Гапи Озод: Чӣ кор бояд кард, ки дар сарҳад ҷангу хунрезӣ нашавад? ВИДЕО

Дар акс: Додохони Эгамзод, Мирзонабии Холиқзод ва Насибҷон Амонӣ

  • Чаро насби як дурбини назоратӣ дар Маркази тақсими об, дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ба ҷанг кашид?
  • Барои чӣ тақрибан 30 сол аст, ки ду кишвари ҳамсоя наметавонанд, хатти марзро кашанду пеши роҳи ҷанҷолу даъвоҳо ва куштору харобкориҳоро бигиранд?
  • Сустии кори ҳайатҳои Комиссияи байниҳукуматии таъину аломатгузории марз ба ин ҳолат овард ё чизи дигар?
  • Дар ниҳоят, роҳи ҳал кадом аст?

Ин суолҳоро ба барномаи "Гапи Озод" кашидем. Меҳмонони мо Додохони Эгамзод, нависанда ва сокини ҷамоати Ворух ва Насибҷон Амонӣ, коршиноси масоили минтақа дар Алмато ҳастанд.

Иқтибосҳо аз барнома:

Додохони Эгамзод: "Ман дар мактаби рақами 22 дар ҷамоати Ворух хондам. Соли 1967 дар синфи мо як писари қирғиз мехонд, номаш Аҳмадхон Юлдошев. Дар синфҳои дигар ду-се духтари қирғиз мехонданд. Ҳатто баъзе аз шеърҳоро беҳтар аз мо қироат мекарданд. Дӯстона зиндагӣ мекардем. Чизи ману чизи ту набуд. Бачаҳои қирғизҳо дар Ворух мехонданд ва тоҷикӣ мехонданд. Шаҳодатномаи таваллуд доштанд, аз Ворух буданд."
Насибҷон Амонӣ: "Чаро ин тавр шуд? Фикр мекунам, заминаҳояш буд, зеро дар вақташ масъалаи тақсимоти марзӣ, аломатгузорӣ ва чизҳои дигар, ҳаллу фасл нашуд, кор ба таъхир афтод. Мегӯянд, ки дар таъхир офатҳост."
Додохони Эгамзод: "Бигзор, Ворух минтақаи озоди сайёҳӣ ва таърихӣ эълон карда шавад. Ҳама шаҳрвандии Тоҷикистону Қирғизистонро бигиранд. Он вақт роҳи ману роҳи ту, оби ману оби ту, чарогоҳи ману чарогоҳи ту намешавад. Зайли қадима барин тифоқ мешавад."
Насибҷон Амонӣ: "Ҷониби Қирғизистон ба санадҳо ва ҳуҷҷатҳои пешина эътибор надод, бештар ба харитаҳое, ки нав сохта шудаанд, харитаҳои ҷаълӣ, такя кард. Ба харитаҳое, ки солҳои 1927 кашида шуда буд ва аҳамияти аввалиндараҷа доштанд, аҳамият надод. Аз сӯи дигар, музокиракунандагони мо шояд мутахассисони варзида набуданд ва онҳо шояд ҳаққи худро аз даҳони шер гирифта натавонистанд. Шояд аз бетаҷрибагӣ бошад, шояд аз бесалоҳиятӣ бошад."

Барномаро худатон ин ҷо бубинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Чӣ кор бояд кард, ки дар марз ҷанг нашавад?

ДАР ИН БОРА БЕШТАР БИХОНЕД:

Талафот аз ҷониби Тоҷикистон дар ҷанҷоли марзӣ бо Қирғизистон ба 20 кас расид. ВИДЕОЧанд посух ба "чаро?"-ҳо дар бораи ҷанҷол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон. ВИДЕОРаиси Исфара чӣ гуна дар марз тир хӯрданашро нақл кард. ВИДЕО, САДОЭдвард Лемон: Дар низои марзӣ манфиатҷӯии ҳукуматҳои ҳарду кишвар омили асосӣ будДодситонии кул зидди саркардагони даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон парванда кушод. ВИДЕОҲамёрӣ ба сулҳ, сипар зидди "фейкҳо". Изҳороти ҷомеаҳои шаҳрвандии Тоҷикистон ва ҚирғизистонМушкили Тоҷикистону Қирғизистон аз душному сангпартоӣ ба тиру таркиш гузашт. Чаро?