Мақомот мегӯянд, Хӯҷа‑Командир як зиндонбону чанд зиндониро задааст

Хуҷа Каримов дар аксҳое пеш аз ва баъд аз боздошт.

Хӯҷа Каримов (Хӯҷа‑Командир), фармондеҳи пешини Фронти халқии собиқ, ки бо иттиҳоми даст доштан дар 20 куштор дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ қарор дорад, ба латукуби як зиндонбон ва чанд зиндонӣ муттаҳам шудааст.

Як мақоми муассисаи ислоҳӣ, ки нахост номаш зикр шавад, рӯзи 16‑уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса ду ҳафта пеш рух додааст. Ӯ гуфт, Хӯҷа Каримов ҳангоми муноқиша бо чанд маҳбус ба зиндонбоне, ки мехост, онҳоро халос кунад, ҳамла кардааст. Ба гуфтаи ин мақом, нисбат ба Хӯҷа Каримов бо иттиҳоми “авбошӣ” ва “истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” парвандаи нав боз кардаанд.

Ҳамсуҳбати дуюми Радиои Озодӣ дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия низ ҳодисаро тасдиқ кард. “Пас аз ин ҳодиса Хӯҷа Каримов дар утоқе танҳо нигаҳдорӣ мешавад ва парвандаи навашро додситонӣ тафтиш дорад”,‑ гуфт ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ ва нахост, ки ном бурда шавад. Назари худи ӯ ва наздиконаш ба ин хабар дар дастрас нест.

Додситонии кулли Тоҷикистон чанде пеш гуфт, ки парвандаи Хӯҷа Каримов бо иттиҳоми 20 куштор дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ барои муҳокима ба додгоҳ фиристодааст.

Мақомоти интизомӣ соли гузашта гуфтанд, ки бар зидди Хӯҷа Каримов (Хӯҷа-Командир), бар асоси панҷ моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла одамкушӣ ва гаравгонгирӣ, парвандаи ҷинои боз кардаанд. Духтари ӯ ин иттиҳомотро рад кардааст, вале назари вакили мудофеаш маълум нест.

Хӯҷа Каримовро дар оғози моҳи феврали соли гузашта аз Дубай ба Душанбе оварданд. Ӯ ҳудуди бист сол пеш фирор карда буд ва бино ба гузоришҳо дар Малайзия зиндагӣ мекард. Тобистони соли 2019 дар Имороти Муттаҳидаи Араб дастгир шуд. Аз рӯи айбномае, ки мақомот нисбат ба Хӯҷа Каримов парванда боз кардаанд, ба ӯ солҳои тӯлонии зиндон таҳдид мекунад.

Бархе аз шоҳидони рӯйдодҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Каримовро дар "бераҳмии фавқуллода ба мардум" гунаҳкор мекунанд. Аз ҷумла, наздикони бародарон Сияршо ва Саидшо Шоевҳо Хӯҷа-Командирро дар қатли ин ду вакили собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон айбдор медонанд.