Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Oxfam: Вабо ба ним миллиард одам фақирӣ меорад


Як марди кишоварз дар шарқи Фаронса. 2 апрел, 2020.
Як марди кишоварз дар шарқи Фаронса. 2 апрел, 2020.

Эътилофи созмонҳои ҷаҳонии мубориза бо фақр ё Oxfam аз роҳбарони ҷаҳонӣ даъват кард, ки барои пешгирӣ аз оқибатҳои ногувори вируси корона чораҷӯӣ кунанд.

Oxfam ҳамзамон огоҳ кард, ки густариши вируси корона мумкин аст, ниммиллиард инсони дигарро фақир кунад.

Дар муроҷиати рӯзи панҷшанбеи созмони мазкур омадааст, "кишварҳои сарватманд" барои пуштибонӣ аз иқтисоди худ дар давраи буҳрон омодаанд, триллионҳо долларро харҷ кунанд. "Ҳамин корро бояд барои кумак ба кишварҳои фақир анҷом дод",-зикр шудааст дар изҳороти Oxfam.

Шумораи гирифторон ба вируси корона дар саросари дунё ахиран аз марзи 1,5 миллион гузашт.

ИМА ҳамоно бештарин шумораи гирифторони вируси корона дорад. Дар мақоми дувум Испания ва дар мақоми севум Италия қарор гирифтааст. Дар ИМА то ин замон 432 ҳазор ба вируси корона мубтало ва бештар аз 14 ҳазору 800 кас аз он фавтидааст.

Дар Испания дар як рӯзи охир 5 ҳазору 700 мубталои нав ба қайд гирифта шуда, ба ин тартиб шумораи умумии гирифторон дар он кишвар ба 152 ҳазор расид. Шумораи фавтидагони Испания ба 15 ҳазору 200 кас расидааст.

Дар Италия шумораи гирифторон ба 95 ҳазор ва фавтидагон ба 17 ҳазору 500 кас барбар шудааст.

XS
SM
MD
LG