Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси "Сомон Эйр": Барои бурдани мусофирон аз Тоҷикистон ба Русия танҳо ширкатҳои русӣ иҷозат доранд


Томас Ҳаллам
Томас Ҳаллам
  • Чаро нархи билети парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон гарон аст?
  • Пандемия ба ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар чӣ таъсир дошт?
  • Оё "Сомон Эйр" монополисти соҳа аст?

Радиои Озодӣ барои посух гирифтан ба ин ва суолҳои дигар 11-уми декабри соли 2020 ба мудири кулли ширкати "Сомон Эйр", Томас Ҳаллам, муроҷиат кард. Ҷавобҳо ба таври хаттӣ рӯзи 3-юми феврал дастрас шуданд.

Радиои Озодӣ: Рӯзи 10-уми декабр (2020), бино бар тумани ғафс, се ҳавопаймои "Сомон Эйр" ночор дар Хуҷанд поин шуданд ва танҳо пас аз чанд соат ба Душанбе баргаштанд. Вазъият фаҳмо аст, аммо аксари мусофирон шикоят карданд, ки соатҳои дароз бе обу ғизо монданд ва ин ҳолатро нақзи ҳуқуқ меноманд. Чаро дар чунин ҳолат мусофирон бо обу ғизо таъмин набуданд?

Итминон дорем, "Тоҷик Эйр" дар ояндаи наздик боз ба фаъолият оғоз мекунад. Дар бораи монополия сухан гуфтан ҷоиз нест, зеро чанд ширкати хориҷӣ низ фаъол ҳастанд ва мусофирон имкони интихоб доранд.

Томас Ҳаллам: Қонеъ кардани ниёзҳои мусофирон ҳангоми таъхири тӯлонӣ дар хати парвоз яке аз вазифаҳои аввалини ҳама ширкатҳои ҳавопаймоӣ аст. Мо пайваста кӯшиш мекунем, ки парвозҳо саривақт иҷро шаванд, аммо дар ҳолатҳои форс-мажор таъхири парвозҳо ногузиранд. Рӯзи 10-уми декабр бар асари тумани ғафс ҳавопаймоҳое, ки аз Новосибирску Маскав ва Сургут меомаданд, натавонистанд дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бишинанд. Бо мақсади таъмини бехатарии мусофирон ҳавопаймоҳо ба фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд фиристода шуданд. Азбаски ҳаво сард буду терминали фурудгоҳи Хуҷанд бо гармӣ таъмин набуд, барои ҳифзи саломатии мусофирон қарор шуд, онҳо дар дохили ҳавопаймо бимонанд. Чун ширкати таъмини ғизо умуман фаъолият надошт, намояндагони мо натавонистанд хӯрокро саривақт пешниҳод кунанд. Ташкил кардани таъмини ғизо барои шумораи зиёди мусофирон бо ҷалби ширкатҳои берунӣ вақт талаб мекунад ва дар ин асно ҳар ним соат имкони гирифтани иҷозати парвоз вуҷуд дошт. Қайд менамоем, ки фармоиш додани хӯроки мусофирони ҳавопаймо дар берун аз фурудгоҳ хилофи қоидаҳои байналмилалии бехатарии парвоз аст. Дар айни замон, барои пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо як қатор тадбирҳо андешида шудаанд.

Радиои Озодӣ: Бино бар баста будани сарҳад бо Русия, парвозҳо аз шаҳрҳои ин кишвар яктарафа анҷом мешаванд. Дар як мусоҳиба гуфтед, ки 80 дарсади парвози ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон Эйр" аз шаҳрҳои Русия сурат мегиранд. Ширкат дар давраи пандемия чӣ суду зиён дид?

Томас Ҳаллам: Авиатсияи граждании ҷаҳон дар таърихи мавҷудияти худ ба буҳрони амиқтарин гирифтор шудааст. Интиқолдиҳандагони ҳамаи кишварҳои ҷаҳон бидуни истисно дар вартаи нобудӣ қарор гирифтанд ва тавре огаҳӣ дорем, тақрибан 80 ширкати ҳавопаймоӣ аллакай муфлис шуданд. Тибқи маълумоти Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) дар охири моҳи июли соли гузашта нисбат ба ҳамин давраи соли 2019, хатсайрҳои байналмилалӣ 92 дарсади интиқоли мусофиронро аз даст доданд. Тибқи пешгӯиҳои IATA бозори байналмилалии нақлиёти ҳавоиро барои расидан ба сатҳи пеш аз бӯҳрон 3-4 соли дигар зарур аст. “Сомон Эйр” низ таъсири манфии пандемияро пурра эҳсос кард ва то ҳол мекӯшад, дар воқеияти нав зинда монад. Мо маҷбур шудем парвозҳоро бекор кунем ва сарфи назар аз "осмони пӯшида", новобаста аз он ки парвозҳо иҷро мешаванд ё не, хароҷоти заруриро пардохт менамоем. Дар ҳоле ки бисёре аз ширкатҳои бузурги ҳавопаймоии ҷаҳон дар бораи ихтисори якбораи теъдоди бештари коргарони худ эълом доштанд, “Сомон Эйр” кӯшиш ба харҷ медиҳад, ба пуррагӣ ҳайати кормандони худро нигоҳ дорад. Бо сабаби лағви пурраи парвозҳои худ ширкат маҷбур шуд, 90 дарсади кормандонашро аз охири моҳи март то июни соли 2020 ба рухсатии бемузд фиристад. Аммо дар ҳамин давра роҳбарияти ширкати ҳавопаймоӣ оид ба ротатсияи кормандон қарор қабул кард, то музди меҳнати онҳоро нигоҳ дорад. Дар моҳи июли соли 2020 марҳила ба марҳила кормандон бо реҷаи 4-соатӣ ба кор ҷалб карда шуданд. Дар айни ҳол тамоми кормандони ширкати ҳавопаймоӣ ба реҷаи пурраи корӣ гузаронида шуданд. Барои дастгирии кормандон дар давраи бӯҳронӣ, ки бо оқибатҳои пандемия алоқаманд аст, маъмурияти ширкати ҳавопаймоӣ ба кормандон чанд дафъа кумакҳои моливу озуқаворӣ расонидааст. Ба ҷуз ин, ба кормандоне, ки ба COVID-19 гирифтор шуданд, кумаки молии иловагӣ расонида шуд.

Радиои Озодӣ: Яке аз шикоятҳои асосие, ки мусофирон ба Радиои Озодӣ мефиристанд, арзиши гарони билети парвоз аз Русия ба Тоҷикистон дар шароити пандемия аст. Масалан, парвозҳо аз Маскав ба Самарқанд на бештар аз 25 ҳазор рубл аст, дар ҳоле ки билети хатсайри Маскав-Душанбе тақрибан 37 ҳазор рубли русӣ аст. Ин вазъро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

Томас Ҳаллам: Нархи билети ҳавопаймо аз хароҷоти парвоз вобаста аст. Айни замон ширкат парвозҳои яктарафа иҷро мекунад ва хароҷоти воқеии парвози дутарафа - рафту баргашт ба нархи билети як самт гузошта мешавад. Зиёда аз ин, дар муқоиса бо ҳамсояҳо хароҷоти хатсайрҳои мо ба маротиб бештар аст. Ҳар як интиқолдиҳанда нархҳоро дар асоси хароҷоти парвозҳо муқаррар мекунад. Иҷрои парвозҳои дутарафа ба ширкат имкони коҳиши нархи билетро фароҳам меорад ва мо бесаброна интизори иҷозаи иҷрои парвозҳои дутарафа ҳастем. Дар айни замон ширкат аз даромади парвозҳои яктарафа танҳо хароҷотро мепӯшонад. Арзиши чиптаҳои интиқолдиҳандагони хориҷӣ, ки аз ё ба Тоҷикистон парвоз иҷро мекунанд, новобаста аз хароҷоти камтарашон нисбат ба мо аксаран гаронтар аст.

Радиои Озодӣ: Намеҳаросед, ки бино бар нархи поинтари билети парвозҳо аз Русия ба Узбекистон ва Қирғизистон ширкат зарари калон мебинад?

Томас Ҳаллам: Барои муқоиса кардани арзиши интиқоли мусофирон бо кишварҳои ҳамсоя омилҳои гуногунро ба назар гирифтан лозим аст. Аз мавқеи ҷуғрофӣ ва фарқи масофа гирифта, то хароҷоти воқеии ширкатҳои ҳавопаймоӣ. Дар раванди ташкили парвозҳо мо хароҷоти зиёд дорем. Қисмҳои асосии хароҷот, ки арзиши билети ҳавопаймоиро ташаккул медиҳанд, хидматрасонӣ ба мусофирон, бағоҷ ва ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳ, сӯзишворӣ, музди меҳнат, хароҷоти маъмурӣ, комиссия ва боҷҳо, пардохтҳои аэронавигатсионӣ ва хадамоти обуҳавошиносӣ, ҳамчунин хароҷоти амортизатсия мебошанд. Ҳангоми муайян кардани арзиши чиптаи парвозҳои яктарафа ба хароҷоти дар боло зикршуда барои хидматрасониҳои фурудгоҳиву аэронавигатсионӣ 40% иловапулӣ зам карда мешавад. Ғайр аз ин, дар давраи пандемия ба хароҷоти мавҷуда хароҷоти чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19, аз қабили бо маҳлулҳои махсус пок кардани ҳавопаймо (дезинфексия) пеш аз ҳар як парвоз, таъмини ҳайати парвозӣ бо либосҳои махсуси ҳифозатӣ, таъмини ҳайати парвозӣ ва мусофирон бо маводи беҳдоштӣ, ҳамчунин таъмини минтақаи озод (6 ҷойи нишасти холӣ) дар толори ҳавопаймо мутобиқи талаботи байналмилалӣ илова мешаванд. Баъзе аз хароҷоти дар боло зикршудаи ширкати ҳавопаймоӣ бо асъори хориҷӣ ифода мешаванд ва боло рафтани қурби асъор нисбат ба сомонӣ арзиши аслии билетро ба таври назаррас меафзояд. Болоравии қурби асъор ба дигар хароҷот низ таъсир мерасонад. Ва дар чунин шароит вазифаи асосии ширкат нигоҳ доштани сатҳи пасттарини имконпазири арзиши билет ва ҳадди ақал рӯйпӯш кардани хароҷоти бевосита мебошад. Дар давраи пандемия ширкат ҳамчунин интиқоли тобутҳоро ба таври ройгон анҷом додааст ва ҳамзамон хизматрасониҳои марбутаи фурудгоҳиро барои интиқолҳои мазкур пардохт намудааст. Ширкат бо супориши ҳукумат парвозҳои тахлиявиро низ анҷом дода, шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Вуҳан ва фурудгоҳи Жуковскийи шаҳри Маскав ба ватан овардааст. Зиёда аз ин, дар ин асно бинобар қатъи иҷрои парвозҳои мунтазам ширкат маҷбур шуд, пули билети мусофиронро баргардонад ва чиптаҳоро бе ҷарима иваз кунад, ҳарчанд интиқолдиҳандагони хориҷӣ санаи парвозҳоро ба мӯҳлати номуайян мавқуф гузошта, маблағи чиптаҳоро надоданд. Мебояд гуфт, арзиши хизматрасониҳои фурудгоҳии кишварҳои хориҷӣ доимо зиёд мешаванд ва давоми сол аз як фурудгоҳ мо чандин дафъа огоҳиномаи афзоиши нархҳоро қабул мекунем. Бо вуҷуди ин, ширкат вазъияти иҷтимоии аҳолиро ба назар гирифта, мекӯшад нархҳоро боло набардорад.

Радиои Озодӣ: Оё метавонед тавзеҳ диҳед, ки нархи як билети ҳавопаймо аз чӣ ташаккул меёбад ва арзиши аслии як парвоз чӣ қадар асту андозҳо ва пардохтҳои дигар чанд дарсадро ташкил медиҳанд?

Томас Ҳаллам: Нархи билет аз тӯл ва харҷи парвоз муайян карда мешавад. Дар маҷмӯъ, 47 дарсади харҷи парвозро хизматрасонии техникӣ ва нигоҳдории коршоямии ҳавопаймоҳо, пардохтҳои хизматрсонии фурудгоҳӣ ва аэронавигатсионӣ, 24% сӯзишворӣ, 15% комиссияҳои агентҳо, пардохти музди меҳнат, андозҳо, хӯроки дохили ҳавопаймо ва хароҷоти чораҳои беҳдоштии марбут ба пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 ташкил медиҳанд. Боқимонда 14%-и арзиши билет хизматрасониҳои намояндагиҳо, хароҷоти маъмуриву хоҷагидорӣ мебошанд. Пандемияи COVID-19 барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ зарари ҳангуфт овард ва ширкатҳои ҳавопаймоии тамоми ҷаҳон ҳоло мекӯшанд, дар ин вазъияти душвор хароҷоти худро ба ҳадди имкон коҳиш диҳанд. Ғайр аз пардохти хизматрасониҳои фурудгоҳӣ, сӯзишворӣ ва амсоли ин, ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар ҳолати иҷро накардани парвозҳо ҳам хароҷоти муайян доранд. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ бояд ба шурӯи парвозҳо омода бошанд ва парки ҳавопаймоии худро дар ҳолати коршоямӣ ва омодабош нигоҳ доранд. Ширкат наметавонад, ҳавопаймоҳояшро дар ҳолати бозистӣ фурӯшад ва бо иҷозат шудани парвозҳо боз бихарад. Ва ё мутахассисони соҳаро аз кор озод кунад ва баъдан боз ба кор ҷалб намояд. Техника ва мутахассисонро нигоҳдорӣ мебояд. Барои нигоҳдории ҳавопаймоҳо дар ҳолати коршоямӣ - коркарди ҳавопаймоҳо бо реагентҳои махсус ва нигоҳдории механизмҳои он дар ҳолати корӣ маблағҳои иловагӣ лозим аст.

Радиои Озодӣ: Баъзе аз шаҳрвандони Русия, аз ҷумлаи шаҳрвандони собиқи Тоҷикистон мепурсанд, ки оё бо хатсайрҳои чартерии "Сомон Эйр" бо шиносномаҳои Русия метавонанд ба Русия парвоз кунанд? Агар ҳа, чӣ тавр метавонанд ба хатсайрҳои Шумо роҳ ёбанд?

Томас Ҳаллам: Барои интиқоли мусофирон аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия алъон танҳо ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ иҷозат доранд.

Радиои Озодӣ: Оё ширкати Шумо дар мавриди барқарор кардани парвозҳои мунтазам бо мақомоти Русия гуфтушунид дорад?

Томас Ҳаллам: Масъалаи мазкур берун аз салоҳияти ширкат аст.

Радиои Озодӣ: Пеш аз пандемия яке аз суолҳои асосии мусофироне, ки аз хизматрасонии "Сомон Эйр" истифода мебаранд, ба сиёсати таруфавӣ (таърифа)-и ширкат дахл дошт. Бо назардошти он ки аксарият шахсони даромадашон кам, муҳоҷирони меҳнатӣ ва бекорон мебошанду маҷбуранд дар ҷустуҷӯи даромад ба Русия парвоз кунанд, сиёсати таруфавии худро чӣ гуна муқаррар мекунед? Ба фикри Шумо, одилона аст?

Томас Ҳаллам: Сатҳи нархҳо дар бозори ҳавопаймоӣ ҳамеша қариб дар як сатҳ аст. Рақобат ширкатҳоро намегузорад, ки нархҳояшонро аз дигар иштирокчиёни бозор баландтар нигоҳ доранд, чун харидоронашонро аз даст медиҳанд. Ҳангоми муқаррарсозии таруфаҳо (таърифаҳо), ширкати ҳавопаймоӣ якчанд омилҳоро ба назар мегирад ба монанди тағйирёбии талаботи ҳаррӯза ва мавсимӣ, муҳити рақобат, потенсиали ширкатҳои ҳавопаймоии рақиб, тағйирёбии сиёсати нархгузории ширкатҳои шарик ва ғ. Омилҳои иқтисодӣ дар ин раванд таъсири хос доранд. Дар назария, барои он ки як интиқолдиҳанда дар шароити кунунии бозор арзи вуҷуд намояд ва муфлис нашавад, бояд ҳамон миқдоре, ки харҷ мекунад ва ҳатто бештар аз он ба даст орад. Ширкати ҳавопаймоӣ бояд рушд кунад ва рушд маблағҳои иловагиро талаб мекунад. Дар мавриди арзиши чиптаҳо, агар сухан дар бораи парвозҳои доимӣ меравад, ширкати ҳавопаймоӣ сиёсати нархгузории чандир дорад. Барои харидани чиптаи арзон, парвозро пешакӣ бояд ба нақша гирифт. Бо наздик шудани рӯзи парвоз арзиши чипта боло меравад. Мо кӯдакони то дусоларо ройгон интиқол дода, барои кӯдакони аз 2 то 12-сола тахфифи 50-дарсадӣ пешниҳод медорем, ҳарчанд бисёре аз ширкатҳои хориҷӣ барои кӯдакон чунин имтиёзҳо намедиҳанд.

Радиои Озодӣ: Бо назардошти он ки “Тоҷик Эйр” амалан парвозҳоро қатъ кардааст, “Сомон Эйр” дар бозор инҳисоргар (монополист) ба шумор меравад ва, аз ин рӯ, коршиносон мегӯянд, ширкати шумо аз ин ҳолати бамиёномада сӯистифода карда, нархҳоро баланд мебардорад.

Томас Ҳаллам: Ин гуфтаҳо баёнгари воқеият нестанд. Инҳисоргар субъекти доминант аст ва дар бозор мавқеи ҳукмфармоиро дорад. Бо як қатор сабабҳо аз миёни ширкатҳои ватании амалкунанда аз тирамоҳи соли 2020 интиқолоти ҳавоиро танҳо “Сомон Эйр” амалӣ мекунад, вале мо итминон дорем, ки “Тоҷик Эйр” ояндаи наздик боз ба фаъолият оғоз менамояд. Дар ин ҳолат дар бораи монополия сухан гуфтан ҷоиз нест, зеро аз ё ба Тоҷикистон, ҳатто дар ин вазъияти душвор, якчанд ширкати хориҷӣ парвоз мекунанд ва мусофирон имкони интихоби интиқолдиҳандаро доранд.

Радиои Озодӣ: Ширкат тасмими харидории ҳавопаймоҳои навро дорад ё не, агар ҳа, бо кадом навъҳо? Каблан матбуот дар бораи музокироти Шумо бо ширкати Embraer хабар дода буд. Ин гуфтушунидҳо чӣ натиҷа доданд?

Томас Ҳаллам: “Сомон Эйр” тасмим дорад, бо ширкати Boeing барои харидани ду ҳавопаймо гуфтушунид оғоз кунад. Бар асари пандемия ва бӯҳрони баамаломада мо маҷбур шудем, лоиҳаи ҳамкориро бо ширкати Embraer қатъ кунем. Ҳоло парки ҳавопаймоии ширкат аз 6 ҳавопаймои Boeing 737-300, 800 ва -900, инчунин, ду чархбол иборат мебошад.

Радиои Озодӣ: Дар бораи шахсият ва корномаи Шумо маълумот хеле кам аст, ба истиснои он ки менависанд, халабони ботаҷриба ҳастед ва пеш аз "Сомон Эйр" раҳбарии "Astana Air"-ро ба зимма доштед. Чӣ тавр Шумо, ки шаҳрванди хориҷӣ ҳастед, тавонистед як ширкати воқеъ дар Тоҷикистонро роҳбарӣ кунед?

Томас Ҳаллам: То таъин шудан ба вазифаи Директори генералӣ, ман дар ширкати “Сомон Эйр” ба ҳайси директори департаменти парвозӣ фаъолият доштам. Умуман фаъолияти кории худро дар соҳаи авиатсия аз соли 1972 дар нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Амрико оғоз кардаам. Пас аз омӯзиши ҳавонавардӣ дар қиркунандаҳои F-101 ва F-102-и нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ парвоз мекардам. Донишгоҳи авиатсионии нерӯҳои ҳарбӣ ҳавоии Амрико ва Донишгоҳи бехатарии авиатсионии Калифорнияи Ҷанубиро бо баҳои аъло хатм карда, ба ҳайси дастурдиҳандаи бехатарии парвозӣ ва роҳбари эскадрони 101-уми қиркунандаҳо дар Бангори аёлати Мэн адои вазифа кардаам. Аз соли 1978 дар ширкати “Delta Air Lines” ба кор шурӯъ карда, дар онҷо 28 сол ҳамчун ҳавонавард-дастурдиҳанда ва ҳавонавард-нозири хатсайрҳои байналмилалӣ фаъолият кардам. Аз соли 2007 то 2011 ба ҳайси менеҷери калони шӯъбаи иҷрои парвозҳо ва менеҷери калони симулятори EVPT дар ширкати “Эйр Астана” кор кардаам. Баъдан дар ширкати “Delta Air Lines” ба сифати нозири парвозҳо фаъолият намудам. Соли 2015 ба ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба ҳайси директори департаменти парвозӣ пайвастам ва аз соли 2016 ба ман масъулияти роҳбарии ин ширкатро ба ҳайси директори генералӣ вогузор намуданд. Оиладор ҳастам ва хушбахтам, ки 5 фарзанд ва 5 набераи дӯстрӯй дорам.

XS
SM
MD
LG