонаву мол.
Аз ин рӯ, нигаҳ доштани вазъ ва идома додани эҳсоси ноамнӣ на танҳо ба афроди алоҳида, балки мардуми маҳаллаҳо ва ҳатто ҷомеаи кишвар таъсири манфӣ мегузорад. Агар муноқиша ҳал нашавад, робитаҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Қирғизистон ба нобоварӣ, бадгумонӣ олуда мешавад ва ҳамин чиз ҳоло ба минтақа даркор нест. Як сабабаш ин аст, ки минтақа дар ду-се соли ахир ҳаракати хубе ба сӯи ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ, инкишоф ва ҳамкорӣ ва ё ҳадди ақал ҳамоҳангсозӣ дошт. Чанде пеш ҳатто Туркманистон ба ин музокирот ҳамроҳ шуд. Ман метарсам, ки агар ин муноқиша ҳал нашавад, ин як ақибрафт барои минтақа мешавад ва роҳро барои даъвати бозигарони хориҷӣ барои дахолат ба ин муноқишаи маҳаллӣ боз мекунад.”
Аксҳо аз деҳаи Мақсати Қирғизистон пас аз муноқиша:
Радиои Озодӣ: Метавонад, сабаби такрори муноқиша шавад?
Филиппо Коста Буранеллӣ: "Ман инро сарфи назар намекунам. Масъала ин аст, ки муноқиша дар кадом миқёс. Ончӣ ман дар гузоришам гуфтам, ин бори аввал аст, ки чунин низоъ пас аз соли 1991 дар сарҳади ду кишвари Осиёи Марказӣ ба вуқуъ пайваст. Мутаассифона, дар гузашта ҳам шоҳиди хушунатҳое будем, вале ин хушунатҳо фақат дар дохили кишварҳои гуногуни алоҳида буданд. Дар инҷо ду кишвар барои порчаҳои марз муноқиша доранд, ки оқибатҳои бисёр бузурге барои зиндагии мардуми маҳаллаҳои наздимарзӣ дорад. Агар ин муноқиша ҳал нашавад, мумкин аст ва умедворем, ки чунин муноқишаи бузург дигарбора сурат намегирад, вале шояд, задухӯрд, тирандозӣ, истифода аз зӯр сурат бигирад ва то замоне ки мушкил ҳал нашавад."