Душанбеву Теҳрон аз ихтилофи мавҷуди имрӯз сарфи назар карда, барномаҳои муштаракро барои оянда эълом мекунанд.
Тоҷикистону Эрон пас аз “карахтӣ”-и панҷсола дар равобити хеш аз ҳамкориҳои низомиву фаннӣ (техникӣ) эълон карданд. Ҳаштуми апрел, ҳангоми сафари вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ба Теҳрон, ҷонибҳо дар бораи таъсиси Кумитаи муштараки низомиву дифоӣ изҳорот доданд ва барои густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ, низомӣ ва дифоӣ изҳори омодагӣ карданд.
Дар сиёсати бузург, вақте ки сухан дар бораи манфиатҳои умумӣ меравад, эҳсосот ва ранҷишҳои шахсӣ нақши камтар доранд. Ҳоло ҳарду ҷониб аз вазъ нигаронанд ва, аз ин рӯ, омодаанд, ки ҳамкорӣ кунанд.Парвиз Муллоҷонов
Ин изҳорот бисёр ғайриинтизор ва баҳсбарангез шуд, зеро ба сахтӣ метавон дараҷаи эътимоди байни ду кишварро дар солҳои охир барои наздикшавии низомиву сиёсӣ муносиб донист.
Фаъолшавии ғайримаъмулӣ
Аммо дар тӯли ду моҳи охир ҷонибҳо дар Душанбеву Теҳрон камаш се дидор доштаанд. Рӯзи 22-юми феврал вазири корҳои дохилии Эрон Раҳмонии Фазлӣ ба Душанбе омада буд. Хабар дода шуд, ки Раҳмонӣ бо мақомҳои расмии Тоҷикистон рушди равобитро дар бахши амнияти ҷомеа баррасӣ кардааст.
Дар охири моҳи март вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф барои иштирок дар конфронси “Қалби Осиё - Раванди Истанбул” ба Душанбе омад. Вай бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон гуфтушунид дошт. Дар ҷараёни суҳбатҳо масъалаҳои амнияти минтақавӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.
Бино ба иттилооте, ки ҷониби Тоҷикистон нашр мекунад, дар он батакрор гуфта мешавад, Тоҷикистон аз Эрон хостори риояи созишномаҳое шудааст, ки пештар дар бахши амният ба тавофуқ расида буданд. Дар Душанбе намегӯянд, гап дар бораи кадом созишнома меравад.
Бо вуҷуди ин, моҳи июни соли 2019, пас аз сафари вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ба Эрон, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабарномаеро нашр кард, ки дар он аз ҷумла, ишора шуда буд, "Эрон барои дар қаламрави худ пешгирӣ кардан аз фаъолияти созмонҳо ва гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, аз ҷумла Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ изҳори омодагӣ кард". Баъдан номи ҳизб аз ин иттилоияи расмӣ ҳазф шуд.
Ҳоло дар Душанбе, эҳтимол, таҳти "иҷрои созишномаҳо" даст кашидан аз сарпарастии ҲНИТ-ро, ки дар Тоҷикистон мамнуъ аст, дар назар доранд. Мавқеи Эрон дар ин робита чист, номаълум аст.
Чӣ чизе ба наздикшавӣ сабаб шуд?
“Рафтуомадҳое, ки моҳҳои охир дар равобити ду кишвар ба назар мерасанд, нишондиҳандаи он аст: Душанбеву Теҳрон дар робита ба мушкилоте, ки монеи рушди равобит шуда буд ё ба натиҷа расиданд ва ё ин мушкилотро камтар карданд. Бино бар ин, таъкиде, ки дар ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳои амниятӣ мешавад ва боздидҳои охири намояндаҳои мақомоти қудратӣ, дар ин масъала мавқеият ё мавзеи Душанбе ва Теҳрон ба ҳам наздиктар шудааст", -- мегӯяд рӯзноманигор ва шарқшинос Қосими Бекмуҳаммад.
Ба гуфтаи ӯ, ин ду кишвар дорои забону тамаддуни муштараканд ва дар муқоиса бо кишварҳои дигар боз гардондани равобит ба сатҳи табиӣ ва матлуб хеле роҳаттар аст.
Сиёсатшиноси мустақил Парвиз Муллоҷонов бар ин аст, ҷонибҳо бо назардошти вазъи номуайян дар Афғонистон, ки амрикоиҳо мехоҳанд аз он ҷо нерӯҳояшонро берун баран ва эҳтимол бар пайи равобити шадид бо Қирғизистон, ба ҳам наздик шудаанд.
"Дар сиёсати бузург, вақте ки сухан дар бораи манфиатҳои умумӣ меравад, эҳсосот ва ранҷишҳои шахсӣ нақши камтар доранд. Ҳоло ҳарду ҷониб аз вазъ нигаронанд ва, аз ин рӯ, омодаанд, ки ҳамкорӣ кунанд", -- мегӯяд Муллоҷонов. Ӯ таъкид кард, Эрон ҳеч гоҳ сарпарастии худро бар ҲНИТ расман эътироф накардааст, вале ҳамеша бо ҳизбҳои исломӣ дар тамоми ҷаҳон робитаҳои дӯстона дорад
The Jamestown foundation ҳамчунин гуфтушуниди Тоҷикистону Эронро ба талошҳои Душанбе барои пайдо кардани ҳимояти Теҳрон дар муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон рабт медиҳад. "Баъзе коршиносон чунин мешуморанд, ки Ҷумҳурии Исломӣ дар гузашта дар масъалаҳои амнияти дохилӣ Тоҷикистонро дастгирӣ мекард...", -- менависад пойгоҳ.
Дар гузаштаи на чандон дур, Теҳрон Душанберо дар муқовимат бо Тошканд ошкоро пуштибонӣ мекард. Дар соли 2010, вақте ки дар қаламрави Узбекистон ҳудуди 700 вагон ҳомили молу колои Тоҷикистон боздошт шуд, Эрон ба қазия дахолат кард ва ба Узбекистонро “ҳушдор дод, ки агар муҳосира идома ёбад, транзити вагонҳои ин кишварро тавассути қаламраваш маҳдуд мекунад”.
Мероси тақсимношуда
Бадшавии равобити Тоҷикистону Эрон дар охири моҳи декабри соли 2015 сурат гирифт. Он замон Теҳрон раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабириро ба конфронси байналмилалии "Ваҳдати исломӣ" даъват ва ӯ бо раҳбари маънавии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ вохӯрд. Дар посух ба ин, дар Тоҷикистон як корзори иттилоотие оғоз ёфт, ки Теҳронро дар сар задани ҷанги шаҳрвандӣ, маблағгузории мухолифони мусаллаҳ, дастгирии террористон ва қатлҳои фармоишии афроди маъруф дар кишвар айбдор мекард.
Дар пайи он маҳдудиятҳо барои воридоти маҳсулоти ғизоӣ аз Эрон оғоз шуд. Додани раводид ба шаҳрвандони Эрон дар фурудгоҳи Душанбе қатъ шуд, дафтари Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ "Имдод" – созмони маъруфи хайрияи Эрон, инчунин дигар намояндагиҳои фарҳангӣ ва тиҷории ин кишвар баста шуданд.
Манбаи дигари ташаннуҷи равобит дороиҳои миллиардери беобрӯшади эронӣ Бобак Занҷонӣ буд, ки дар Тоҷикистон ҳам моликият дошт. Пас аз боздошт ӯ дар соли 2013 бо иттиҳоми азхудкунии миллиардҳо доллари мансуб ба Вазорати нафти Эрон, ҳуҷҷатҳое пешниҳод кард, ки тибқи он 2,4 миллиард долларро дар Бонки Миллии Тоҷикистон нигоҳ медоштанд. Аммо Душанбе ин даъворо қатъиян рад кард. Ғайр аз ин, тамоми амволи Занҷонӣ дар Тоҷикистонро ширкатҳои маҳаллӣ аз худ карданд, ки ин ҳам наметавонист мояи нигарониву асабонияти Теҳрон набошад.
Ғайр аз ин, Душанбе ба таври мувозӣ ба сӯи Арабистони Саудӣ майл кард, ки ҳатто ваъдаи сармоягузории сохтмони маҷмааи порлумонро дар Душанбе дод, вале дертар аз ин лоиҳа даст кашид. Дар доираҳои коршиносӣ ҳатто нуқтаназарҳое садо дод, ки бад шудани равобити Теҳрону Душанбе марбут ба бархе “лоббигариҳои салафиҳост”.
Равобити ду кишвар то куҷо пеш меравад?
Эҳтимол, ҳоло ҷонибҳо бартарӣ медиҳанд, ки аз ранҷишҳои гузашта канорагирӣ кунанд. Моҳи январи имсол Эрон ваъда дод, ки марҳилаи дувуми нақби Истиқлолро ба итмом мерасонад ва барои сохтмони он 5,5 миллион доллар кумаки бебозгашт ҷудо мекунад.
Дар гузашта, Eurasianet бо такя ба манбаъҳояш дар ҳукумати Тоҷикистон навишта буд, ки Душанбе муҳлати пардохти як қисми даромади нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2-ро, ки бо пули Эрон дар дарёи Норак сохта шудааст, аз 14 соли ҳозир то 30 сол тамдид мекунад Аммо ҷузъиёти бештари ин масъала расонаӣ нашуд.
Аммо "Sputnik Тоҷикистон" дар як мақолаи таҳлилӣ дурнамои ҳамкориҳои низомӣ ва сиёсии Теҳрон ва Душанберо зери суол мебарад. Муаллиф қайд мекунад, ки кишварҳо вазифаҳои хеле гуногуни низомӣ доранд ва сарфи назар аз изҳороти дӯстигароёна, миёни онҳо даъвоҳо ва сатҳи пасти эътимод боқӣ мондааст.
Шералӣ Ризоён, сиёсатшинос аз Душанбе, дурнамои равобити Тоҷикистону Эронро дар бофтори равандҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ дар Осиёи Марказӣ арзёбӣ намуда, якчанд омилҳои таъсиргузор ба ин муносибатҳоро ном мебарад: