Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабаби сӯхтор дар бозори Турсунзода зоҳиран маълум шуд


Кӯчае дар шаҳри Турсунзода
Кӯчае дар шаҳри Турсунзода

Дирӯз дар бозори марказии шаҳри Турсунзода сӯхтор ба амал омад. Дар пайи он асосан дӯконҳое оташ гирифтанд, ки ба фурӯши молҳои хоҷагидорӣ машғул буданд. Сабаби сӯхтор ҳанӯз расман эълон нашудааст, вале яке аз фарзияҳои асосӣ расиши ноқилҳои барқӣ гуфта мешавад. Баъзе аз савдогарон гуфтанд, дар бозор барқ муназзам интиқол дода намешуд. Нисбати ҳодисаи мазкур тафтишот шурӯъ шудааст. Сӯхтор дар бозорҳои гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон солҳои ахир зиёд иттифоқ меуфтад. Мақомот дар чанд ҳолат гуфтанд, ки риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби оташ гирифтани бозорҳо шудааст, аммо дар ҳама ҳолат ҷуброни зиёни расида ба соҳибкорон ва барқарор кардани тиҷорати онҳо аз масъалаҳои баҳсбарангез мондааст.

XS
SM
MD
LG