Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро номзади худ дар интихоботи президентии моҳи октябр пешбарӣ кард.
Як масъули Иттифоқҳои касабаи соҳаи маорифи шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ин тасмимро рӯзи 26-уми август гирифтанд. Иттифоқҳои касаба дар баробари Иттифоқи ҷавонон ва ҳизбҳои сиёсӣ ҳаққи пешбарии номзад ба мансаби раиси ҷумҳури Тоҷикистонро дорад. Интихобот 11-уми октябр баргузор мешавад.
Ба ин тартиб, Эмомалӣ Раҳмон номзади панҷум аст, ки барои иштирок дар интихобот пешниҳод шудааст. Дар рӯзҳои гузашта ҳизбҳои аграрӣ, сотсиалистӣ, демократӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ бо баргузории анҷуманҳои худ раҳбаронашон Рустам Латифзода, Абдуҳалим Ғаффоров, Саидҷаъфар Усмонзода ва Рустам Раҳматзодаро номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ карданд.
Сайфулло Сафаров, муовини пешини раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, гуфт, пешбарии дигарбораи Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби раиси ҷумҳур "баёнгари эътимоди сокинон аст, вале ҳарфи охир дар анҷумани Ҳизби халқии демократӣ зада мешавад."
Ӯ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар мавриди ин ки оё номзадии Рустами Эмомалӣ низ ба интихоботи моҳи октябр пешниҳод хоҳад шуд, ё не, гуфт, "эҳтимол аз тарафи Иттифоқи ҷавонон пешниҳод шавад. Агар раиси созмон розӣ бошад, мушкиле нахоҳад шуд. Бо вуҷуди ин ҳама, мардум дар рӯзи интихобот номзади шоистаи худро интихоб хоҳад кард."
Бархе аз коршиносони мустақил мегӯянд, пешниҳоди номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба баҳсҳо дар мавриди номзади асосӣ дар интихоботи моҳи октябр кӣ хоҳад шуд, то ҷое нуқта гузоштааст. Абдумалик Қодиров, коршиноси мустақил, гуфт, “дигар мешавад гуфт, ин гумонзаниҳо, ки Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳур мешавад ё писараш Рустами Эмомалӣ, ба охир расид. Номзадии Рустами Эмомалӣ, мумкин аст, пешниҳод нашавад, зеро падараш бо назардошти воқеаҳои Белорус эҳтиёт кард, риск накард."
Вале айни замон афзуд, дар Тоҷикистон масъалаи интиқоли қудрат аз падар ба писар ниҳоӣ шудааст ва дар сурати пеш омадани дигаргунӣ Рустами Эмомалӣ ҳамчун раиси Маҷлиси Миллӣ ва шахси дувуми ҷумҳурӣ метавонад масъулиятро ба дӯш гирад.
Ҳоло чашмҳо ба анҷумани ҳизби ҳокими халқии демократӣ ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дӯхта шудааст, ки номзадҳояшон кӣ хоҳад буд.
Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ва Ҳизби коммунист мегӯянд, анҷуманҳои худро дар ҳафтаи аввали моҳи сентябр баргузор мекунанд.
Ҳизби оппозитсионии сотсиал демократи Тоҷикистон аз эҳтимоли таҳрим кардани ин корзори сиёсӣ сухан гуфт. Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ, чанд рӯз пеш гуфт, дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат намеварзад ва қасд дорад, ин корзори сиёсиро таҳрим кунад.
Ӯ аз ҷумла гуфтааст, яке аз сабабҳо ин аст, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳақ надорад, раиси ҳизб бошад ва раҳбарии ӯ дар Ҳизби халқии демократӣ системаи бисёрҳизбиро дар Тоҷикистон аз байн бурда ва "ҷумҳуриро ба низоми яккаҳизбӣ табдил додааст".
Ин интихоботи шашуми президентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Аз соли 1994 ба ин тараф дар чаҳор интихоботи президентӣ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кунунӣ пирӯз шудааст.
Эмомалӣ Раҳмонро, ки 28 сол боз Тоҷикистонро раҳбарӣ мекунад, барои саркӯб кардани дигарандешӣ, муроот накардани ҳуқуқи инсон, маҳдуд кардани озодии баёну виҷдон ва ҳуқуқи дигари бунёдии инсон танқид мекунанд. Аммо тарафдоронаш мегӯянд, ӯ ба ҷанги дохилӣ хотима гузошт, сохтмони роҳҳо ва тарҳҳои бузурги дигарро анҷом дод ва мушкили бебарқиро низ то ҷое ҳал кард.
Интихоботҳои кишвар низ ба гуфтаи нозирони ғарбӣ ҳеч гоҳ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва шаффофу одилона набудаанд. Мақомоти интихобот ва нозирон аз кишварҳои шарики Тоҷикистон ба мисли Русияву Чин гуфтаанд, интихоботҳо бо қонуншиканиҳои ночиз, вале "дурусту шаффофу одилона" сурат гирифтаанд.