Мақомоти Тоҷикистон баъди як ҳафта ба таври расмӣ шумораи ҳалокшудагони ҷанҷоли ахир дар марз бо Қирғизистонро эълон карданд. Ҷониби Қирғизистон ҳанӯз дар рӯзҳои аввали ҳодиса чунин оморро дар ихтиёри расонаҳо қарор дода буд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, дар ин муноқишаҳо аз ҷониби Тоҷикистон
- 19 нафар ба ҳалокат расида,
- 87 кас захмӣ шудаанд.
Қаблан Радиои Озодӣ мустақилона рӯйхати қурбониёнро тартиб дода буд.
Дар ҳамин ҳол, ҳукумати вилояти Суғд эълон кард, ки дар умум ба оилаҳои ҳалокшудагону захмиён аз тарафи ҳукумат 3 миллион сомонӣ кумак шудааст. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ барои ҷамъ овардани ёрӣ ба осебдидагони муноқишаи ахир дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Қирғизистон даст ба кор шудаанд.
Рӯйхати расмии онҳое, ки дар ин муноқишаҳо ҷон бохтанд:
- Бахтовар Маҳмудов, сокини ҷамоати деҳоти Сурхи Исфара;
- Собир Ваҳҳобов, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;
- Манучеҳр Қаландаров, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;
- Ҳакимбой Ниёзов, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;
- Нусратулло Набиев, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;
- Ҳасанхон Шаропов, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;
- Далер Эшонов, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;
- Иброҳим Ҳошимзода, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;
- Ҳикматуллоҳ Маҳкамов, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;
- Меҳрафрӯз Болтаев, сокини ҷамоати Ворух;
- Нозим Каримов, сокини шаҳри Конибодом;
- Умедҷон Юсупов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
- Ҷасур Сиярқулов, сокини ноҳияи Деваштич;
- Ҳасан Акбаров, сокини ноҳияи Фархор;
- Аслиддин Абдузамонов, сокини ноҳияи Нуробод;
- Абдулло Саидов, сокини ноҳияи Нуробод;
- Некрӯз Ғафурзода, сокини шаҳри Турсунзода;
- Салоҳиддин Гадоев, сокини ноҳияи Ховалинг;
- Маҳмадулло Раҷабзода, сокини ноҳияи Муъминобод.
Дар ҷангу ҷидоле, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо кас захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон эълон кард, ки дар ин ҳодиса 189 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак, ҷон бохтаанд.
Ҳарду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг муттаҳам мекунанд ва Додситониҳои кулли Тоҷикистону Қирғизистон барои пажӯҳиши ҳодиса парвандаҳои ҷиноӣ кушоданд.
Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб танҳо 519 километри онро муайян ва нишона гузоштаанд. Минтақҳои дигари баҳсӣ, ки аз обу замину чарогоҳ иборатанд, ҳар чанд вақт сабаби занозаниву тирпарронии сокинон ва нерӯҳои ду кишвар мешаванд.