Дар идомаи тағйироти кадрӣ раисони чанд шаҳру ноҳия дар Тоҷикистон аз мансабҳои худ барканор шуданд. Баъзе онҳо мақоми нав гирифтанд, мансабҳои боқӣ ҳанӯз маълум нест.
Ин раисонро аз кор гирифтанд:
- Маъруф Муҳаммадзода аз вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд
- Амирхон Қурбонзода аз вазифаи раиси шаҳри Иставрашан
- Фирдавс Шарифзода аз мақоми раиси шаҳри Гулистон
- Ҷамшед Аҳмадзода аз вазифаи раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ
- Хайриддин Абдураҳимов аз мақоми сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ
- Шерхон Салимзода аз роҳбарии Оҷонсии назорати маводи нашъаовар
- Аҳтам Абдуллозода аз вазифаи муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент
- Адҳам Маъмурзода аз вазифаи муовини сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президент
Инҳо соҳиби мансаб шуданд:
- Ҳабибулло Воҳидзода, директори Оҷонсии назорати маводи нашъаовар
- Фирдавс Шарифзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд
- Адҳам Маъмурзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан
- Бахтиёр Маҷидӣ раиси шаҳри Гулистон
- Маҳмадсаид Зувайдзода раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон
- Аҳтам Абдуллозода сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ