Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, парвандаи ҷиноӣ дар нисбати Хӯҷа Каримов (Хӯҷа-Командир), фармондеҳи пешини Фронти халқӣ дар ҳоли баррасӣ буда, баъд аз анҷоми тафтиш ба додгоҳ ирсол хоҳад шуд. Дар ин бора Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 14-уми июл дар нишасти хабарии ин ниҳод хабар дод.
Мақомоти интизомии кишвар моҳи феврали имсол гуфтанд, ки бар зидди Хӯҷа Каримов (Хӯҷа-Командир), бар асоси панҷ моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла одамкушӣ ва гаравгонгирӣ, парванда кушодаанд. Назари пайвандон ва вакили мудофеаш маълум нест.
Хӯҷа Каримовро дар оғози моҳи феврали имсол аз Дубай ба Душанбе оварданд. Ӯ бист сол пеш аз кишвар фирор карда, тобистони соли 2019 дар Имороти Муттаҳидаи Араб дастгир шуд. Аз рӯи иттиҳомҳое, ки мақомот нисбат ба Хӯҷа Каримов парванда боз кардаанд, ба ӯ солҳои тӯлонии зиндон таҳдид мекунад.
Бархе аз шоҳидони рӯйдодҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Каримовро дар "бераҳмии фавқулода нисбат ба аҳолии осоишта" муттаҳам мекунанд. Аз ҷумла, наздикони бародарон Сияршо ва Саидшо Шоевҳо Хӯҷа-Командирро дар қатли ин ду вакили собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон айбдор медонанд.