"Вируси нобаробарӣ".Oxfam мегӯяд, пандемия шумори ниёзмандонро фавқулода зиёд мекунад

Созмони ҷаҳонии зидди нодорӣ Oxfam мегӯяд, ки дороиҳои 10 шахси сарватмандтарини ҷаҳон дар давраи пандемия то 540 миллиард доллар афзоиш ёфт, дар ҳоле, ки қишри нодори ҷаҳон бояд барои раҳоӣ аз ин бӯҳрон даҳсолаҳои дигар мубориза барад.

Дар миёни сарватмандтаринҳо исми Ҷефф Безос- раҳбари ширкати Amazon, Марк Сукерберг – муассиси Facebook ва Илон Маск – муассиси Tesla ёд мешавад, ки, ба қавли созмони хайрия, дар давраи пандемия сарвати худро ба он андоза зиёд карданд, ки на фақат барои пардохти воксинаи ҳар як сокини сайёра, балки бештар аз он кифоят мекунад. Ба қавли Oxfam, сарвати онҳо барои аз фақру нодорӣ раҳонидани ҳар як ниёзманд мерасад. Ин хулосаҳо рӯзи 25-уми январ дар гузориши нави созмон дар остонаи Форуми интернетии иқтисодии ҷаҳон дар Давос нашр шудааст.

Гузориши Oxfam “Вируси нобаробарӣ” ном дорад ва исми як ҳазор сарватманди сайёраро ошкор мекунад, ки дар нӯҳ моҳи пандемия тавонистанд даромадҳои ҳангуфт ба даст оранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки қишри нодори сайёра беш аз 10 соли дигар бо паёмадҳои иқтисодии пандемия мубориза хоҳад бурд.

Муҳаққиқон гуфтаанд, ки “пандемияи коронавирус эҳтимоли афзоиши нобаробарӣ дар тамоми давлатҳои ҷаҳонро ба вуҷуд овардааст”. Ин нобаробарӣ, бино ба пешбиниҳои созмон, ҳам ба дороиву сарват, ҳам ба ҷинсият ва ҳам нажоди инсонҳо рабт хоҳад гирифт.

Дар гузориши ҷудогонае, ки Созмони кори СММ – ILO 25-уми январ нашр кард, омадааст, ки маҳдудият дар тиҷорату кор ва зиндагии ҷамъиятӣ 8,8 дарсади тамоми соатҳои корӣ дар корхонаҳои сайёраро хароб кард. Ин омор, ба ҳисоби муҳаққиқони СММ, бо 255 миллион кор баробар аст ва чор баробар бештар назар ба кори аздастрафта дар паи бӯҳрони иқтисодии соли 2009 дар тамоми ҷаҳон мебошад.

Коҳиши кор 3,7 триллион доллар даромадро дар сол кам карда, бо 4,4 дарсад маҷмӯи маҳсулоти дохилии сайёра баробар будааст. Аксари онҳое, ки аз ин даромадҳо бенасиб мондаанд, ҷавонҳову занон мебошанд.

Пешбинии ILO ин аст, ки аз миёнаҳои дуюми соли 2021 мушкили бозгашт ба кор тадриҷан ҳал мешавад, вале боз ҳам аз сатҳи кам шудани коронавирус ва тақсими ҳамаҷонибаи воксина вобаста хоҳад буд.

Oxfam ба ҳукуматҳо машварат додааст, ки афроди “фавқулодда доро”-ро андозбандӣ кунанд, чун сарвати миллиардерҳо моҳи декабр дар маҷмӯъ 11,95 триллион долларро ташкил додааст. Ин мабағ, ба қавли созмони хайрия, ба хароҷоти куллии кишварҳои узви Гурӯҳи 20-гона дар бахши барқарорсозӣ ва ҳам иқтисодҳои дар ҳоли рушд баробар мебошад.

Ин созмони хайрия мегӯяд, дар ҷаҳон 500 миллион нафар дар ҳолати фақр зиндагӣ мекунанд ва пандемия ҳоли онҳоро аз қабл ҳам бадтар кардааст. Раҳбари Oxfam International Габриэла Бушер гуфт, “мо шоҳиди азимтарин нобаробарӣ” мешавем.