Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри хабари расмӣ истирдоди Хӯҷа Каримови 60-сола, маъруф ба Хӯҷа-Командир, фармондеҳи пешини Фронти Халқии Тоҷикистонро аз Дубай ба Душанбе тасдиқ кард. Вай моҳи июли соли гузашта дар Имороти Муттаҳидаи Араб дастгир шуда буд.
Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бегоҳи 17-уми феврал бо нашри иттилоияи расмӣ гуфтанд, Хӯҷа Каримовро рӯзи 16-уми феврал ба Душанбе овардаанд. Ба қавли мақомот, ӯ ба "бандитизм, одамкушӣ, азобу уқубат, гаравгонгирӣ ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон" муттаҳам аст. Ҳоло назари наздикони Хӯҷа Каримов ба ин масъала маълум нест. Ва низ рӯшан нест, ки ӯ дар бозпурсиҳои мақомот то куҷо ба ин иттиҳомот розӣ аст.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хостааст, агар нисбат ба Хӯҷа Каримов даъвое доранд, ба ин ниҳод муроҷиат кунанд.
Аз ин қабл, сомонаи "Ахбор" рӯзи 17-уми феврал бо такя ба манобеаш дар бораи истирдоди Хӯҷа Каримов аз Дубай хабар дод. Ин пойгоҳи хабарӣ навишт, Хӯҷа Каримовро субҳи якшанбе ба воситаи ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр” оварданд.
"Истирдоди Хӯҷа ба воситаи Раёсати кофтукоби ҷиноии ВКД Тоҷикистон (сардораш – подполковник Шоҳрух Саидзода) сурат гирифтааст ва Хӯҷа-Командир ҳоло дар Раёсати кофтукоби ҷиноии ВКД қарор дорад. Масъалаи истирдоди Хӯҷа ба сабаби ихтилофи назар дар байни худи мақомоти гуногуни ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дучори мушкил шуд ва чунин тӯл кашид", -- навишт сомона.
Як манбаи Радиои Озодӣ ҳам рӯзи душанбе гуфт: "Хӯҷа Каримов бо қарори додгоҳи Дубай ба Тоҷикистон таслим карда шуд. Мақомот парвандаи ӯро бо далелҳо ба Имороти Муттаҳидаи Араб фиристода буданд. Ҳоло бозпурсӣ мешавад."
Байни Тоҷикистону Имороти Муттаҳидаи Араб дар бораи табодули муттаҳамон созишнома имзо шудааст. Қаблан Имороти Муттаҳидаи Араб Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоевро боздошт ва ба Душанбе таслим карда буд.
Мақомоти Тоҷикистон вакили пешини порлумон ва раиси собиқи Федератсияи футболи кишвар Хӯҷа Каримовро ба чандин ҷиноят, аз ҷумла куштору ғоратгарӣ муттаҳам мекунанд. Вай аз соли 2008-ум боз таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт. Бино ба хабарҳо, солҳои охир дар Малайзия мезист ва тиҷорат мекард.
Шарҳи боздошти Хӯҷа Каримов. Видео аз бойгонӣ:
Хӯҷа-Командир соли 1960 дар ҷамоати Қизилқалъаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон зода шуда, хеле зуд аз падару модар маҳрум мондааст. Муродбегим Раҳимова, хоҳари Хӯҷа Каримов, дар як суҳбаташ бо нашрияи “Азия-Плюс” дар чанд сол пеш гуфта буд, “ӯ дар овони хурдӣ боистеъдод буд ва ба хондану варзиш, бахусус футбол шавқ дошт”.
Раҳимова гуфтааст, Хӯҷа Каримов дар зодгоҳи худ барои бепарасторон ва пирони танҳо хонаву боғча пӯшида, ният доштааст, як бемористон ҳам бисозад.
Вале бархе аз шоҳидони рӯйдодҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Каримовро дар бераҳмии фавқулода нисбат ба аҳолии осоишта муттаҳам мекунанд.
Хӯҷа Каримов соли 1995 вакили порлумони Тоҷикистон шуд. Ӯро моҳи ноябри соли 1998 дар бинои порлумони кишвар боздошт ва ба маҳбас интиқол доданд. Он вақт ӯро расман дар қатли вакилони Шӯрои Олии Тоҷикистон Саидшо Шоев, бародари ӯ Cияршо ва вакили дигар Тағай Шукуров айбдор карданд. Аммо пас аз чанде ӯ озод шуд.
Дертар дар манзилаш, дар ноҳияи Ғозималики вилояти Хатлон Каримов ҳадафи як суиқасди нофарҷом қарор гирифт, ки бар асари он бародараш ба ҳалокат расид.
Хӯҷа Каримов қабл аз фирораш дар соли 1999 ноиби аввали фармондеҳи бригадаи махсус дар Вазорати дифоъ ва раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон буд.
Мақомоти Тоҷикистон солҳои охир чанде аз ёрони ӯро ба зиндон маҳкум карданд. Додгоҳи вилояти Хатлон соли 2012 хоҳарзода ва яке аз муҳофизони Хӯҷа Каримовро дар куштори ду нафар, узвият дар гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ, латту кӯб ва гаравгонгирӣ гунаҳкор донист.