Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар бозори "Султони Кабир". Зарари тоҷиронро кӣ ҷуброн мекунад? ВИДЕО. АКС


Сӯхтор дар бозори "Султони Кабир". 25 январи 2021.
Сӯхтор дар бозори "Султони Кабир". 25 январи 2021.

"Султони Кабир" -- яке аз бозорҳои калон дар пойтахти Тоҷикистон субҳи 25-уми январ оташ гирифт. Ба гуфтаи соҳибкорон, оташсӯзӣ дар қисмати дохилӣ ва ҷойи фурӯши чархҳои мошинҳо сурат гирифтааст. Мақомот дар соати аввали ҳодиса нерӯҳои вижаро ба назди бозор фиристоданд ва аз вуруди соҳибкорон ва сокинон ба дохили он ҷилавгирӣ карданд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баъди се соати ҳодиса, сӯхтор дар бозори "Султони Кабирро" шарҳ дод. Масъулини вазорат дар хабарномае гуфтанд, сӯхтор "дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳо оташ сар зада, ду айвони фурӯши молҳои пластикиро фаро гирифт".

Иттилои алтернативӣ дар бораи сабабҳои сӯхтор феълан маълум нест. Дақиқ нест, ки чӣ гуна мутахассисони Вазорати корҳои дохилӣ давоми ду соат муайян карданд, ки сабаби сӯхтор расиши ноқил аст.

Ба гуфтаи мақомот, сӯхтор тахминан соати 7:30 сар зада, баъди ду соат хомӯш карда шуд. Мақомот гуфтанд, ки барои хомӯш кардани оташ, 16 автомашинаи оташнишонӣ фиристода шудааст. Ин дар ҳолест, ки хабарнигорони Радиои Озодӣ аз ҷойи ҳодиса гуфтанд, соҳибкорон аз кори оташнишонҳо норозигӣ доштанд, ки саривақт оташро хомӯш накардаанд.

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, сӯхтор тахминан 800 ҳазор сомонӣ хисорот доштааст. Хабаргузории “Азия-Плюс” навиштааст, сӯхтор дар масоҳати 600 метри мураббаъ паҳн шудааст. Ба иттилои ВКД, дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, сабабҳои дақиқи ҳодиса муайян мешавад.

Ин оташсӯзии аввал дар бозори "Султони кабир" нест. Дар оташсӯзии моҳи июни соли 2018 дар ин бозор бистуяк мағозаву дӯкон ба коми оташ рафта буд. Мақомот он вақт алайҳи се масъули бозор парвандаи ҷиноӣ боз карда, онҳоро ба "бемасъулиятӣ" айбдор карданд. Баъдан маълум нашуд, ки тақдири ин афрод чӣ шудааст. Ин се нафар масъули бахши бехатарӣ ва барқ дар бозори "Султони Кабир" мебошанд.

"Султони Кабир" яке аз бозорҳои аслии фурӯши маҳсулоти сохтмон ва қисмҳои эҳтиётӣ соли 2000 бунёд шуда, дар он 1700 соҳибкор кор мекунанд.

Оташ гирифтани бозорҳо дар Тоҷикистон солҳои ахир зиёд ба мушоҳида мерасад ва мақомот мегӯянд, ки аксаран риоят накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби оташ гирифтани бозорҳо мешавад. Аммо бархе дигар аз мутахассисон мегӯянд, оташсӯзиҳои пай дар пай дар Душанбе, ки ба қавли мақомот аз ноқилҳои барқӣ сар мезанад, гувоҳи вуҷуди мушкили ҷиддӣ дар ин бахш аст.

Баъд аз ҳар сӯхтор дар бозорҳои Тоҷикистон суоли аслӣ ин мешавад, ки амволи нобудшудаи соҳибкоронро кӣ ҷуброн мекунад? Бештари соҳибкорон дар оташсӯзиҳои қаблӣ гуфтаанд, амволашонро суғурта накардаанд.

"Султони Кабир" - яке аз бозорҳои калони Тоҷикистон оташ гирифт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00

XS
SM
MD
LG