Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори дабири кулли СММ "аз қаҳтӣ ва фақри густурда" дар пайи COVID-19


Дабири кулли СММ Антони Гутерриш ва Тедрос Адҳаном раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар як нишаст дар Женева.
Дабири кулли СММ Антони Гутерриш ва Тедрос Адҳаном раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар як нишаст дар Женева.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба сарони ҷаҳон ҳушдор додааст, ки агар даст ба кор нашаванд, паҳншавии COVID-19 қаҳтӣ, фақр ва гуруснагиро ба миён хоҳад овард, ки ба "вайронӣ ва дарду ранҷи ғайри қобили тасаввур" дар ҷаҳон хоҳад анҷомид.

Антонио Гутерриш рӯзи 28-уми май дар бузургтарин нишасти сарони кишварҳои ҷаҳон аз замони паҳншавии бемории COVID-19, сухан мегуфт. Ӯ мегӯяд, 1,6 миллиард нафар аз сокинони кураи замин мумкин аст қодир набошанд дигар ҳатто харҷи зиндагии худро таъмин кунанд ва 60 миллион нафар ба зери хатти фақри комил рафтаанд.

Гутерриш гуфтааст, буҳрони феълӣ бар кишварҳое, ки мардуми он даромади кам ё миёна доранд, пайомадҳои сахт хоҳад дошт ва ин кишварҳо ниёзманди бештарин кумакҳо ҳастанд.

Ба ҳисоби ин мақоми баландпояи Созмони Милали Муттаҳид, бо коҳиши 8,5 триллиондоллларии тавлид дар сатҳи байналмилалӣ, ҷаҳон бо сахтарин мушкили иқтисодӣ аз замони рукуди бузурги иқтисодӣ дар даҳаи 1930 рӯбарӯ шуд.

Дар нишасти рӯзи панҷшанбе, ки ба сурати видеоӣ анҷом шуд, наздик ба 50 тан аз сарони ҷаҳон ибрози назар карданд. Дар ин ҷаласа раҳбарони Сандуқи байналмилалии пул ва Бонки ҷаҳонӣ низ ҳузур доштанд.

Бо ин ҳол хабаре аз сарони иқтисодҳои бузурги ҷаҳон ва қудратҳои байналмилалӣ -- президентҳои Амрико ва Чин набуд. Раиси ҷумҳури Русия низ дар нишаст ширкат накардааст.

Бар асоси маълумоти Пажӯҳишгоҳи амрикоии Ҷон Ҳопкинз, то кунун беш аз 5,9 миллион нафар дар ҷаҳон ба коронавирус гирифтор шудаанд ва беш аз 350 ҳазор нафар ҷон бохтаанд. Ин вирус дар охирҳои моҳи декабр дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе бори дигар аз Чин дар пайванд ба ин вирус интиқод кард ва онро як "туҳфаи бад аз Чин" хонд. Трамп инро дар "Твиттер" пас аз он навишт, ки тасаллияташро ба хотири ҷон бохтани беш аз сад ҳазор нафар дар натиҷаи гирифторӣ ба коронавирус дар Амрико иброз кард. Шумораи гирифторон дар он кишвар ба беш аз як миллиону 700 ҳазор нафар расидааст.

Ин вирус дар Амрико монанди ҷойҳои дигар дар ҷаҳон, зиндагии оддиро ба ҳам зад, мардумро маҷбур сохт, ки чанд ҳафта дар карантин бимонанд. Ин ҳолат вазъияти ногувори иқтисодиро низ ба вуҷуд овард.

Дар Аврупои ғарбӣ, ки қаблан ба маркази паҳншавии коронавирус табдил шуда буд, мизони маргумир ва мавридҳои нави гирифторӣ рӯ ба коҳиш аст ва бисёрии кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар ҳоли кам кардани маҳдудиятҳо ҳастанд ва дар рӯи тарҳи бозкушоии қадам ба қадами марзҳояшон фикр мекунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG