Дармондани мошинҳои боркаш дар Қирғизистон ва Тоҷикистон. Ҷанг бо қочоқ ё пайомади низоъ? ВИДЕО

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон, акс аз 4-уми майи 2021

Ширкатҳои боркашонии Тоҷикистон мегӯянд, беш аз даҳ рӯз аст, ки мошинҳои онҳо дар вилояти Бодканду Ӯши Қирғизистон дармондааст. Ҳар рӯзи мондани мошинҳои боркашон барои ширкатҳо ҳазорҳо сомонӣ зиён меорад. То рӯзи 13-уми май 57 мошини боркашоне, ки ба Тоҷикистон бояд бор биоранд, дар Қирғизистон ҷамъ шудаанд.

Мақомоти Қирғизистон мошинҳои моро ҳамроҳӣ карда, то наздикии марз, ба Бодканд, оварданд, вале мардум ба гапи онҳо гӯш намекунанд.
Обидҷон Мирзобеков

Ин дар ҳолест, ки Дамира Юсупова, сухангӯи Раёсати корҳои дохилии Бодканд, бо нашри чанд акси мошинҳои боркашони, ба гуфтаи ӯ, шаҳрвандони Қирғизистон, иддао кардааст, “ин фураҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт шудаанд”. Иддаое, ки мақомоти Тоҷикистон инкор мекунанд.

Мушкили равуои мошинҳои боркашони Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҷанги 29-уми апрел дар марзи ду кишвар доғ шуд.

“Мардум гапи мақомотро намегиранд”

Обидҷон Мирзобеков, масъули ширкати “Каргоабумуслим”, ки аз Русия баставу борҳои фиристодаи муҳоҷиронро меорад, гуфт, мошинҳои боркашони ин ширкат бояд 30-юми апрел ба Тоҷикистон мерасиданд, аммо дар Бодканд дармонданд.

“Ронандаи мо шаҳрванди Қирғизистон аст. Мошин низ бо рақамҳои қирғизӣ сабт шудааст, аммо сокинони Бодканд намегузоранд, ки мошинҳо ба Тоҷикистон биоянд. Мақомоти ин кишвар мошинҳои моро ҳамроҳӣ карда, то наздикии марз, ба Бодканд, оварданд. Мардум ба гапи мақомот гӯш намекунанд”, -- гуфт ӯ рӯзи 13-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ронандагони даҳҳо мошини боркаши раҳсипор ба Тоҷикистон дар Қирғизистон дармондаанд.

Шаҳрвандони Қирғизистон рӯзи 11-уми май се мошини боркаши Тоҷикистонро дар вилояти Бодканд боздошт карданд. Онҳо худро аъзои “Артиши халқӣ” номида, гуфтаанд, пеши роҳи қочоқи бензину дизел ва дигар молҳоро ба Тоҷикистон хоҳанд гирифт.

Бодканд, моҳи марти 2021

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар медиҳад, ки ҳангоми боздошти мошинҳо байни ин ихтиёриён ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон моҷаро сар задааст. Боздошти мошинҳои Тоҷикистон дар наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ дида мешавад. Гуруҳе аз ҷавонон бо ронандагон баҳсу зӯргӯӣ мекунанд ва ишора мекунанд, ки мошинҳоро аз шоҳроҳ ба тарафи дигаре ронанд. Ронандагон итоат мекунанд.

Дамира Юсупова, сухангӯи Раёсати корҳои дохилии Бодканд, бо нашри чанд аксу навори комюнҳои дармондаи Тоҷикистон гуфтааст, “ин мошинҳо қонунӣ дар кишвар қарор доранд ва молу колоҳои дасти дувумро аз Русия ба Тоҷикистон меоранд”.

Мошинҳо озод карда нашуданд, чаро?

Дертар Раёсати умури дохилии вилояти Бодканд эълом дошт, ки мошинҳои тоҷикистонӣ аз тарафи он ва бо андешаҳои амниятӣ боздошт шудаанд. Сабир Апсаматов, сухангӯйи раёсати пулиси роҳи Бодканд, гуфт, мошинҳои боздоштшуда ба муассисаи махсуси ислоҳии вилоят бурда шуданд.

Вале мошинҳо озод карда нашудаанд ва гуфта мешавад, онҳоро бо мошинҳое иваз хоҳанд кард, ки дар ҳудуди Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон, акс аз бойгонӣ

Дар Раёсати Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар вилояти Суғд рӯзи 13-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мақомот барои равуои мошинҳои боркашони Қирғизистон ягон монеа ё маҳдудият эҷод накардаанд. “Агар ягон мошини боркашони Қирғизистон ҳоло дар Тоҷикистон ҳам бошад, бо хоҳиши худаш ин ҷо истодааст, мо касеро надоштаем”, -- гуфт як ҳамсуҳбати мо дар Раёсати гумруки вилояти Суғд.

Тоҷикистон аз миёни кишварҳои ҳамсояаш беш аз ҳама бо Қирғизистон гузаргоҳҳои сарҳадиву гумрукӣ дорад. Миёни ду кишвар 5 гузаргоҳ (сето дар вилояти Суғд, яке дар ноҳияи Лахш ва дигаре дар ноҳияи Мурғоб) ҳаст.

Бо вуҷуди кушода шудани масири Узбекистон барои боркашонӣ ба рӯйи Тоҷикистон, ҳанӯз Қирғизистон як роҳи муҳими тарнзитӣ мемонад. Тоҷикистон тавассути Қирғизистон аз Чину Қазоқистон ва Русия мол меорад.

"Қирғизистон се гузаргоҳро бо Тоҷикистон бастааст"

Дар ҳамин ҳол, ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт, се гузаргоҳи марзии Тоҷикистон бо Қирғизистон бо ташаббуси ҷониби ҳамсоя аз 29-уми апрел инҷониб бастааст.

Навбатдори Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳам рӯзи 13-уми май баста будани гузаргоҳҳои вилояти Суғдро бо Қирғизистон тасдиқ кард.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Чаро дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон оташи хушунат аланга гирифт?

“Дар шабонарӯзи охир дар гузаргоҳҳои байни Тоҷикистон ва Қирғизистон воридшавӣ ва хориҷшавии мошинҳои боркашон ба қайд гирифта нашудааст. Аммо аз ҷониби Тоҷикистон барои равуо ягон монеа нест. Мувофиқи омор аз аввали сол аз Қирғизистон ба Тоҷикистон 3610 мошини боркашон ворид шуда, 3614 мошин берун рафтааст”, -- гуфт як масъули Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ки нахост номаш зикр шавад.

"Артиши халқӣ"

Талабҳои қатъи қочоқи молу сӯзишворӣ ва доштани мошинҳои боркашони Тоҷикистон пас аз низои мусаллаҳонаи 29-30 апрел афзоиш ёфтанд. Барои ин кор аз ҳисоби фаъолони маҳаллӣ созмони махсуси “Артиши халқӣ” таъсис додаанд, ки гузарондани молу маҳсулотро аз Қирғизистон ба Тоҷикистон зери назорат дорад.

Юнус Каразаков

Яке аз ташаббускорони ин ҳаракат Юнусбек Каразаков ба Бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст: "Мо талаб мекунем, ки ба қочоқи маводи сӯхт, семент ва дигар молҳо ба Тоҷикистон хотима дода шавад. Мо худамон тасмим гирифтем, ки ягон кило зардолу ва биринҷро содир накунем. Охир, онҳо зардолу ва биринҷи моро бо тамғаҳои худ ва ба воситаи кишвари мо ба Русия ва Қазоқистон бурда мефурӯшанд. Ғайр аз ин, мо кор бурда истодаем, ки ба аҳолии маҳаллӣ фаҳмонем, ки талаб кунанд, мардикорони тоҷик набояд дар ин ҷо бо кор таъмин карда шаванд. Бас кардани қочоқ посух ба амали мақомоти Тоҷикистон аст, ки якпорчагии марзҳои моро нақз кардаанд ва ба мардуми осоишта оташ кушодаанд."

Ин фаъоли ҷамъиятӣ бо таҳрифи воқеият тарафи Тоҷикистонро гунаҳкор мекунад. Бино бар маълумоти ниҳодҳои Тоҷикистон, аз Қирғизистон ба Тоҷикистон семент ворид карда намешавад. Баръакс, Тоҷикистон ба Қирғизистон сементи арзон медиҳад. Ҳамчунин зардолуи Исфара қочоқӣ ба Қирғизистон бурда ва зери тамғаи он кишвар ба хориҷа содир мешавад. Дар мавриди низои ахир низ мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, аз тамомияти арзии худ дифоъ карданд ва баръакс ҷониби Қирғизистонро ба оғози даргирии мусаллаҳона айбдор мекунанд.

Мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, онҳо аллакай аз Тоҷикистон талаб кардаанд, ки қочоқи маводи сӯхтро боздорад. Дар ҷараёни даргириҳои мусаллаҳона дар марз, дар деҳаи Арқаи ноҳияи Лайлак, 27 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ оташ гирифт. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ин истгоҳҳо ба Тоҷикистон маводи сӯхт мефурӯхтанд. Бархе аз шоҳидон, аз ҷумла рӯзноманигор Неъматулло Мирсаидов, сӯзонда шудани ин нуқтаҳои фурӯшро рад, аммо қочоқӣ будани моли онҳоро тасдиқ мекунанд.

Бакит Дегенбоев, муовини вазири энергетика ва саноати Қирғизистон, расман гуфтаст, ки бо як қарори махсус содироти маҳсулоти нафтӣ манъ карда шуд: "Содироти нафти мо ба берун аз қаламрави Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мамнуъ аст. Биноан ҳеч гуна сӯзишворӣ на ба Узбекистон ва на ба Тоҷикистон фурӯхта намешавад. Мазут метавонад ба Афғонистон содир карда шавад, зеро он ба рӯйхат дохил карда нашудааст."

Қочоқ ё реэкспорт?

Масъалаи интиқоли молу мавод ба воситаи Бодканд дар порлумони Қирғизистон низ баррасӣ шуд. Исҳоқ Пирматов, раиси Кумитаи умури хориҷӣ, дифоъ ва амнияти порлумон ва узви ҷиноҳи "Республика - Ота-Журт" аз ҳукумат талаб кард, ки қочоқро манъ кунад.

Исҳоқ Пирматов

"Фурӯши сӯзишворӣ, ки Шумо онро қочоқ меномед, қочоқ нест. Ин реэкспорт аст. Зиёда аз 25 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, ки Шумо дар бораи онҳо сухан меронед, андоз месупоранд. Сӯзишворӣ, ки аз Русия бе боҷи гумрукӣ ворид карда мешавад, ба тоҷикони туфангчадор фурӯхта мешавад. Биёед, хазинаи давлатро бо ин роҳ пур накунем. Вобаста аз шумораи мошинҳои Бодканд, миқдори сӯзишвориро маҳдуд кардан лозим аст. Муовини собиқи сарвазир Акрам Мадумаров соли гузашта гуфта буд, ки "қочоқи маводи сӯхт дар инҷо қатъ шуд. Мо дар Кадамҷой посте таъсис додем. Пост дар куҷост? Мо танҳо мегӯем, бас кунед, аммо натиҷае нест", -- гуфт Исҳоқ Пирматов.

Дарозии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр аст. 519 километри он дақиқ карда шуд, боқимонда қитъаи замини баҳсӣ аст. Қариб ҳамаи минтақаҳои баҳснок сераҳолӣ мебошанд. Ду халқ бо ҳам тиҷорат мекарданд.

Масофаи байни шаҳри Бодканди Қирғизистон ва шаҳри Исфараи Тоҷикистон 15-20 километр ва масофаи байни ноҳияи Лайлак ва шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон 25 километр мебошад. Сокинони Қирғизистон қаблан дар шаҳрҳои Тоҷикистон тиҷорат мекарданд. Онҳое ҳам ҳастанд, ки барои табобат ба беморхонаҳои Тоҷикистон меомаданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Тоҷикону қирғизҳо мехоҳанд, монеаҳоро бардоранду хандақҳоро пур кунанд. ВИДЕО

Ба гузориши Кумитаи омори Қирғизистон, ин кишвар ба Тоҷикистон асосан маҳсулоти чорво, ширу тухм, маҳсулоти нимтайёр, меваю сабзавот ва маҳсулоти хушкро содир мекунад. Аммо дар бораи ҳаҷми интиқоли сӯзишворӣ маълумоти расмӣ вуҷуд надорад, зеро он асосан қочоқист.

Аз Тоҷикистон ба Қирғизистон асосан масолеҳи сохтмонӣ, пахта, матоъ, шарбату обмева, нӯшокиҳои спиртӣ, либос ва дигар ашё ворид карда мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи мавҷудияти қочоқ миёни ду кишвар ҳаргиз суҳбат накардаанд, вале расонаҳои марбут ба мухолифони сиёсии онҳо борҳо гуфтаанд, ки аз Қирғизистон ба Тоҷикистон асосан маҳсулоти арзони нафтӣ қочоқ мешавад ва бо нархи гарон ба фурӯш меравад.

Ин расонаҳо, аз ҷумла “Ислоҳ” ва Паём.нет матолиберо нашр мекунанд, ки бино бар онҳо қочоқи сӯзишворӣ ба наздикони раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз ҷумла яке аз домодҳои ӯ тааллуқ дорад ва солҳои охир густариши бештар ёфтааст. Вале, ба ақидаи коршиносон, тоҷир ва ширкатҳое, ки расман сӯзишворӣ ворид мекунанд, баракс зидди қочоқанд, чун он нархҳоро мешиканад.

Раиси Хадамоти амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар яке аз паёмҳояш қатъ кардани қочоқро аз ин марзҳо ҳамчун таҳдид ба унвони Тоҷикистон ба кор бурда буд.

Баъди ҷанҷол

Баҳси қочоқи молу сӯзишворӣ ва мушкили рафтуои мошинҳои боркашони Тоҷикистону Қирғизистон пас аз муноқишаи хунин дар марзи ду кишвар якбора доғ шуд.

Низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел рӯй дод. Бишкеку Душанбе якдигарро ба ҳамлаи мусаллаҳона муттаҳам кардаанд ва ҳоло ба таври ҷудогона ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ҷанҷоли марзӣ 19 кас кушта ва 87 кас захмӣ шудаанд. Ҷониби Қирғизистон эълон кард, ки дар ин ҳодиса 189 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак, ҷон бохтаанд.