Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон барои осебдидагони ҷанг дар марз бо Қирғизистон кумак ҷамъ меоранд. ВИДЕО


Яке аз манзилҳои сӯхта дар деҳаи Сомониёни Исфара. 2-юми майи 2021
Яке аз манзилҳои сӯхта дар деҳаи Сомониёни Исфара. 2-юми майи 2021

Дар Тоҷикистону берун аз он ҷамъоварии кумак ба оилаҳое, ки ҳангоми ҷанҷоли марзӣ бо Қирғизистон хонаву дари худро аз даст доданд ва ё нимавайрона ёфтанд, оғоз шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ба ҳисоби ибтидоӣ, дар ин даргирӣ дар ноҳияҳои Исфараву Бобоҷон Ғафуров бист хонаву бинои иҷтимоӣ осеб дидааст. Аммо бар асоси рӯйхате, ки ихтиёриён дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд, танҳо дар як ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара 34 манзил пурра ё қисман хароб шудааст.

Аксҳо аз Хоҷаи Аълову Сомониён:

Кумакҳоро ба зарардидагон ихтиёриён ва намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ гирд меоранд. Ин ёриҳо аз маблағу хӯрок ва либосу ҷиҳози дигар иборат аст. Яке аз сандуқҳои хайрияро барои сокинони осебдидаи ҷамоати Ворухи Исфара дар маркази Душанбе гузоштаанд.

"Хуб нест, ки мо хурсанду онҳо ғамгин бошанд"

Рӯзноманигор Ситора Киромова ва чанде аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ду рӯз боз ба ҷамъоварии кумак барои осебдидагон дар ҷамоатҳои Воруху Чоркӯҳи Исфара ва Хистеварзу Овчӣ-Қалъачаи Бобоҷон Ғафуров оғоз кардаанд.

Ӯ мегӯяд, қарор аст, ёриҳои ҷамъшударо рӯзи шанбе (8-уми май) аз Душанбе ба Суғд бурдаву ба дасти ниёзмандон супоранд. Ситора Киромова рӯзи 5-уми май гуфт: "Ҳадафи мо, пеш аз ҳама, дастгирии зарардидагон аст. Дуруст нест, ки дар аёми Иди Фитр мо дар ин ҷо кунему онҳо дар ҳолати бад қарор дошта бошанд. Мехоҳем, фарзандону ақрабои онҳо дар баробари мо хурсандӣ кунанд."

Ҳоло гуруҳҳои зиёд ва шахсони алоҳида омодаи кумак ба сокинони зиёндида дар минтақаҳои наздимарзӣ будаанд.

Маркази "Насли навини тоҷикон" (Ню-Йорк) ва гурӯҳи "Ахбор барои афкор" дар Фейсбук низ корти кумак ба мардуми Ворух ва хонаводаҳои аскарони кушташуда дар ҷанҷоли марзиро фаъол кардаанд.

Ҳукумат гуфт, хонаҳои вайроншударо месозад

Зуҳуршо Мирзоев, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, "ҳеч кас, ба фикри ман, дар чунин вазъ бетараф буда наметавонад. Тамоми ҷомеа, натанҳо шахсони пулдор, балки сокинони оддӣ ҳам метавонанд бо як сухани хуб онҳоро дилбардорӣ кунанд. Бояд ба ҳар тавре, ки метавонем, дастгирӣ кунем ва дигар ин мушкил ба сари мардуми мо наояд."

Дар ин миён онҳое низ ҳастанд, ки кумакрасониро дар ин шабу рӯз вазифаи аслии ҳукумат медонанд.

Дар Тоҷикистон барои осебдидагони ҷанг дар марз кумак ҷамъ меоранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, хонаҳои вайроншудаи сокинонро ба зудӣ сохта медиҳанд. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 5-уми май дар як суҳбати телефонӣ бо раиси вилояти Суғд дастур додааст, ки "то моҳи оянда манзилҳои истиқоматии харобгардида ва осебрасидаро пурра бунёду барқарор кунанд ва бо маводи зарурии рӯзгор таъмин намоянд."

Садҳо захмиву кушта ва манзилҳои сӯхта

Дар ҷангу ҷидоле, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо кас захмӣ шуда, даҳҳо манзилу иншоот сӯхтааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 3-юми май эълон кард, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ дар муноқишаи ахири марзӣ дар Исфара 14 хона комилан ва 2 манзили зист қисман вайрон шуда, як иншооти ёрирасон зарар дидааст. Ҳамзамон қисман як мактаби миёна ва хонаи истиқоматӣ дар деҳаи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тахриб гардидааст.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар натиҷаи муноқиша дар марз бо Тоҷикистон 78 манзил, ду мактаб, як нуқтаи тиббӣ, се дидбонгоҳи марзӣ, як боғча, 10 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, бинои шуъбаи корҳои дохилӣ ва 8 мағоза оташ гирифтааст. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, Қамчибек Тошиев, гуфт, ки "барои мардумамон худамон хона месозем". Айни замон дар Қирғизистон маъракаи кумак ба осебдидаҳо роҳандозӣ шудааст.

Аксҳо аз деҳаи Мақсати Қирғизистон:

Ҳарду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг муттаҳам мекунанд ва Додситониҳои кулли Тоҷикистону Қирғизистон барои пажӯҳиши ҳодиса парвандаҳои ҷиноӣ кушоданд.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб танҳо 519 километри онро муайян ва нишона гузоштаанд. Минтақҳои дигари баҳсӣ, ки аз обу замину чарогоҳ иборатанд, ҳар чанд вақт сабаби занозаниву тирпарронии сокинон ва нерӯҳои ду кишвар мешаванд.

XS
SM
MD
LG