Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар пардохти қарзи хориҷиаш то нимаи 2021 "таътил" хостааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон аз кишварҳои сармоягузор хостааст, ки муҳлати бозгардондани баҳраву қарзи хориҷиашро то нимаи соли 2021 ба таъхир андозанд. Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон расман чизе нагуфтанд, Бонки Ҷаҳонӣ дар гузорише, ки тирамоҳи соли гузашта омода карда, охири моҳи декабри 2020 ба нашр расонд, "аз камбуди даромади буҷа ва мушкили пандемия" ёдовар шудааст.

"Чин розӣ шудааст"

Дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ омадааст, ба таъхир гузоштани пардохти қарзи хориҷӣ ба Тоҷикистон имкон медиҳад, аз буҷа барои бахшҳои иҷтимоӣ ва дастгирии соҳаи тандурустӣ дар муқобила бо COVID-19 пули кофӣ ҷудо кунад. Ба иттилои Бонки Ҷаҳонӣ, то кунун Чин ба дархости Тоҷикистон дар бораи то нимаи соли 2021 ба таъхир гузоштани пардохти қарзи хориҷӣ ризоят додааст.

Қарзи берунии Тоҷикистон то 1-уми октябри соли 2020 ба 3 миллиарду 700 миллион доллар расидааст, ки он ба 43,3 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ВВП)-и кишвар баробар аст.

Баъди паҳншавии бемории коронавирус, 20 кишвари бузурги саноатии ҷаҳон (G20) тарҳеро рӯйи даст гирифтанд, ки бар асоси он ба кишварҳои рӯ ба рушд имтиёз медиҳанд, то пардохти қарз ва фоизҳои онро ба таъхир андозанд. Тоҷикистон низ ба гуруҳи кишварҳои рӯ ба рушд дохил мешавад ва хостааст аз ин имтиёз баҳра гирад.

Ин дар ҳолест, ки вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода моҳи ноябри соли гузашта дар порлумон гуфта буд, дар буҷаи соли 2021 барои баргардондани қарзи хориҷӣ ва фоизҳои он 2,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ карданд.

Дар пасманзари COVID-19

Дар пайи густариши коронавируси нав дар соли 2020 ва коҳиши интиқоли пули муҳоҷирон вазъи иқтисодии Тоҷикистон бад шуд. Аз ҷумла, Давлаталӣ Саид, муовини аввали сарвазир дар номае ба раҳбарияти Бонки Осиёии Рушд навишт, пандемияи коронавирус иқтисоди Тоҷикистонро дар ҳолати "форс мажор" қарор дод ва кишвар ба ёрӣ ниёз дорад.

Коршиносон мегӯянд, пандемияи коронавирус ҳоло тамом нашудааст ва дар гумон аст, ки Тоҷикистон аз нимаи дувуми соли 2021 тавонад дубора ба пардохти қарзҳои хориҷӣ шуруъ кунад.

Олимҷон Бобоев, иқтисоддони тоҷик ва вакили собиқи порлумон, рӯзи 1-уми январ гуфт, шояд мақомот суръати рушди иқтисод ва омили дигарро ба назар гирифта, аз кишварҳои қарздиҳанда танҳо то нимаи соли 2021 муҳлат хостаанд.

Қарзи хориҷии Тоҷикистон ба чанд расид?

Дархости Тоҷикистон барои ба таъхир гузоштани қарзҳои хориҷӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳукумат ният дорад дар соли 2021 аз кишвару созмонҳои хориҷӣ, аз ҷумла барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун", 562 миллион доллар қарз бигирад.

Қарзи берунии Тоҷикистон то 1-уми октябри соли 2020 ба 3 миллиарду 700 миллион доллар расидааст, ки он ба 43,3 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ВВП)-и кишвар баробар аст.

Дар гузориши охири Бонки Ҷаҳонӣ ҳам омадааст, "бино бар он ки ба Тоҷикистон хатари пардохтнопазирӣ (дефолт) таҳдид мекунад, гирифтани қарзи нави беимтиёз, сарбории қарзи давлатиро боз ҳам бештар мекунад."

Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон давлат ва бонкҳои Чин аст, ки нисфе аз қарзи хориҷии кишвар ба он рост меояд. Зиёд шудани қарзҳои Чин мояи нигаронии фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шудааст, ки хавфи торафт вобаста шудани кишварро аз Чин афзун мекунад. Ҳарчанд вазири молияи Тоҷикистон як сол пеш гуфт, кишвар дар се соли оянда нақшаи гирифтани қарз аз Чинро надорад ва “интиқодҳо дар бораи он ки қарзи зиёд Душанберо пойбанди Пекин мекунад, нодуруст аст”.

Бо афзоиши қарзи хориҷӣ ҳамчунон хароҷоти буҷаи кишвар ҳам барои бозгардондани баҳра (фоиз) ва худи маблағи қарз сол аз сол меафзояд.

Аз ҷумла, соли 2021 Тоҷикистон аз буҷааш барои баргардондани қарзу фоизҳои хориҷиаш 213,5 миллион доллар, соли 2022-юм 238,2 миллион доллар ва соли 2023-юм 243,3 миллион миллион доллар харҷ хоҳад кард. Ба ибораи дигар, Тоҷикистон барои бозгардони қарзи хориҷӣ маблағеро аз буҷааш масраф мекунад, ки аз кулли хароҷоти кишвар барои нигоҳдошти тандурустии мардум бештар аст.

Қарзи хориҷии Тоҷикистон то 1-уми апрели 2020

"Эксимбонк"-и Чин

1 миллиарду 138 миллиону 30 ҳазор доллар

Вомбаргҳо (евробондҳо)

500 миллион доллар

Бонки Ҷаҳонӣ

329,50 миллион доллар
Бонки Осиёии Рушд270,71 миллион доллар
Бонки Исломии Рушд136,76 миллион доллар
Фонди Саудии Рушд78,91 миллион доллар

Фонди зиддибуҳронии Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё

69 миллион доллар
Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд56,58 миллион доллар
Фонди ОПЕК40,52 миллион доллар
Фонди Кувайтии Рушд36,77 миллион доллар
Бонки Осиёии Инфрасохтор27,18 миллион доллар
Фаронса21,91 миллион доллар
Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ19,21 миллион доллар
Бонки Олмонии Рушд18,73 миллион доллар
Фонди Абузабии Рушд9,71 миллион доллар
Фонди Байналмилалии Рушди кишоварзӣ6,72 миллион доллар

Амрико

3,52 миллион доллар
Қарзи ҷалбкардаи Бонки Миллии Тоҷикистон:

Сандуқи Байналмилалии Пул

28,49 миллион доллар
Чин3 миллион доллар

Бонки Исломии Рушд

2,54 миллион доллар
Қарзҳое, ки вазорату идораҳои Тоҷикистон гирифтаанд:

Қарзҳо бо кафолати давлатӣ

79,80 миллион доллар

Қарзҳо бе кафолати давлатӣ

31,52 миллион доллар

*Рӯйхат бар асоси маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон таҳия шудааст.

XS
SM
MD
LG