Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ба Тоҷикистон барои муқобила бо коронавирус кумак фиристод


Ҳукумати Эрон ба Тоҷикистон барои муқобила бо коронавируси нав кумаки башардӯстона фиристод. Ин ёрӣ, ки аз маҳлули беҳдоштӣ ва васоили дигари тиббӣ иборат аст, шоми 12-уми май бо ҳавопаймои ширкати эронии "Вориш Эйр" ба Душанбе расид.

Ҷамила Ҳусейнова, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, 13-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳавопаймо дубора ба шаҳри Машҳади Эрон баргашт. Ба қавли ӯ, дар ҳавопаймои ширкати "Вориш Эйр" теъдоде аз шаҳрвандони Эрон, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд ва барои таҷлили Наврӯз ба ватани худ рафта буданд, низ омадаанд.

Ин шаҳрвандони эронӣ маъмулан дар ширкатҳои сохтмонӣ дар маҳалли бунёди нирӯгоҳи Роғун кор мекунанд.

Якҷо бо онҳо, теъдоде аз аъзои хонаводаҳои дипломатҳои тоҷики муқими Эрон низ ба ватан баргаштаанд.

Ҳавопаймои ширкати эронӣ дар роҳи бозгашт аз Душанбе ҳудуди 130 шаҳрванди Эронро, ки муҳлати фаъолияташон дар Тоҷикистон ба поён расидааст, ба Машҳад бурд.

Парвози ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон аз 19-уми марти имсол, бинобар хатари пандемияи коронавирус, қатъ шудааст. Аз он вақт то имрӯз танҳо чанд парвози чартерӣ ё ғайринақшавӣ бо иҷозати мақомот сурат гирифтааст.

Ёриҳои Эрон ба Тоҷикистон барои муқобила бо бемории ҳамагири COVID-19 дар ҳоле расид, ки ҳафтаи гузашта раҳбарони ду кишвар телефонӣ суҳбат доштанд. Ҷониби Эрон изҳори омодагӣ кард, ки дар сурати зарурат мутахассисони озмудаашро ба Душанбе мефиристад. Эрон моҳҳо боз бо бемории ҳамагир даст ба гиребон аст.

Тоҷикистону Эрон аз соли 2015 ба ин тараф ба далелҳои сиёсиву иқтисодӣ муносибати чандон хуб надоштанд.

XS
SM
MD
LG