Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон. Шерхон Салимзода барканор шуд


Шерхон Салимзода
Шерхон Салимзода

Шерхон Салимзода аз вазифаи директори Оҷонсии назорати маводи нашъаовар барканор шудааст. Сабаби барканории генерал Салимзода "расидан ба синни нафақа" гуфта мешавад.

Ба ҷойи Салимзода, собиқ додситони вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидзода ба вазифаи директори Оҷонсии назорати маводи нашъаовар таин шудааст.

Маҳмадшариф Ҳалимзода, сухангӯи Оҷонсӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, маросими муаррифии директори ин ниҳод пеш аз зуҳри 18-уми ноябр баргузор шуд.

Шерхон Салимзода 64 сол дошта, аз соли 2016 дар вазифаи директори Оҷонсии назорати маводи нашъаовар кор мекард. Пеш аз ин ӯ панҷ сол додситони кулл ва як сол роҳбари Иттифоқҳои касаба буд.

Шерхон Салимзода зодаи ноҳияи Темурмалик буда, соли 1979 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар солҳои гуногун дар мақомҳои додситони ноҳияи Шӯрообод, раиси шӯъбаи кадрҳои додситонии кулли Тоҷикистон, додситони ноҳияи Фрунзеи вақт ё Синои ҳозира, додситони шаҳри Душанбе кор кардааст.

Аз 30 январи соли 2010 то 24 январи соли 2015 додситони кулли Тоҷикистон буд. Ӯ як муддат ба ҳайси раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва мушовири давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ низ фаъолият кардааст.

XS
SM
MD
LG