Хонаводаи Ҳасан Акбаров, марзбони 31-солаи тоҷик, барои баргузории тӯйи хоҳараш дар ноҳияи Фархор омодагӣ медиданд, вале марги ӯ ҳавлии онҳоро ба мотамхона табдил додааст.
Ба иттилои расмӣ, Ҳасан Акбаров ва ҳаждаҳ нафари дигар рӯзи 29-уми апрел дар задухӯрди мусаллаҳона дар марз бо Қирғизистон кушта шуданд. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дар ин ҳодиса 36 шаҳрванди ин кишвар ҷон бохтанд.
Шукрона Акбарова, хоҳари Ҳасан Акбаров, мегӯяд, мунтазири омадани бародараш буд, то тӯйи ӯро рангин кунад, аммо тобуташро оварданд.
Наздиконаш ҷасади марзбонро рӯзи 30-юми апрел дастрас карда, рӯзи 1-уми май дар деҳаи Аловуддини ноҳияи Фархор гӯрондаанд. Мақомот ваъда додаанд, ки барои ҳамсару ду фарзандаш манзили истиқоматӣ месозанд.
Майрамбӣ Ҳасанова, модари Ҳасан Акбаров, мегӯяд, пеш аз ҳодисаи ахири марзӣ бо писараш телефонӣ суҳбат дошт. "Бори охир соати 1 ба 2-и рӯзи 29-уми апрел гап задем. Кӯтоҳ гуфт, ки дар як ҷой ҳастему таваккалмон ба Худо. Гуфт, дар ҳаққам дуо кун. Ҳамин қадар гап зад, тамом", -- нақл кард ӯ рӯзи 6-уми май.
Ин сокини ноҳияи Фархор мегӯяд, аз сарнавишти баъдии писараш хабар надошт ва субҳи 30-юми апрел низ намедонист, ки тобути ӯ дар роҳ аст:
"Ба хонаи ҳамсоя рафта, гуфтам, ки шаб хоби бад дидам. Омада, ба арӯси хона гуфтам, камтар хамир кунад. Пахтаҳоро ба рӯйи ҳавлӣ баровардам, вале ҳамсояҳо омада ҷамъ карданд. Онҳо аз марги писарам аллакай хабар доштаанд."
Наворро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳасан Акбаров писари калонии оила будааст. Бародараш Идибой Акбарзода мегӯяд, онҳо якҷоя маслиҳат карда буданд, ки тӯйи хоҳарашро рӯзи 20-уми май баргузор мекунанд: "Гуфта буд, ба хоҳарам мошини дарздӯзӣ меорад. Ӯ барои мо ҳамчун падар буд."
Вай афзуд, дар тани бародараш ду захми тирро дидаанд. "Яке аз пушт дар тарафи дасти рост буд, дигаре дар зери дил. Ҳамкоронаш гуфтанд, ӯ ҳангоми муҳофизат аз раиси шаҳри Исфара тир хӯрдааст", -- нақл кард ӯ.
Ҳасан Акбаров, сокини деҳаи Аловуддини ноҳияи Фархор, аз соли 2011 дар сафи нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хидмат мекард. Чаҳор сол пеш ӯро аз Душанбе ба ҷамоати Чоркӯҳ, марзи Исфара бо Бодканди Қирғизистон фиристоданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
19 кушта ва 87 захмӣ. Тоҷикистон ба таври расмӣ шумораи қурбониёни муноқишаи марзиро бо Қирғизистон эълон кардМуҳоҷирони тоҷик аз "тамаъҷӯӣ" ва "латукӯб" гуфтанд, Хадамоти марзбонии Қирғизистон рад кард. ВИДЕОДушанбеву Бишкек барои таъини марз ва сохтмони роҳи Хоҷаи Аъло – Ворух ба созиш расидаандГапи Озод: Чӣ кор бояд кард, ки дар сарҳад ҷангу хунрезӣ нашавад? ВИДЕО