Фаъолияти соҳибкорӣ дар Қазоқистон дар пайи густариши коронавирус коҳиш ёфтааст.
"Иқтисоди кишвар бори аввал аз соли 1990 ба ин тараф мумкин аст, бештар аз 3 дарсад коҳиш ёбад", мегӯянд коршиносони Бонки ҷаҳонӣ. Дар гузорише, ки бонк рӯзи 22 июл нашр кард, омадааст, иқтисоди Қазоқистон дар соли 2021 рушди муътадили 2,5 дарсадӣ хоҳад дошт.
Бонки ҷаҳонӣ пешбинӣ кардааст, ки буҳрон ба сатҳи фақр таъсир мерасонад ва нобаробариро дар Қазоқистон бештар мекунад. Бино ба баҳогузории бонк, сатҳи фақр дар соли ҷорӣ метавонад, аз 8,3 то 12,7 дарсад афзоиш ёбад. Ин боис мешавад, ки ба гуфтаи коршиносони бонк, 800 ҳазор қазоқистонии дигар зери хати фақр қарор гиранд.
Нахустин ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Қазоқистон миёнаҳои моҳи март сабт шуд. Айни замон шумори гирифторон дар он кишвар ба 75 ҳазор расидааст.