Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ширкати TBEA-и Чин дар "Дуобаи шарқӣ", яке аз конҳои калонтарини кишвар, ба истихроҷи тилло оғоз кардааст.
Конҳои "Дуобаи шарқӣ" ва "Кумарғи боло"-ро дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд дар ивази сохтани Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба истифодаи ширкати TBEA-и Чин додаанд. Мақомот дар Тоҷикистон бештар ба сармояҳои Чин такя мекунанд, аммо бахше аз мардум аз шеваи баргардондани он нигарон ҳастанд.
Раҳмонбек Бахтдавлатов, роҳбари Кумисюни давлатии захираҳои Тоҷикистон, рӯзи 3-юми феврал дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ТВЕА дар кони "Кумарғи боло" низ корҳои иктишофӣ ё ҷустуҷӯиро анҷом медиҳад.
Ӯ афзуд, захираи ин ду кон тибқи пешбинии онҳо аз хароҷоти ширкати ТВЕА барои бунёди Маркази барқу гармидиҳии Душанбе зиёдтар аст, вале ба суолҳои батакрори хабарнигорон нагуфт, ки дар "Дуоби шарқӣ" ва "Кумарғи боло" чӣ қадар захира нуҳуфтааст. Ба гуфтаи Бахтдавлатов, баъд аз анҷоми корҳои иктишофӣ дар ин бора хабар медиҳанд.
Ҳамчунин маълум нест, аз тиллои истихроҷшуда дар ин ду кон чӣ қадараш ба Тоҷикистон ва чӣ қадар ба ширкати чинӣ мерасад.
Аммо пештар мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ба ҳисоби тахминии онҳо, ин ду кон то "64 тонна тило дорад".
Навор аз бойгонист:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ширкати ТВЕА-и Чин барои бунёди Маркази барқу гармидиҳии Душанбе 349 миллион доллар харҷ кардааст, ки аз он 17 миллион доллар саҳми Тоҷикистон аст. Маблағи боқимонда қарзи “Эксимбонк”-и Чин аст.
Чжан Син, роҳбари ТВЕА, соли 2018 ба торнамои stcn.com дар Чин гуфта буд, агар ширкат аз ин ду кони тилло хароҷоташро бароварда насозад, ҳукумати Тоҷикистон ризоият додааст, ба ин ширкат муҷаввизи конҳои дигарро ҳам бидиҳад.
"Кумарғи Боло" ва "Дуобаи Шарқӣ" танҳо конҳое нестанд, ки ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон дар ихтиёр доранд. Ширкати муштараки Тоҷикистону Чин -- "Зарафшон" ва "Покруд" дар Ромит низ дар истифодаи сармоягузорони чинӣ ҳастанд.
Намояндагони ширкатҳои чинӣ, ки дар Тоҷикистон ба коркарди тилло машғуланд, аз шарҳи ҳамагуна иттилоъ аз ҳосили ҳамкориҳояшон худдорӣ мекунанд.
Мақомоти Тоҷикистон аз ҳамагуна додуситад бо ҷониби Чин розиянд ва ҳамеша аз он ситоиш кардаанд, вале он чи сокинонро нигарон кардааст, норӯшаниҳо дар ин муомилаҳост. Ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ҷузъиёти созишномаҳо бо Чин ва суду зиёни онҳоро ба ҷомеа намегӯянд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Худро дар анҷумани ҳизбии солҳои 70-ум тасаввур кардам". Муовини собиқи вазир паёми Раҳмонро таҳлил кард. ВИДЕОВазорати молия гуфт, Тоҷикистон аз имтиёзи G20 истифода кард, аммо қарзи хориҷиашро медиҳадБори соҳибкорони тоҷик моҳҳо боз дар Чин банд мондааст. Тоҷирон мепурсанд, "роҳ кай боз мешавад?"Аз дӯстию ҳамкорӣ то даъвои “фурӯбарии Тоҷикистон”. Нигоҳе ба матолиби расонаҳои ЧинIRS далелҳои "Озодӣ"-ро интихобӣ номид, вале номи соҳибашро эълон накардБаҳси қарзи хориҷии Тоҷикистон: Кӣ ва чӣ гуна бармегардонад? ВИДЕОТоҷикистон дар пардохти қарзи хориҷиаш то нимаи 2021 "таътил" хостаастҲавои Душанберо "хатарнок" номиданд. Дуди Маркази гармидиҳӣ, оҳангудозӣ ё чанги "Сементи тоҷик"? ВИДЕО562 миллион доллар қарзи дигар. Тоҷикистон аз кӣ ва чӣ қадар қарздор аст?