Бино ба фармонҳои нави раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзи 24-уми ноябр нашр шуд, раисони шаш шаҳру ноҳия иваз шудаанд. Сабаби барканории аксари онҳоро "гузаштан ба вазифаи дигар" гуфтанд. Тағйироте, ки мухолифон ҳамвора танқид мекунанд ва онро бештар ҷойивазкунии кадрҳои кӯҳна меноманд.
Киҳо рафтанд:
- Кишвар Шамиров аз вазифаи раиси шаҳри Хоруғ;
- Акрам Сулаймонзода аз вазифаи раиси шаҳри Исфара;
- Рустам Акрамзода аз вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ;
- Нусратулло Аюбзода аз вазифаи раиси ноҳияи Шаҳринав;
- Миралӣ Раҷабзода аз вазифаи раиси ноҳияи Файзобод;
- Тоҳирхон Амиршозода аз вазифаи раиси ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон.
Киҳо омаданд:
- Алишер Мирзонабот – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ;
- Баҳоваддин Баҳодурзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара;
- Азизулло Исматзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ;
- Бобишо Холзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Файзобод;
- Ҷаббор Носирзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳринав;
- Лутфия Шарифзода – раиси ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Идомаи тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон. Шерхон Салимзода барканор шудРӯйхати шахсоне, ки аз мансаб рафтанд ва ё соҳиби мақоми нав шудандГапи Озод: Дар Тоҷикистон кӣ вазир мешавад, кӣ не? ВИДЕОҲукумати Тоҷикистон пас аз "тағйири косметикӣ". Интизориҳо чист?Вокуниши корбарон ба ҳайати аксаран "кӯҳна"-и ҳукумати "нав" дар Тоҷикистон. ВИДЕОҶойивазкунии генералҳо. Тағйироти кадрӣ дар ВКД