Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дориюши Раҷабиён: Ман "ҷосус"-и Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ ҳастам


Дориюши Раҷабиён, хабарнигори тоҷик.
Дориюши Раҷабиён, хабарнигори тоҷик.

Дориюши Раҷабиён, хабарнигори шинохтаи тоҷик, ки айни замон дар бахши форсии Бӣ-бӣ-сӣ кор мекунад, сазовори ҷоизаи байнулмилалии "Қанди порсӣ" шуд. Ҷоизаро рӯзи 23-юми феврал дар ҳамоиши Конуни ҳамёрии порсизабонон дар Лондон супурданд. Дар суҳбати телефонӣ аз Дориюши Раҷабиён дар бораи ҷоиза ва баҳси забони порсӣ дар Тоҷикистон пурсидем.

Радиои Озодӣ: Ҷоизаи "Қанди порсӣ" барои чӣ коре дода шуд?

Дориюши Раҷабиён: "Ҳатман бояд таъкид кунам, ки аслан интизори дарёфти чунин ҷоизаро надоштам. Ҳамчунон ба ин назарам, ки корҳо ва талошҳое, ки то инҷо кардам, сазовори ҷоиза набуда. Ҳангоми эътои ҷоиза ва баъди он ба талошҳои ман дар заминаи забони порсӣ бахусус дар Осиёи Миёна ва фаротар аз он таъкид карданд. Ба гурӯҳи "Забони порсӣ" ишораи мустақим карданд, ки дар "Фейсбук" фаъол аст ва маҷаллаи "Забони порсӣ", ки дар Тоҷикистон ҳашт шуморааш нашр шуда, вале мутаассифона, ҳоло қатъ шудааст. Ва мустанади "Бухоро ва инқилоби Октябр", ки аз телевизиони форсии Бӣ-бӣ-сӣ пахш шуд."

Радиои Озодӣ: Талошҳоятон дар мавриди забони порсӣ дар Тоҷикистон аз чӣ иборат ҳаст? Солҳои гузашта нашри маҷалла ва маҳфили "Забони порсӣ" буд, ҳоло чӣ?

Дориюши Раҷабиён: "Воқеан, бештари талошҳои мо дар фазои маҷозӣ ҳаст. Аз аввал ҳам ҳамин тавр буд. Ҳар сол ҳамоише доштем, ки алъон мутаассифона намешавад бо он шакли бозе, ки қаблан доштем, баргузор кард. Моҳе гирдиҳамоӣ доштем, ки дар онҷо шумораҳои тозаи маҷаллаи "Забони порсӣ" дар миёни дӯстдорони он дар шаҳри Душанбе тавзеъ мешуд. Мутаассифона, он корҳоро намешавад анҷом дод, ба хотири маҳдудиятҳое, ки ҳоло вуҷуд дорад. Ба хотири он, ки ҷилави нашри маҷаллаи "Забони порсӣ"-ро ба ҳар далеле гирифтанд. Ишораҳое карданд, ки гӯё шахси ман, Дориюши Раҷабиён, вобаста ба Эрон ҳастам ва зери назари Ҷумҳурии Исломӣ ин корро мекунам. Ин як мушт иттиҳомоти бисёр бепояву асос аст. Ҳар гоҳе агар фурсат шуд, дар Душабе боз ҳам аз ин дидорҳо дорем, ки чандон дар борааш гуфта намешавад ва ниёзе ҳам нест. Таъкиди мо бештар рӯйи ин аст, ки таблиғи хатти порсӣ ва забони порсӣ дар миёни қишрҳои поини ҷомеа сурат гирад. Ин таҳаввул аз зер ба боло бошад, на аз боло ба поин. Худи мардум ба сӯи забону хатти худ бираванд".

Радиои Озодӣ: Мухолифони андешаҳои Шумо дар Тоҷикистон мегӯянд, ки талош доред номи забони тоҷикиро аз байн бибаред...

Дориюши Раҷабиён: "Ман, дарвоқеъ, моил нестам, ки чизеро аз байн бибарам, балки мехоҳам чизеро ҳифз кунам. Ончи ки бояд ҳифз шавад, номи воқеӣ ва ростини ин забон аст, ки порсист. Фирдавсӣ “Аҷам зинда карда ба ин порсӣ”. Ҳамин тавр, Шумо дар саросари адабиёт, аз Рӯдакӣ гирифта то замони баъди устод Айнӣ ва дар замони худамон ҳам мебинед, ки ин забон номаш порсӣ буда. Мо медонем, ки чӣ тавр забони тоҷикӣ ба шакли истилоҳи сиёсӣ сирфан барои эҷоди тафриқа ва ҷудоиафканӣ миёни порсизабонон ба вуҷуд омад. Таърихчааш барои ҳама ошно ҳаст. То соли 1928 номи ин забон дар аморати Бухоро ва бозмондагони аморати Бухоро порсӣ буда. Танҳо ба дастури Кремлин номаш тоҷикӣ шуд. Соле баъд (1929) хатташ лотинӣ шуд ва баъд аз даҳ соли он пириллик (сириллик). Инҳо иқдомоти сиёсӣ буд, сирфан барои кандани тоҷикон аз решаҳои худ ва аз фарҳанги бисёр ғанӣ ва ҷаҳоншумули худ. Дареғ доштани номи воқеии ин забон аз тоҷикон, ки дорандагони асосии ин забон ҳастанд ва хостгоҳи ин забон ҳам Бухорову Самарқанд буда. Инҳо воқеиятҳое ҳаст, ки бояд гуфта шавад ва бояд ҳақ ба ҳақдор бирасад. Инки забони тоҷикӣ мегӯянд, сирф як чизи расмӣ ҳаст. Дар қонуни асосии Тоҷикистон номи ин забон борҳо иваз шудааст. Дар соли 1989 тоҷикӣ (форсӣ) буд, баъд аз он тоҷикӣ шуд. Ин ном чизе нест, ки рӯйи санг ҳак шуда бошад. Сиёсатмадорон ҳар гоҳе хостанд, ин номро иваз карданд, вале воқеият ва асолати забони порсӣ, номи забони порсӣ аз байн нарафта ва ҳаргиз нахоҳад рафт."

Радиои Озодӣ: Фикр мекунед, дар Тоҷикистон аз номи "порсӣ" хавф доранд? Чаро?

Дориюши Раҷабиён: "Ангезаи пайдоиши истилоҳи забони тоҷикӣ комилан сиёсӣ буд. Ва хавфу хатаре, ки имрӯз дар миёни давлатмадорони тоҷик эҳсос мешавад, низ пояи сиёсӣ дорад. Тарси онҳо сиёсӣ аст. Намояндагони мақомот борҳо ба ин ишора кардаанд, ки "ҳоло бояд воқеиятҳои геополитикиро ба назар гирифт, воқеиятҳои сиёсӣ мадди назар бошад, ҳоло бо Русия наздик ҳастем ва Русия муттаҳиди мост". Инҳо наметавонанд далоили илмӣ бошанд. Аз лиҳози илмӣ ҳаргиз наметавонед собит кунед, ки номи ин забон чизе ҷуз порсӣ аст. «Тоҷикӣ» як чизи комилан маснӯӣ аст. Тоҷикистон ҳамчунон зери ангушт ё тобеи Русия ҳаст ва тарси давлатмардони кишвар бештар аз инҷост. Агар ҳатто Тоҷикистон ин корро анҷом диҳад, Русия метавонад як эътирози дипломатии кӯтоҳ кунад. Аммо тарси хосе аз Кремлин доранд ва фикр мекунанд, агар бо хатту забони худ баргаштем ва номи забонамон порсӣ бошад, фардо сарнагун мешаванд. Ин тарс ҳаст дар Тоҷикистон."

Радиои Озодӣ: Замоне Муҳаммадҷон Шакурӣ, Лоиқ Шералӣ, Шарофиддин Рустам, Додихудо Саймуддинов ва донишмандону шоирони дигар буданд. Чаро он вақт талошҳо барои бозгашт ба хатти порсӣ ва табдили номи тоҷикӣ ба порсӣ набуд? Ё буду ноком буд?

Дориюши Раҷабиён: "Мутмаинан ин талошҳо ҳамеша буда ва чизе нест, ки бо ман ё мо оғоз шудааст. Исми Шакуриро овардед. Ман мушаххасан метавонам бигӯям, ки он кас чӣ қадар дар ин замина талошҳое карданд ва чӣ ишораҳои дақиқу рӯшану сареҳ ба ин мавзуъ карданд, ки тоҷикон метавонанд ба ҳувияту худшиносӣ бирасанд, агар хатташон порсӣ шавад ва ба забоне баргарданд, ки мо ба он мегӯем порсӣ ва он кас таъкид мекарданд – форсии тоҷикӣ. Устод Шакурӣ мегуфтанд, воқеиятҳои 90-100 соли ахирро намешавад нодида гирифт, вале дар ҳар сурат таъкидашон рӯи ин буд, ки хат бояд порсӣ бошад. Додихудо Саймуддинов ҳам ҳамин назарро доштанд. Вале, мутаассифона, ин хостҳо дар ҳадди хостҳои мо ҳаст. Чун мо бо сиёсат сарукоре надорем ё дар мақоми сиёсатмадорон ва ё давлатмардон нестем. Мо наметавонем тасмимеро бигирем, ки ба таври сиёсӣ мавзуъро ҳал кунад. Ин бармегардад ба давлатмардони имрӯзи Тоҷикистон, ки умед дорам рӯзе чашмашон ба ин воқеият боз шавад ва ҳувияти худро бартар аз нигарониҳои сиёсӣ ва муҳимтар аз дилбастагӣ ба курсиҳои худ бубинанд."

Радиои Озодӣ: Агар инро мубориза гӯем, зоҳиран мубориза тӯлонӣ хоҳад буд...

Дориюши Раҷабиён: "Ин мубориза ба остонаи садсолагӣ наздик мешавад. Мутмаинам, ки то ҳадде тӯл хоҳад кашид. Мухотабони мо набояд давлатмардон бошанд. Мухотабони мо бояд мардум бошанд. Рӯзе давлатмардон аз хоби худ бедор мешаванд, ки дарвоқеъ мардум ба хатти порсӣ рӯ овардаанд ва китобҳои порсӣ мехонанд ва аз тариқи порсӣ ба илми имрӯз дастрасӣ доранд. Ва давлатмардон ҳастанд, ки ақибуфтодаанд. Маҷбуранд, ки ин воқеиятро бипазиранд. Ман комилан мухолифи идеяи инқилобӣ ё тағйир аз роҳи хушунат ҳастам. Бештар ба таҳаввул ё "эволютсия" эътиқод дорам. Таҳаввуле, ки дар зеҳни мардум ва ниҳоятан дар зеҳни давлатмардон иттифоқ биафтад."

Радиои Озодӣ: Баъзеҳо пешниҳод доранд, ки ҳам забони тоҷикӣ (бо хатти сириллик) бимонад ва ҳам мардум хатти порсиро биомӯзанд. Инро мешавад ба ҳайси як роҳи ҳал пазируфт?

Дориюши Раҷабиён: "Пешниҳоди худи мо ҳам ҳамин аст, вале ин давраи духаттӣ бояд маҳдуд ба замоне бошад, на инки номаҳдуд. Наметавон номаҳдуд ду хатро дошта бошед. Ё худи забон ва ё яке аз ин ду хат барчида хоҳад шуд."

Радиои Озодӣ: Аз нигоҳи Шумо, се мушкили решаии забон дар Тоҷикистон кадом аст?

Дориюши Раҷабиён: "Мушкили асосӣ хат аст. Ман хатро рӯҳи забон медонам. Ҳоло забони тоҷикӣ, забони миллии мо, як забони берӯҳ шудааст, чунки хатти худро надорад, пайванди мо бо рӯҳи ин забон гусаста шудааст. Нахустин хатте, ки забони мо навишта шудааст, хатти порсист. Ин хатти модарии мост. Агар инро канор гузорем, се мушкили решаии дигар ҳаст дар забони форсии роиҷ дар Тоҷикистон:

Аввал вобаста ба имло ва дастури забони русист. Ҳамчунон мебинем, ки дар навиштаҳои мо дар расонаҳо, дар китобҳо ва ҳатто ашъор ин вобастагӣ вуҷуд дорад. Ин ба хотири тағйири хат ҳаст. Гоҳ "Бритониё" менависанд, он тавр ки талаффуз мешавад, вале баъзан Испониёро "Испания" менависанд. Дар забони мо зада ё фишор бояд дар поёни калима бошад. Инҳо ҳамааш таъсири русист, ки бояд аз он берун ояд.

Дувум, офати тарҷумазадагӣ. Тарҷумазадагӣ ба он ҳаддест, ки агар бо забони русӣ ошно набошед, мавзуъро намефаҳмед,

Севум, нокоромадии Кумитаи забону истилоҳоти Тоҷикистон аст, аз даврае, ки Додихудо Саймуддиновро аз даст додем. Устоди бузург дар мақоми раёсати Кумитаи забон бисёр корҳои шоёнеро карданд. Баъд аз эшон ин идора аз назари ман ба як чизи масхара табдил ёфт. Узр, агар хушашон намеояд. Кумитаи забон ба чизҳои бисёр ҷузъӣ ва беарзиш машғул шуд. Фалон номро нагузоред, навиштани фалон калима дар дару девор мамнуъст. Бархӯрдашон бо забон решаӣ нест. Номи мардум ба шумо чӣ рабт дорад? Кумита бояд тасмим бигирад, ки ман номи фарзандамро Париюш бигузорам ё не? Ё ин ки шумо номи фарзандатонро Дориюш бигузоред ё Темур? Ин кори як идораи давлатӣ нест. Инҳо ихтиёроти инсон дар ҷомеаи башарист, ки ба худаш эҳтиром қоил аст ва диктапазир нест. Ва масъалаи дурӣ аз порсии меъёр низ ҳаст."

Радиои Озодӣ: Аз ин баҳс дур наравем, агар ихтиёри идораи забонро дар Тоҷикистон ба дасти Шумо медоданд, дар навбати аввал чӣ мекардед?

Дориюши Раҷабиён: "Албатта, бо воқеиятҳои сиёсии имрӯзи Тоҷикистон чунин чизе қобили тасаввур нест. Вале агар чунин муъҷизае иттифоқ уфтад, аввалин коре, ки мекардам, мавзӯи барномаи гузор ба хатти порсиро бисёр ҷиддӣ матраҳ мекардам. Дар муқоиса бо Узбакистону Озарбойҷон ва Қазоқистон, ки онҳо чи мушкилот доштанд, барои бозгашт ба хатти лотин. Муваффақтарини онҳо Озарбойҷон аст. Чаро муваффақ буд? Чӣ тавр мешавад аз такрори хатоҳо дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ кард? Аз ин шурӯъ мекардам. Аз реша шурӯъ мекардам, на аз шоху барг. Кумитаи забон ва мақомҳо ҳар сол як бор суроғи имлои пириллик мераванд ва мехоҳанд онро тағйир диданд. Пириллик дарбеҳпазир нест, шумо ба ҳеч шакл наметавонед таъмиру тармим кунед. Ҳар сол ҳатман дубора бармегардед ва мегӯед, думчаи он ҳам ишкол дорад ва бояд ислоҳ кунем. Вале ин бефоида аст."

Радиои Озодӣ: Баъзеҳо иддао доранд, ки дар паси кӯшишҳои Шумо дар мавриди забони порсӣ дар Тоҷикистон ҳадафҳои сиёсӣ нуҳуфтааст. Ба ин чӣ мегӯед?

Дориюши Раҷабиён: "Ман сиёсатмадор нестам. Воқеият ин аст, ки агар раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон фардо биёяд ва барномаҳоеро дар ин росто пиёда кунад, хаттамонро порсӣ кунад, ман ба яке аз тарафдоронаш табдил хоҳам шуд. Аз ин барномааш дифоъ хоҳам кард. Ин барои ман муҳимтар аз вобастагиҳои сиёсӣ аст. Илова ба ин, ҳеч вақт узви ҳеч ҳизби сиёсӣ набудам ва нахоҳам буд. Корҳои ман дар заминаи забони порсӣ як кори фарҳангӣ аст."

Радиои Озодӣ: Баъзеи дигар Шуморо "агент" ё ҷосуси Эрон ҳам ном мебаранд. Ин гап аз куҷо бархоста ва чаро?

Дориюши Раҷабиён: "Ин иттиҳомот чанд бор бо шаклҳои мухталиф гуфта шудааст. Онҳое, ки мухолифи Ҷумҳурии Исломӣ ҳастанд, маро ҷосуси Эрон медонанд. Онҳое, ки нигарони Ғарб ҳастанд, ҷосуси Бритониё ва Амрико. Бисёриҳо маро ҷосуси ”Госдеп” – Вазорати умури хориҷии Амрико мегӯянд. Ғофил аз он ки ман ҷосуси Рӯдакӣ ва Фирдавсиям. Ман омили нуфузи забони порсӣ ҳастам. Ва дар ҳар ҷо аз манофеи ин забон дифоъ хоҳам кард. Ман иҷозаи вуруд ба Эрон надорам ва ба далоили шуғлӣ наметавонам ба онҷо сафар кунам. Тасаввур мекунед, барои низоми саркӯбгаре, ки ба он кишвари азиз ҳоким аст, кор кунам ва ҷосусаш бошам? Тасаввур мекунед, ман ҷосуси Бритониё ва Амрико бошам ва манофеи забони Рӯдакиро дар Тоҷикистон пиёда кунам? Ин ба Ғарб чӣ рабт дорад? Оё Бритониё, ки боис шуд забони порсӣ дар шибҳиқорраи Ҳинд барчида шавад, ҳоло аз ман дифоъ мекунад, ки ин забонро дар Тоҷикистону Осиёи Миёна ҳифзаш кунам? Агар мухолифони ман як зарра аз мантиқ бархӯрдор мебуданд, хуб буд."

Радиои Озодӣ: Ин нуқтаи назар ҳам ҳаст, ки масъалаи забон ба шиками гурусна дуруст намегирад. Яъне, то иқтисод қавӣ набошад, мардум бо забони худ соҳиби ҷойи кори муносиб нашавад, масъалаи забон ва ҳувият ҳалли худро нахоҳад ёфт. Ба ин чӣ назар доред?

Дориюши Раҷабиён: "Дақиқан инро борҳо мухолифони дидгоҳҳои мо матраҳ кардаанд. Вале хатту забон хишти аввал ҳаст. Агар онро каҷ бигузоред, то охир каҷ меравад ва фурӯ хоҳад рехт. Ин ки шиками мардум гурусна аст, иқтисоди мо табоҳ аст, сиёсати мо ба сомон нашудааст, бармегардад ба асосе, ки он забон ҳаст. Агар забони дақиқе надошта бошем, чӣ гуна изҳори назар бикунем ва ончиро, ки дар зеҳнамон ҳаст бигӯем ва буруз диҳем? Дар натиҷа мо ба “ким-чи” ва “вай-вай” гуфтан тавассул меҷӯем. Бо чунин забоне чӣ гуна назарияи иқтисоди хеле пешрафтаро тарҳ бирезем? Ногузир дастбадомони забонҳои хориҷие чун русӣ ва англисӣ мешавем. Он вақт иқтисоду сиёсати мо ва фарҳанги мо вобаста ба хориҷ ва ҳатто кишварҳои ишғолгар хоҳад монд".

XS
SM
MD
LG