Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони тоҷик аз "тамаъҷӯӣ" ва "латукӯб" гуфтанд, Хадамоти марзбонии Қирғизистон рад кард. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Масъулони Маркази "Тонг ҷаҳони" дар Маскав гуфтанд, ки чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар бораи бадрафторӣ нисбат ба онҳо дар Қирғизистон ба ин созмон шикоят кардаанд. Ба иттилои манбаъ, ин гуруҳи шаҳрвандон аз Русия ба воситаи фурудгоҳи Бишкек ва Уш (Ош) ба Тоҷикистон мерафтанд.

Табиист, ки ҳамаи одамон, аз ҷумла марзбонҳо, эҳсос доранд, аммо ин набояд ба кору зиндагии одамони оддие, ки дар ин ҳодисаҳо айб надоранд, таъсир расонад.
Валентина Чупик

Валентина Чупик, раҳбари марказ, дар як муроҷиати видеоӣ аз мақомоти Қирғизистон хост, пеши роҳи азияти мусофиронро бигиранд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 6-уми май дар изҳороте хабари бадрафторӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистонро рад кард. Дар изҳороти ин ниҳод гуфта мешавад, ки ҳеч мушкиле дар гузаштани шаҳрвандони Тоҷикистон аз қаламрави Қирғизистон вуҷуд надорад.

" Соатҳо манъ ва таҳқир мекунанд"

Валентина Чупик дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар як ҳафтаи охир беш аз даҳ шаҳрванди Тоҷикистон аз мавридҳои бадрафторӣ ва тамаъҷӯйӣ нисбат ба онҳо шикоят кардаанд.

"Онҳоро дар фурудгоҳи Бишкек ва Уш нигаҳ медоранд, муносибати нодуруст мекунанд. Соатҳо манъ ва таҳқир мекунанд. Табиист, ки ҳамаи одамон, аз ҷумла марзбонҳо, эҳсос доранд, аммо ин набояд ба кору зиндагии одамони оддие, ки дар ин ҳодисаҳо айб надоранд, таъсир расонад", -- гуфт ӯ.

Ба қавли ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, ин вазъ пас аз задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба вуқуъ омад.

Валентина Чупик хост, муҳоҷирони тоҷикро дар Қирғизистон азоб надиҳанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:04 0:00

Хурсандмурод Ҳомидов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки як рӯз пас аз хатми низоъ, 30-юми апрел, аз Русия тавассути Қирғизистон ба ватан баргаштааст, иддао дорад, ӯ ва чанд ҳамроҳашро дар фурудгоҳи шаҳри Уш задаанд. Вай гуфт, “дар фурудгоҳ барои берун шудан 5000 рубли русӣ хоста, пеш аз гузаштан аз марз гуруҳи ношиносе моро латукӯб кард".

Дар аксҳое, ки ӯ ба ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт, сару рӯяш захмӣ аст. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи чунин ҳодисаҳо расман чизе нагуфтаанд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон: Баръакс, ёрӣ кардем

Аз ин пеш, Нуриддин Илёс, як донишҷӯйи тоҷики муҳассили Донишгоҳи давлатии Уш гуфта буд, ки ҳангоми гузаштан аз сарҳади Қирғизистону Узбекистон (гузаргоҳи Дустлик) дар рӯзи 30-юми апрел мавриди тамаъҷӯӣ қарор гирифтааст.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон ҷой доштани чунин ҳолатро рад карда, гуфтааст, баръакс, барои убури шаҳрвандони Тоҷикистон ёрӣ кардаанд.

Тоҷирони тоҷике, ки аз бозори "Дордой"-и Бишкек ба Душанбе молу коло меоваранд, мегӯянд, вазъи онҳо низ бадтар мешавад ва бархӯрд бо онҳо тағйир кардааст.

Дар муноқишаи рӯзи 29-уми апрел аз ҳарду тараф 55 нафар кушта ва 276 кас захмӣ шуданд. Мақомоту сокинони ду кишвар якдигарро дар сар задани муноқиша гунаҳкор медонанд.

Валентина Чупик дар муроҷиати видеоиш гуфтааст, зоҳиран вазъ дар марз ором шудааст ва мақомоти ду кишвар ба мувофиқа расидаанд. Аз ин рӯ, ӯ даъват мекунад, нисбат ба шаҳрвандоне, ки дар ин низоъ ҳеч дахле надоранд, азиятро раво набинанд.

XS
SM
MD
LG