Моликони бозори "Султони Кабир" дар Душанбе ваъда доданд, ки дӯконҳои сӯхтаро дубора барқарор ва соҳибкоронро як муддат аз додани ҳаққи бозор озод мекунанд. Баъзе аз тоҷирон гуфанд, ин ҳамон ваъдаест, ки дар ҳодисаҳои пешина низ садо дода, қисман иҷро шудааст, вале нигаронии онҳо аз он аст, ки зиёни молҳои ба коми оташрафтаро кӣ ҷуброн мекунад.
Ду рӯз пеш як қисми бозори "Султони Кабир", яке аз бозорҳои калонтарини Душанбе, сӯхт.
Зайдулло Насруллоев, сармуҳосиби бозор, рӯзи 27-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар ин ҳодиса 46 дӯкон оташ гирифт". Вазорати корҳои дохилӣ зиёни расидаро тақрибан 800 ҳазор сомонӣ ҳисоб кардааст, вале дигарон мегӯянд, хисорот зиёдтар аст.
Ба қавли Насруллоев, маъмурият дӯконҳои сӯхтаро барқарор карда, муддате аз тоҷирон ҳаққи бозорро намегирад. Вале суоли асосие, ки Зайдулло Насруллоев ва дигарон дастикам ҳоло ба он ҷавоби мушаххас надоранд, ҷуброни зарари тоҷирон аст.
Дар гузашта дар чунин ҳолат мақомот ҳамеша пурсидаанд, ки оё тоҷирон молҳои худро суғурта ё бима карда буданд ё не. Бештари тоҷирон иқрор мешаванд, ки моли худро барои чунин ҳолатҳои ногаҳонӣ суғурта накардаанд ва ҳоло ба кумаки масъулони бозору мақомот чашм дӯхтаанд.
"Мебел мефурӯхтам, ҳамаи борҳоямон сӯхта хокистар шуд. Мо бовар карда, моламонро дар бозор монда мерафтем, аммо акнун кӣ пули молҳоро медиҳад? Боз аз куҷо қарз карда, дубора мол орем?" – шикоят кард яке аз соҳибкорон.
Навори навро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Соҳибкорони дигар бо умеди он ки шояд масъулони бозор ва мақомот барои дубора барқарор кардани тиҷораташон ба онҳо ёрӣ мекунанд, аз суҳбати ошкор худдорӣ варзиданд.
Солҳои пеш низ баъд аз ҳар сӯхтор дар бозорҳои Тоҷикистон, бахусус Душанбе, масъулин ваъда медиҳанд, ки дӯконҳоро барқарор ва тоҷиронро аз пардохти пули бозор озод мекунанд. Ҷуброни моли сӯхтаи тоҷирон, ба гуфтаи худашон, ба дӯши онҳо меафтад.
Фарзияи пешакии мақомот ин аст, ки сӯхтор дар натиҷаи ба ҳам расидани сими барқ сар задааст. Масъулони бозор гуфтанд, ҳар бегоҳӣ барқро пурра хомӯш карда, соати ҳафти субҳ дубора рӯшан мекарданд ва сӯхтор низ субҳ рух додааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои дақиқ кардани сабабҳои ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушодааст ва таҳқиқ ҳанӯз идома дорад. Муфаттишон бояд маълум кунанд, ки қоидаҳои сӯхтор то куҷо риоят нашудаанд ва маҳз аз куҷо оташ аланга гирифтааст. Рӯзи 27-уми январ кормандони ниҳодҳои интизомӣ дар дохили бозори "Султони Кабир" дида шуданд.
Бозори "Султони Кабир" пас аз ду рӯзи оташ гирифтан ҳанӯз ҳам бастааст. Ончиро, ки аз оташ монд, ба берун мебароранду бозорро пок мекунанд. Маълум нест, кай бозор ва тоҷирон ба кори маъмулӣ бармегарданд.
"Султони Кабир" яке аз бозорҳои асосии фурӯши маҳсулоти сохтмон дар Тоҷикистон аст. Онро соли 2000 сохтаанд ва дар онҷо 1700 нафар кор мекунанд. Бозор соли 2018 низ оташ гирифта буд ва дар натиҷа бистуяк мағозаву дӯкон сӯхт.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Оташ гирифтани бозорҳо дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон солҳои охир зиёд иттифоқ меуфтад. Мақомот дар чанд ҳолат гуфтанд, ки риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби оташ гирифтани бозорҳо шудааст, аммо дар ҳама ҳолат ҷуброни зиёни расида ба соҳибкорон ва барқарор кардани тиҷорати онҳо аз масъалаҳои баҳсбарангез мондааст.
Тоҷирон дар баъзе маврид ҳолатҳои барқасдона оташ зада шудани бозорҳоро аз эҳтимол дур намедонанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Сӯхтор дар бозори "Султони Кабир". Зарари тоҷиронро кӣ ҷуброн мекунад? ВИДЕО. АКСБозори "Корвон"-ро аз нав месозанд, мушкилҳои пешина аз байн мераванд? ВИДЕОСабаби сӯхтор дар бозори Турсунзода зоҳиран маълум шуд Тоҷирони норозӣ дар бозори Шаҳритус. Тақсими ҷой баҳс барангехт. ВИДЕОВазорат сӯхтор дар бозори "Деҳқон"-ро шарҳ додСӯхтор дар бозори марказии Шаҳритус. ВИДЕОВКД сабаби сӯхтор дар бозори ноҳияи Ҳамадониро "расиши ноқилҳо" гуфтСӯхтор бар бозори марказии Ховалинг