Деҳаи Хоҷаи Аъло дар ҷамоати Чоркӯҳ рӯзи 29-уми апрел макони аслии даргирӣ дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон буд.
Ба иллати баста будани роҳ ва пахш нашудани маълумот аз тарафи мақомоти Тоҷикистон дар рӯзҳои аввали низоъ чунин бардоште ҳосил шудааст, ки гӯё танҳо хонаҳо дар ҳудуди Қирғизистон сӯхта ё валангор шудаанд. Мақомоти ин кишвар аллакай дар рӯзи дувуми муноқиша хабар доданд, ки дар деҳоти вилояти Бодканди Қирғизисттон 78 хона, 2 мактаб, маркази тиббӣ, 3 посгоҳи марзӣ, боғчаи бачагон, 10 дукони маводи сӯхт, идораи умури дохилӣ ва 8 дӯкон сӯхтаанд.
Ба хабарнигори Радиои Озодӣ танҳо пас аз се рӯзи воқеа муяссар гашт ба ҷамоати Чоркӯҳ сафар карда, вайрониҳои онро бинад ва бо сокинон суҳбат кунад.
Видеоро ин ҷо тамошо кунед.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Хабари хароб шудани хонаашро дар Русия шунид
Сокинон мегӯянд, рӯзи муноқиша бештар аз 5 ҳавлӣ тахриб шуданд. Хонаи Зиёвиддин Аъзамови муҳоҷир низ яке аз онҳост. Ӯ хабари хароб шудани манзили зисташро дар Русия шунид.
Ҳисомиддин Аъзамов, бародари ӯ дар суҳбат ба Радиои Озодӣгуфт, ки бародараш бо заҳмати панҷсола дар Русия чор манзили таҳхонадор сохт, вале дар як шаб ҳама ба коми оташ рафт.
“Ба ҳеҷ чиз не, ба китоби қуръонаш дилам месӯзад, ки сӯхтанд. Тамоми чизҳояш буд. Бачаҳои қирғиз омада, ба воситаи бензин алов сар додаанд”,--гуфт ӯ. Тасдиқи ин маълумот аз тарафи манбаъҳои мустақил душвор ё ғайримумкин аст. Вале соҳиби хонаи сӯхта ва ҳамдеҳагони ӯ ба ончӣ мегӯянд, мутмаинанд.
Дар ин ҳавлӣ шаш нафар зиндагӣ мекарданд, ки аксаран занону кӯдакон ҳастанд. Дар авҷи муноқиша бо кӯмаки мақомот ба ҷойҳои амн интиқол ёфта буданд.
"Чӣ бадие ба бародарони меҳрубони қирғиз кардаам?"
Саодат Файёзова, сокини Хоҷаи Аъло гуфт, ки вақти оташ задани манзили зисташ дар хона касе набуд.
“Ягон ҷиҳозро нагирифта ва фақат як сару либос доштем. Бо кӯдакони хурд гурехта рафтанд. Дар хона ҳеҷкас набуд ва хона бесаробон гуфта, омада сӯхтор карданд. Ҳоло модарам дар шаҳри Исфара ҳастанд ва шароиту пул надоранд”,--гуфт ӯ.
Низом Шамсидинов, сокини Хоҷаи Аъло гуфт, ҳеҷ бадие ба касе накарда буд ва ҳайрон аст, ки чаро хонаи ӯро оташ задаанд.
Ӯ гуфт: “Як бор рафта хонаамро бинед. Ман чӣ бадие ба бародарони меҳрубони қирғиз кардаам, ки 11 дар хонаамро вайрон кардаанд”.
Низом Шамсиддинови 65 сола, нафақат дар ин ҳодиса манзилашро аз даст дод, балки ҳосили чандсолаи деҳқониаш низ ба коми оташ рафт.
Ӯ гуфт, ки панҷ тонна гандум, даҳ тонна шолӣ ва ду сола захираи зардолуи хушкаш низ нобуд шудааст.
Эҳсон садои харобкоронро шинохт
Эҳсон Салимов, сокини дигари Хоҷаи Аъло лаҳзаи оташ гирифтани хонаашро бо садои қирғизтаборони ҳамсояаш дар видеое аз шабакаҳои иҷтимоӣ дидааст. Дар ин видео нафаре бо забони қирғизӣ мегӯяд, ки маҳаллаҳои тоҷиконро вайрон карданд.
Ӯ бо нишон додани навор аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба мо гуфт: “Ин ҳамон маҳаллае аст, ки дар навор нишон дода шудааст ва ҳоло сӯхта хокистар шудааст. Ҳамин хона хонаи мо аст ва мо ҳамроҳи падарам зиндагӣ мекунем. Ман оиладор, соҳиби се фарзанд, падарам, модарам ва додарам бо ҳам зиндагӣ мекунем”.
Дар ҳамин ҳол сокинони деҳаи дигари марзӣ дар ҷамоати Чоркӯҳ мегӯянд, хисороти бошандагони деҳаи Сомониён бештар аз Хоҷаи Аъло аст. Шариф Назаров, сокини ин деҳа замоне, ки хонааш месӯхт, дар ҷойи кораш, посбонии мактаб қарор дошт ва зану фарзандонаш аз тарси овозаи ҷанг хонаро тарк карда буданд.
Ӯ ба мо зиёни расида аз сӯхторро нишон дод: “Телевизор, ҷевон ва дигар чизу чораҳоям сӯхта тамом шудаанд. Рӯзи 29-ум, тахминан соати 4 буд, ки ҷанг сар шуд ва ҳамсояҳои қирғиз хонаву мошини моро алов сар доданд. Агар мо наздик мешудем, моро мекуштанд, барои ҳамин мо наздик омада оташро хомӯш карда натавонистем. Бо се фарзанду занам ҳаминҷо зиндагӣ мекунем ва ҳоло онҳо дар хонаи хешу таборанд. Ман дигар чизу чора надорам ва худам ҳам дар ҳамин гӯшаи ватанам, ҳеҷ ҷо нарафта зиндагӣ мекунам.”
"Бародарам тир хӯрд"
Оқил Тоҷиев, сокини дигари зарардида аз деҳаи Сомониён нақл кард, ки аввал оғилҳояшонро оташ заданд. Ӯ гуфт, вақте сокинон барои хомуш кардани оташ омаданд, ки тирборон шуданд.
“Додарам ҳам омад, ки тир хӯрд. Хонаи додару бародарам низ вайрон шуд. Мо дигар ҷой надорем умуман. Молҳоям гум шудаанд. Чӣ қадар зарар дидаам, намедонам, вале чандин сол меҳнат карда ҳамаашро барои ободии ҳамин ҳавлӣ сарф карда будам. Инро қирғизҳо карданд, бояд ёфта диҳанд ва мақомоти мо кумак кунанд. Зану хоҳарам ҳоло куҷо рафта хоб мекунанд, намедонам, дигар тавони инхел пул ёфтанро надорам ”,--гуфт Тоҷиев.
Ғафурҷон, сокини деҳаи Сомониён гуфт, ки ҳангоми талоши хомуш кардани оташ ба сӯяшон тир кушодаанд.
“Бародарам аз сӯи қирғизҳо тир хӯрд ва дар беморхона хоб аст. Аз 2000- ум сол то ҳозир ин хонаҳоро сохта ва ҳамаашро таъмири замонавӣ карда будем. Хона, оғил, ҳаммом ва ҳама чизу чораҳо ба коми оташ рафтааст.”,--гуфт ӯ.
"Вақте захмиёнро интиқол медодем..."
Кормандони тиб мегӯянд, он рӯз аз ҷониби қирғизҳо бо нақлиёти ёрии таъҷилӣ низ тир кушодаанд ва монеъи интиқоли захмиҳои тоҷик шудаанд. Онҳо мегӯянд, аз рӯи қоидаи ҷанг ба нақлиёти тиббию кӯмакрасонҳо, ки дар ҳодиса қувваи бетараф ҳастанд тир холӣ кардан мумкин нест.
Муҳаммад Аҳмадов, ронандаи нақлиёти “Ёрии таъҷилӣ” он рӯзро чунин ёд кард: “Ба мо гуфтанд, ки дар чорроҳаи Хоҷаи Аъло аз ду тараф тирборон карда истодаанд ва бояд бо суръати тез гузарем. Ҳатман мо хеле босуръат рафтем, вале хеле тир расид. Чанд бор қариб ба ман тир расад ва аз паҳлӯям гузашт. Ин рӯзи 29- ум буд. Аслан ронандаи ин нақлиёт дигар кас буд, вале чун он нафар дигар нарафтанд, ман фикр кардам, ки шояд тир хӯрда бошад ва худам рафтам. Якчанд захмиҳоро кашондам”.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 3-юми май эълон кард, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ дар муноқишаи ахири марзӣ дар ҳудуди се ҷамоати Исфара 14 хона комилан ва 2 манзили зист қисман вайрон шуданд. Як иншооти ёрирасон низ зарар дидааст. вале сокинон мегӯянд дар ду деҳаи ҷамоати Чоркӯҳ ҳудуди 20 хонаву иншоот вайрон шудааст.
Сокинон мегӯянд, афроде, ки зиён расонидаанд, бояд пайдо кунанд ва онҳо ҷуброн пардозанд.
Раиси вилояти Суғд гуфт, хонаҳои вайроншударо то як моҳи дигар мақомоти Тоҷикистон месозанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, дар ин муноқишаҳо аз ҷониби Тоҷикистон 19 нафар ба ҳалокат расида, 87 кас захмӣ шудаанд.
Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар муноқишаи ахири марзӣ 183 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 нафар, аз ҷумла ду кӯдак ҷон бохтаанд. Ҳарду кишвар якдигарро ба шурӯи ҷанг ва хисороту талафоти зиёд аз он айбдор мекунанд. Аз ҳарду тараф даҳҳо манзили зист тахриб шудааст. Ҳарду тараф ба таҳқиқи воқеаҳо сар кардаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Дар Тоҷикистон барои осебдидагони ҷанг дар марз кумак ҷамъ меоранд. ВИДЕО ИНЧУНИН, БИХОНЕД: 19 кушта ва 87 захмӣ. Тоҷикистон ба таври расмӣ шумораи қурбониёни муноқишаи марзиро бо Қирғизистон эълон кард ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Душанбеву Бишкек барои таъини марз ва сохтмони роҳи Хоҷаи Аъло – Ворух ба созиш расидаанд ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Мушкили Тоҷикистону Қирғизистон аз душному сангпартоӣ ба тиру таркиш гузашт. Чаро? ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Раиси вилояти Суғд гуфт, "берун овардани нерӯҳо аз марз оғоз шудааст"