Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси вилояти Суғд гуфт, "берун овардани нерӯҳо аз марз оғоз шудааст"


Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар Исфара. 30 апрели соли 2021
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар Исфара. 30 апрели соли 2021

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, гуфт, вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон "ором аст" ва баровардани нерӯҳо оғоз шудааст. Марзи Тоҷикистону Қирғизистон ду рӯзи охир шоҳиди муноқишаи хунин шуд, ки аз ҳарду тараф даҳҳо захмӣ ва кушта боқӣ гузошт.

Аҳмадзода, ки дар шаҳри Исфара қарор дорад, рӯзи 30-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, "шаби гузашта вазъ ором буд ва ягон ҳодисаи нохуш нашуд." Ҳарчанд баъзе аз сокинон гуфтанд, шаби гузашта тирпарониҳои пароканда шунида шуд.

“Гуфтугӯҳо оғоз шуданд. Комиссияи байни Тоҷикистону Қирғизистон барои баровардани қувваҳо ва аз сар гирифтани равуо ва барқарории сулҳу осоиш барои ду халқ ташкил шудааст”, -- гуфт раиси вилояти Суғд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки дар Исфара қарор дорад, мегӯяд, занону кӯдаконро аз деҳаҳои Хоҷа Аъло ва Сомониён ба таври дастҷамъӣ ба ҷойҳои амн мекӯчонанд. Хабарнигори мо мегӯяд, роҳ миёни Исфара ва Ворух расман кушода аст, аммо сокинон аз рафтуо дар ин масир хавф доранд. Бо вуҷуди ин, мошинҳои "Ёрии таъҷилӣ" захмиёнеро, ки аз дирӯз дар маҳаллаҳо монда буданд, ба беморхонаҳо интиқол медиҳанд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ ва "Азия-Плюс" дар ин ҷо барои муддати кӯтоҳ боздошт шуданд ва аз онҳо талаб карда шуд, ки наворҳои худро пок карда, дар бораи кӯчондани аҳолӣ гузориш надиҳанд.

Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳоле барои баровардани артиш аз марз тавофуқ кардаанд, ки тибқи хабарҳо ҳарду тараф дар наздикии марз нерӯ ҷамъ мекунанд.

Ба ҷуз аз марзи Исфара ва Бодканд, сокинон гуфтанд, ки шаби гузашта дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Лайлак низ тирпарронӣ шудааст.

Абдуҳамид Одинаев, муовини раиси ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, гуфт, рӯзи 29-уми апрел ба ҷавони 32-солаи ин ҷамоат, Умедҷон Юсуфов тир расид ва ӯ ҷон дод. Одинаев гуфт, ба ҷуз ин чанд сокини дигари деҳаи “Овчӣ-Қалъача” ҳам захм бардоштанд.

Мақомоти Тоҷикистон аз додани маълумоти дақиқу комил дар бораи кушташудагону захмиёни ду рӯзи низоъ дар минтақаи марзӣ сарпечӣ мекунанд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон шумори умумии маҷруҳонро дар муноқишаи ахир 134 ва теъдоди фавтидагонро 13 нафар гуфт.

Раиси вилояти Суғд гуфт, вазъ дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам муътадил аст.

Мақомот дар вилояти Бодканди Қирғизистон ҳам вазъро муътадил арзёбӣ карданд ва гуфтанд, он таҳти назорат аст. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ бо такя ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон дар Бодканд хабар дод, ки айни замон дар минтақаи наздимарзӣ таҳти назорати комил аст ва кормандони ниҳодҳои қудратӣ посгоҳҳо таъсис дода, бо аҳолии маҳаллӣ корҳои фаҳмондадӣ мегузаронанд.

"Бо мақсади таъмини амнияти сокинони маҳаллӣ, милитсия дар якҷоягӣ бо ҳайати шахсии Раёсати корҳои дохилии вилоят ва дигар сохторҳои қудратӣ тартиботи ҷамъиятиро тақвият мебахшанд", -- омадааст дар хабар.

Дастгоҳи раёсати ҷумҳури Қирғизистон ҳам рӯзи 30-юми апрел бо нашри изҳороте гуфт, вазъ дар вилояти Бодканд ба эътидол омада, зери назорати президент Содир Ҷабборов қарор дорад. Дар баёнияи дафтари раёсати ҷумҳури Қирғизистон омадааст, ки "айни замон ба фиристодани ихтиёриён ба минтақаҳои наздимарзӣ ниёз нест ва даъват мекунад, ки ин кор ба мақомоти дахлдорӣ давлатӣ, ки намояндагони онҳо дар қисмати марзи давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷойгиранд, супорида шавад".

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел дар наздикии дарғот ё Маркази тақсими об шуруъ шуда, рӯзи 29-уми апрел идома кард. Сокинон якдигарро ба сангандозӣ ва мақомоти марзбонии ду кишвар якдигарро ба шурӯи тирпарронӣ айбдор карданд.

Дар даргирии ду рӯзи охир аз ду тараф даҳҳо нафар захмӣ шудаанд. Вазорати тандурустии Қирғизистон дар бораи фавти се нафар гузориш дод. Мақомоти Тоҷикистон расман теъдоди маҷруҳон ва ҳалокшудагонро нагуфтаанд.

Пас аз ду рӯзи муноқишаҳои хунин, дершаби 29-уми апрел ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон барои хатми муноқиша ва оғози гуфтугӯҳо ба созиш расиданд. Тибқи ин созиш, ҷонибҳо муноқишаи мусаллаҳонаро хотима мебахшанд, ҳайати шахсӣ ва таҷҳизоти ҳарбиро ба макони доимии ҷойгиршавиашон бармегардонанд ва барои роҳ надодан ба ташаннуҷи авзоъ чораҳо меандешанд.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва танҳо 519 километри онро таъину аломатгузорӣ кардаанд. Боқимонда минтақаҳои баҳсӣ ҳастанд. Ин вазъ аксар вақт боис ба ихтилофи назар дар истифодаи обу замин дар минтақаҳои наздимарзӣ шуда, баъзан бо маргу захмӣ шудани сокинон меанҷомад.

XS
SM
MD
LG