Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон оташи хушунат аланга гирифт?


Муноқиша дар ноҳияи Исфара шуруъ шуд ва дар дигар манотиқи марзӣ доман зад.
Муноқиша дар ноҳияи Исфара шуруъ шуд ва дар дигар манотиқи марзӣ доман зад.

Анна Матвеева, пажӯҳишгари Коллеҷи Салтанатии Лондон, рӯзи 29-уми апрел бо Радиои Озодӣ дар бораи сабабҳои то ба ин ҳад шиддат гирифтани муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон суҳбат кард. Матвеева пайваста ба ҳарду кишвар сафар мекунад ва муаллифи чандин пажӯҳиш дар бораи амният дар Осиёи Марказист. Дар мусоҳиба нахуст аз ӯ пурсидем, ки сабабҳои аслии то ба ин ҳад авҷ гирифтани хушунат дар марз дар чист?

Анна Матвеева: "Яке аз сабабҳои асосии муноқишаҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон таъйину аломатгузорӣ нашудани марз аст, ки имкон медиҳад, ҳарду кишвар даъвоҳое пеш биёранд, ки якдигар қабул надоранд. Яъне, даъвоҳо барои қаламрав ба сабаби аломатгузорӣ нашудани марз чунин муноқишаҳоро бармеангезад. Аз назари ман, кашидани хати марз ба навъе, ки ҳарду тарафро қонеъ кунад, имконнопазир аст, магар ин ки мардумро ба дигар ҷой кӯчонанд. Аммо возеҳ аст, ки ҳеч кадоме аз ду кишвар ба кӯчонидан ва ё аз даст додани қаламрав ва ё табодули он розӣ намешаванд.

Яқин аст, ки Тоҷикистон розӣ намешавад, барои он ки ин ҷойҳо барояш бисёр муҳим ва сераҳолӣ ҳастанд. Ин мушкил солҳо боз ҷамъ мешуд ва дар пасманзари ҳал нашудани масоили марзӣ муносибатҳои байниқавмӣ шиддат гирифт, муносибатҳое, ки пештар содда буданд.

Ватанпарастӣ, ғурури миллӣ, истодагарӣ барои замини худ ҳоло барои одамоне ҳам муҳим шудааст, ки на дар Исфара ва на дар Ботканд будаанд.

Ҳоло тасаввуроти нодуруст, хотираҳои зиёд аз муноқишаҳои гузашта, бисёр ҷамъ шудааст, яъне, ҳоло аз назари эҳсос сабри одамон камтар шудааст, ки мунтазир монанд, масъала ба як навъе ба нафъи онҳо ҳал мешавад.

Саввум масъала табаддулот ва ё дар нохунак инқилоб аст. Ҳар вақте ки дар Қирғизистон як талотуме сурат мегирад, мавҷи миллатгароӣ оғоз мешавад. Ҳарчанд ин ҳисси миллатгароӣ ҳеч иртиботе ба инқилоб надорад, ба ҳар сурат боло мегирад ва ба ҳукумат сиёсатмадороне меоянд, ки мавзеъгириҳои шуҳратталабона доранд. Мисли Ҷабборов ва бахусус Тошиев, ки мехоҳанд, нишон бидиҳанд, мо сиёсатмадорони ҳақиқӣ ва қотеъ ҳастем, мо тарафдори мардумем, мо зӯрем ва мушкилеро, ки ҳукумати пешина ҳал накард, ҳал мекунем. Ин кор ба мақомоти маҳаллӣ, ба мақомоти ноҳияҳо ангезаи эҳсосӣ медиҳад, ки ҳамингуна мавзеъгириро пеша кунанду гӯянд, ки мо бояд барои манофеи худ истодагарӣ кунем.

Аз тарафи тоҷикон ҳам дар чанд соли охир вазъ тағйир кард, яъне муносибатҳо бо Узбекистон бисёр беҳтар шуд. Тоҷикистон дигар мисли пешина дар инзиво қарор надорад. Яъне, ҳоло ба ҷойи роҳҳои Қирғизистон, интихоб вуҷуд дорад. Ҳоло интихоб барои тиҷорати додугирифт ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ вуҷуд дорад. Ин амр ба тарафи Тоҷикистон ҳам андаке боварӣ дод ва майли он ба таҳаммул кардани вазъеро кам кард, ки ба онҳо маъқул нест.”

Радиои Озодӣ: Шумо дар бораи сиёсатмадорони шуҳратталаб суҳбат кардед ва Тошиевро ном бурдед. Баёнияи ӯ дар бораи иваз кардани Ворух бо қаламравҳои Бодканд аз ҳамин баёнияҳои шуҳратталабона буд ва ё пешниҳоди воқеӣ, ки амалӣ карданаш имкон дорад?

Анна Матвеева: "Ба назари ман, ин як шиори эҳсосӣ аст, ки барои мардуми дохили кишвар равона шудааст, ки бубинед мо пешниҳодҳои гуногун мекунем, вале онҳо қабул намекунанд ва ҳатто ҷавоб намедиҳанд.

То куҷо Тошиев аҳамияти Ворух ва Чоркуҳ барои Тоҷикистонро мефаҳмад, маълум нест, вале у дастёр, мушовир, корманд дорад, ки хуб мефаҳманд ва медонанд, ки чунин пешниҳод барои Тоҷикистон ғайриқобили қабул аст ва онҳоро асабонӣ мекунад ва ин оғози музокирот нест.

Айни замон ин баёния як ноумедӣ ва нотавониро нишон медиҳад, ки корҳо ҳеч гуна пеш намераванд. Яъне, усулҳое, ки ҳукуматҳо мехоҳанд, масъаларо ҳал кунанд, ҳеч натиҷа намедиҳад. Айни замон агар ба муносибат байни Узбекистону Қирғизистон нигоҳ кунем, инҷо пешрафтҳои воқеӣ ҳаст ва ҳамон Тошиев дар усул ба ин масъала созанда рафтор кард ва ба ҳамватанонаш гуфт, онҳо низ бояд дар сурати иваз кардани қаламравҳо баъзе гузаштҳо кунанд. Дар ин масъала ӯ мисли сиёсатмадоре рафтор кард, ки саъй дорад, мушкилоти воқеиро ҳал намояд."

Радиои Озодӣ: Муноқиша дар рӯзе сурат мегирад, ки намояндагони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, ки Тоҷикистону Қирғизистон узви он ҳастанд, дар Душанбе ҷамъ омада ва амният дар минтақаро баррасӣ мекунанд. Инро чӣ гуна метавон фаҳмид?

Анна Матвеева: "Ба назари ман, воқеан ин тасодуфӣ аст, чунки созмонҳои минтақавӣ ва кишварҳои саввум ҳеч гоҳ ба ин масоил дахолат намекарданд. Вақте ҳатто Русия, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Созмони Милал ва дигар кишварҳои ғарбӣ барои ҳалли муноқиша ва фурӯ нишондани таниш миёнҷигарии худро пешниҳод карданд, ҳамеша ва бахусус тарафи Тоҷикистон қотеона онҳоро рад мекарданд ва мегуфтанд, ки мушкили марз, масъалаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қиғизистон аст ва онҳо ният доранд, масъаларо бе миёнарав ҳал кунанд. Барои ҳамин, фикр намекунам, ки онҳо мехоҳанд, ба ин раванд каси дигареро ҷалб намоянд. Вале ин шиддат гирифтани авзоъ Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ва дигар ниҳодҳои байналмилалиро дар вазъи ногуворе қарор медиҳад, чунки онҳо наметавонанд, тарафи якеро бигиранду муқобили дигаре шаванд. Онҳо фақат метавонанд, ба сулҳ даъват кунанд. Аз онҳо ҳеч гуна иқдоми мушаххасеро интизор надоранд. Аммо агар вазъ бадтар шавад, он гоҳ интихоби бисёр мушкиле пеш меояд."

Радиои Озодӣ: Шумо дар мукотиба ба мо гуфтед, ки метарсед, вазъ ин дафъа аз назорат хориҷ мешавад. Чаро?

Анна Матвеева: "Барои он ки тамоми минтақа дар Исфара ва Бодканд аз нерӯҳои мусаллаҳи ду тараф пур шудааст. Дар он ҷо марзбонон, нерӯҳои Кумитаи амнияти миллӣ ҳастанд, дар онҷо аслиҳаи зиёд ҳаст, аз ҳарду тараф иттилоъ дар бораи сангу тирандозӣ аз аслиҳаи шикорӣ ва дигар мерасад. Албатта, дар натиҷа захмиву куштаҳо ҳаст. Ҳоло нерӯҳои қудратӣ ва марзбонон ба ҳамдигар тирандозӣ мекунанд. Аслиҳаи онҳо комилан дар сатҳи дигар аст. Агар онҳо вориди муноқишаи ҷиддӣ ва боз шаванд, он гоҳ талафот ҷиддӣ мешавад, он гоҳ муноқиша аз қаламрави як кишвар ба дигарӣ мегузарад. Онҳо то кунун ин марзи шартиро намегузаштанд."

Радиои Озодӣ: Ҳоло ягон роҳи ҳал ҳаст?

Анна Матвеева: "Як роҳи ҳал ин аст, ба ҳам бигӯянд, биёед ором шавем, нерӯҳоро ақиб кашем, дастҳои ҳамдигарро мефишорем ва умедвор мешавем, ки Комиссияи дуҷонибаи таъйину аломатгузории марз ягон қароре қабул мекунад. Ин як роҳест, ки солҳои дароз дар он меомаданд, комиссияҳо менишастанд, таркибашон дигар мешуд, вале ягон қароре қабул накардаанд.

Роҳи дигар ва радикалӣ ин аст, ки ин масъаларо бо риояти тамомияти арзии ду кишвар ҳал мекунем. Кашидани хати марз номумкин аст ва агар мумкин ҳам бошад, бо талафоти зиёде хоҳад шуд, ки ҳеч тарафе онро намехоҳад. Яъне, бояд минтақаро ба минтақаи истифодаи умумӣ ва мудирияти дутарафа табдил дод ва ба вазъе баргашт, ки дар замони Шӯравӣ буд. Он вақт ҷанҷолҳои хурд барои обу замин сабаби бад шудани вазъ намегашт.

Ҳолӣ чӣ шудааст? Ҳоло аз ин ҷанҷолҳои маҳаллӣ тамоми ҷомеа хабар дорад, чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар Қирғизистон. Мардум ба ин раванд кашида шудаанд. Ватанпарастӣ, ғурури миллӣ, истодагарӣ барои замини худ ҳоло барои одамоне ҳам муҳим шудааст, ки на дар Исфара ва на дар Бодканд будаанд. Инҷо мо шоҳиди мавҷи бузурги эҳсос шудаем ва ҳамаи ин сарусадоро дар бораи ҳодисаҳо зиёд мекунад. Ба ин раванд теъдоди зиёдтари мардум кашида мешаванд ва дар ин фазои сиёсишуда ва асабоният ва аслиҳаи зиёд, метавонад алангаи тасодуфие бархезад ва баъдан доман занад."

XS
SM
MD
LG