Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд гуфтанд, ки баста будани марзҳо ва коҳиши парвози ҳавопаймоҳо байни Тоҷикистону кишварҳои дигар дар тақрибан як сол бар зарарашон анҷомид ва ҳоло мунтазири ҳарчи зуд боз шудани роҳҳо ҳастанд.
Дар гузашта аз фурудгоҳи Хуҷанд асосан ба шаҳрҳои гуногуни Русия парвози ҳавопаймоҳо сурат мегирифт. Ҳоло байни Тоҷикистону Русия танҳо парвозҳои чартерӣ амал мекунад ва аксари он аз шаҳрҳои Русия ба Душанбе дар назар гирифта шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон ҳамвора мегӯянд, ҳанӯз тобистони соли гузашта барои шурӯи парвозҳои доимӣ бо Русия ризоят дода буданд, вале ҳанӯз аз Маскав посух нагирифтанд. Ин дар ҳолест, ки Русия бо чанд кишвар, аз ҷумла Қирғизистон парвозҳои доимиро ба роҳ мондааст.
Масъулони Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд охири ҳафтаи гузашта дар нишасти матбуотӣ гуфтанд, соли гузашта аз 2600 парвози нақшавӣ аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии Русияву Чин, Туркия ва Тоҷикистон каме бештар аз 600 парвоз сурат гирифтаасту бас.
Ин вазъият, ба қавли онҳо, ба фурудугоҳ тақрибан 7 милион сомонӣ, муодили наздик ба ҳафтсад ҳазор доллар, зарар расонд. Ширкат маҷбур шудааст, зиёда аз ҳафтод дарсади коргаронро ба рухсатии бемузд фиристад ва аз зердастон 1 миллиону 90 ҳазор сомонӣ қарздор шавад.
Қурбони Алимардон, раиси Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд, охири ҳафта дар нишасти матбуотӣ гуфт, "маоши моҳи январро пардохтем ва аз соли гузашта маоши моҳи ноябр ба маблағи 350 ҳазор сомонӣ мондааст. Ҳаракат дорем, ки дар оғози моҳи март онро низ супорем."
Пештар Кумитаи андози Тоҷикистон гуфта буд, солҳои қабл бо фурудгоҳҳо дар заминаи супурдани молиёт мушкил надошт, аммо имсол Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд беш аз 16 миллион сомонӣ қарздор шуд. Фурудгоҳ ҳамчунин аз Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд беш аз 4 милион сомонӣ ва аз истифодаи барқу хадамоти коммуналӣ зиёда аз 1 милион сомонӣ вом (қарз) дорад.
Масъулони Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд мегӯянд, пандемияи коронавирус на танҳо боис ба кам шудани парвозҳову зиёни молӣ шуд, балки 4 ҳамкорашонро аз байни онҳо рабуд. Яке аз фавтидагон аз коронавирус муовини сартабиби фурудгоҳ будааст.
Ҳоло дар Фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд умед доранд, парвози доимии ҳавопаймоҳо ҳарчи зуд аз сар гирифта мешавад ва таъкид доранд, ки онҳо ба қабулу гусели мусофирон омодаанд.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз оғози имсол пайиҳам дар бораи сабт нашудани мавридҳои гирифторӣ ба бемории ҳамагир хабар медиҳад, ҳарчанд шубҳаҳо ба омори расмӣ ҳамчунон боқист. Баъзе аз сокинон мепурсанд, дар сурате ки дар кишвар "коронавирус намондааст", Русия дар масъалаи азсаргирии парвозҳо чаро истиҳола дорад.
Ҷониби Русия гуфтааст, ба зудӣ як ҳайати мутахассисонашро ба Тоҷикистон мефиристад, то вазъи вобаста ба бемории ҳамагирро аз наздик бибинанд. Ҳудуди 70 дарсади парвозҳое, ки аз фурудгоҳҳои Тоҷикистон анҷом дода мешавад, ба Русия рост меояд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Тоҷикистон мунтазири чароғи сабзи Русия барои парвозҳои доимӣ астВазири тоҷик шарти Русияро барои аз сар гирифтани парвозҳои доимӣ шарҳ дод.ВИДЕОРаиси "Сомон Эйр": Барои бурдани мусофирон аз Тоҷикистон ба Русия танҳо ширкатҳои русӣ иҷозат дорандПарвозҳои доимӣ байни Тоҷикистону Узбекистон барқарор шудаастЗиндагии як муҳоҷири тоҷик ва хонаводааш дар соле, ки мегузарад. ВИДЕОТумани ғафс ҳавопаймоҳои "Сомон Эйр"-ро аз Душанбе ба Хуҷанд фиристод.ВИДЕО