Миёни Тоҷикистону Узбекистон парвозҳои доимӣ барқарор шуданд. Икром Субҳонзода, раиси Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон рӯзи 15-уми январ ба хабаргузории давлатии "Ховар" гуфтааст, парвозҳо ҳар ҳафта рӯзҳои чаҳоршанбе ва ҷумъа аз ҷониби ширкатҳои "Узбекистон ҳаво йуллари" ва "Сомон Эйр" анҷом мешаванд.
Вай афзудааст, ки Ситоди муқобила бо коронавирус барои барқарор шудани парвозҳо иҷозат дод. Ба гуфтаи Раиси Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон, "мусофирон бояд, ки бо худ маълумотномаи ташхиси тиббии манфии сирояти COVID-19-ро, ки давоми 72 соат пеш аз парвоз гирифтаанд, дошта бошанд."
Доштани ниқоб ва дастпӯши муҳофизатӣ ҳам ба гуфтаи Икром Субҳонзода ҳатмӣ аст. Арзиши билетҳо миёни Тошканд ва Душанбе ҳанӯз расман эълон нашудааст. Парвозҳо миёни Тоҷикистону Узбекистон бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус моҳи марти соли гузашта қатъ шуд. Танҳо рӯзи 5-уми январи имсол миёни Тоҷикистону Узбекистон як парвози чартерӣ сурат гирифт.
Тибқи қарори мақомоти Узбекистон, шаҳрвандоне, ки марзи ин кишварро убур мекунанд, бояд аз санҷиш гузаранд ва он аз ҳисоби худи мусофир анҷом дода мешавад.