Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон шаҳрвандони дар марз боздоштшудаи якдигарро иваз кардаанд.
Зубайдулло Шомадов, сухангӯйи ҳукумати Исфара, рӯзи 17-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, "мақомоти ду кишвар музокира карданд ва дар натиҷаи якдигарфаҳмӣ се шаҳрванди Тоҷикистон ва ду шаҳрванди Қирғизистон озод карда шуданд".
Пештар Абдукарим Алимбоев, раиси вилояти Бодканд, дар бораи боздошти се сокини Қирғизистон дар ҳудуди Тоҷикистон хабар дода буд.
Дар ҳоле ки ҳукумати вилояти Суғд ва ниҳодҳои дигари Тоҷикистон расман ҳодисаро шарҳ надоданд, дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Бодканд дар эъломияе иддао кард, ки се шаҳрванди Тоҷикистонро дар ҳудуди деҳаи Оқсой дастгир кардаанд. Айни замон манбаъ гуфтааст, "тибқи маълумоти пешакӣ, сокинони Тоҷикистон шаҳрвандони боздоштшудаи Қирғизистонро латукӯб ва ба беморхона бурдаанд".
Ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз ин хабарро тасдиқ ё рад накардааст.
Сухангӯйи ҳукумати Исфара Зубайдулло Шомадов гуфт, "се шаҳрванди моро аз "Газел" фароварда, гаравгон гирифтаанд, дар деҳаи Оқсой. Баъд инҳоро бо се сокини Қирғизистон, ки дар қаламрави Тоҷикистон ба даст афтода буданд, иваз карданд. Якдигарфаҳмӣ карданд, иваз карданд".
Сокинони Исфара мегӯянд, рӯзи душанбе дар роҳи Ворух – Исфара як мусофирбари "Газел" мавриди сангборони сокинони Қирғизистон қарор гирифт. Роҳи Ворух то Исфара аз маҳалҳои қирғизнишин мегузарад. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи ин ҳодиса расман иттилоъ надодаанд.
Камаш се сокини ҷамоати Ворух рӯзи 17-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мусофирбари "Газел" субҳи душанбе дар роҳ сангсор шуда, мусофиронаш мавриди зӯргӯӣ ва "таҳқиру дашном қарор гирифтаанд". Сокинон гуфтанд, равуо ба ҷамоати Ворух низ ҳудуди як соат қатъ ва пас аз музокироти маъмурони корҳои дохилии ду тараф кушода шудааст.
"Пас аз он ки гуфтанд, роҳ боз шуд, боз мардум хавф доштанд. Аз ин рӯ, аввал мошини кормандони милиса гузашт ва сипас моншинҳои дигар ҳаракат карданд. Роҳ боз карда шуд", -- афзуд як шоҳиди ҳодиса аз Ворух.
Ин ҳодисаҳо дар замоне иттифоқ афтодаанд, ки сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Қирғизистон рафтааст. Сухангӯйи ҳукумати шаҳри Исфара гуфт, нахуствазир аз маҳаллаи Хоҷаи Аъло ва ҷамоати Сомониён дидан кард, ки рӯзи 29-уми апрел шоҳиди задухӯрди мусаллаҳона буданд.
Ба гуфтаи ӯ, мақомот тасмим доранд, ки то 6-уми июни имсол манзилҳои оташгирифтаи сокинонро дар минтақаҳои наздисарҳадӣ барқарор кунанд, вале ӯ пайванди ҳодисаҳои рӯзи душанберо бо сафари нахуствазир рад кард.
Низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел рӯй дод. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ҷанҷоли ахири марзӣ 19 кас кушта ва 87 кас захмӣ шуд. Ҷониби Қирғизистон эълон кард, ки дар ин ҳодиса 189 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак, ҷон бохтанд.
Душанбеву Бишкек якдигарро барои оғози даргирии мусаллаҳона айбдор карда, барои таҳқиқи ҳодиса парвандаҳои ҷудогона кушодаанд.
Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб танҳо 519 километри онро муайян ва нишона гузоштаанд. Минтақҳои дигари баҳсӣ, ки аз обу замину чарогоҳ иборатанд, ҳар чанд вақт сабаби занозаниву тирпарронии сокинон ва нерӯҳои ду кишвар мешаванд.