Даҳҳо соҳибкори бозори марказии ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон аз тақсими, ба гуфтаи онҳо, "нодуруст"-и нуқтаҳои савдо эътироз карданд. Ин бозор моҳи майи имсол оташ гирифт ва пас аз се моҳ дигарбора фаъол шуд.
Тоҷирон даъво доранд, ки то замони сӯхтор нуқтаҳои савдои онҳо аз 4 то 5 метри мураббаъро дар бар мегирифт, ҳоло барояшон дар дохили бозор аз як то якуним метр ҷой додаанд.
Масъулони бозори марказии ноҳияи Шаҳритус ҳозир нашуданд, вазъи ба амаломадаро шарҳ диҳанд. Намояндагони идораи "Тоҷикматлубот", ки бозор дар ихтиёраш аст, гуфтанд, аз норозигии соҳибкорон хабар доранд ва масъалаи тақсими ҷойҳоро дубора баррасӣ хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол, бино ба видеое, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, даҳҳо соҳибкор, ки бештарашон зан ҳастанд, рӯзи 29-уми август бо талаби бознигарии тақсими нуқтаҳои савдо дар бозор ҷамъ омадаанд.
Мадина Кенҷаева, яке аз тоҷирони бозори ноҳияи Шаҳритус, ба Радиои Озодӣ гуфт, агар масъалаи тақсими ҷой ба зудӣ ҳал нашавад, то мақомоти болоӣ шикоят хоҳанд бурд. Вай гуфт, 15 сол боз дар ин бозор кор мекунад ва аз ин ҳисоб харҷи хонаводаашро таъмин менамояд.
"Ман то оташ гирифтани бозор дар чаҳор метри квадратӣ нуқтаи фурӯш доштам ва ҳоло масъулони бозор ба ман якуним метр доданд, ки ягон коре карда наметавонам", -- норозигӣ кард Кенҷаева.
Як намояндаи идораи "Тоҷикматлубот" гуфт, се моҳ пеш масъалаи тақсими дубораи нуқтаҳои фурӯш баррасӣ шуда буд. Вай афзуд, азбаски соҳибкорон розӣ нестанд, аз масъулони бозор хостаанд, ин масъаларо дубора баррасӣ кунанд. "Рӯзи 30-юми август ё 31-уми август боз ба ин масъала бармегардем", -- гуфт ӯ.
Ин наворро корбарон фиристоданд:
Мадина Кенҷаева мегӯяд, имрӯз ба намояндагӣ аз соҳибкорони норозӣ раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор ду тоҷирро ба ҳузур пазируфта, ба шикояташон гӯш додааст. "Ҷаббори Ғаффор гуфтааст, нуқтаҳои фурӯши пешинаи соҳибкоронро диҳанд, вале то ин лаҳза ҳеч кор нашудааст. Дар сӯхтор соҳибкорон ба камаш 50 ҳазор - 80 ҳазор сомонӣ зарар дидаанд", -- гуфт ӯ.
Маcъулони ҳукумати Шаҳритус мегӯянд, зиёни сӯхтор дар бозори марказии ноҳия беш аз 4 миллион сомонӣ (400 ҳазор доллар) ҳисоб шудааст. Ҳодиса 28-уми майи имсол рух дод. Тоҷирон мегӯянд, мақомот ба онҳо ваъдаи сабукӣ дар пардохти андозу баҳраҳои бонкӣ доданд, аммо нагуфтанд, ҷуброни зарарро кӣ ва чӣ гуна мепардозад.
Дар ноҳияи Шаҳритус ду бозор фаъол аст, бозори марказӣ ва бозори “Ином”. Чанд сол пеш моликони бозори "Ином" бар сари тақсими бозор бо Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси раиси ҷумҳурии Тоҷикистон баҳс доштанд. Бозори марказии ноҳия зери назорати идораи "Тоҷикматлубот" аст.
Оташ гирифтани бозорҳо дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон солҳои ахир зиёд иттифоқ меуфтад. Мақомот дар чанд ҳолат гуфтанд, ки риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби оташ гирифтани бозорҳо шудааст, аммо дар ҳама ҳолат ҷуброни зиёни расида ба соҳибкорон ва барқарор кардани тиҷорати онҳо аз масъалаҳои баҳсбарангез мондааст. Тоҷирон дар баъзе маврид ҳолатҳои барқасдона оташ зада шудани бозорҳоро аз эҳтимол дур намедонанд.
То замони сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритус беш аз 600 кас фаъолият доштаанд.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!